Чаро дар баҳс ба ҷои таҳлил ҳарза мегӯянд?
Барои посух ёфтан ба ин суол кофист, ки боре саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан “Фейсбук”-ро нохун занем.
Қисми зиёди корбарандагон вақти иштирок дар баҳсҳои фейсбукӣ тавре муносибат мекунанд, ки масали неш задани ақраб сангпуштро ба ёд меорад. Ҳатто ба андозае, ки кас пушаймон мешавад аз матлаби дар шабака пахшкардааш. Баъзан корбарандагоне низ пайдо мешаванд, ки онҳоро ба ҷуз “нахӯди пеши қошуқ” дигар чизе наметавон ном бурд, зеро ба мавзуи баҳскардаашон умуман алоқамандие надоранд. Ҳамин аст, ки зиёд шарҳҳои ноогоҳонаву беҳунарона зери матолиби сараву хонданӣ низ кошта мешаванд.
Намунаи чунин андешарониҳои ғаразнокро ҳафтаи гузашта дар “Фейсбук” атрофи матлаби Киштудӣ бо номи “Зиёию ҳофизони Панҷакент “муддати сафар” карданд?” мушоҳида намудам. Киштудӣ бо услуби танзомез аз роҳ надодани Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба барномаи Наврӯзи Панҷакент нигаронӣ кардааст. Яъне, қаҳрамони марказии матлаб Афзалшо Шодиев аст. Фикр мекунам, ҳама аз ин қазия огоҳ ҳастанд ва ба истеъдоду лоиқ будани Шодиев қоиланд. Ҳадафи Киштудӣ ҳам гӯшрас кардани ин аст, ки дар барномаҳои фарҳангӣ бояд дар баробари ҷавонону навомӯзон ҳунармандони саршиносу ботаҷриба ҷалб гарданд. Ҳамчунин, ӯ зикр кардааст, ки дар чунин ҷамъомадҳо бояд таваҷҷуҳ ба ҳунарнамоӣ, дастовардҳои фарҳангии мардуми маҳаллӣ зоҳир шавад, зеро барои рушди минбаъдаи онҳо такон ворид месозад. Ин ягон ҷойи шубҳа надорад. Бархе корбарандагони “Фейсбук” низ, ки қобилияти таҳлили касбиро доранд, ба дарки матлаб рафта ва шарҳҳои беғаразона навиштаанд. Аммо ҳастанд қаламбадастони вуҷудашон пур аз ғараз, ки маҷрои суханро ба маҳалгароӣ кашидаанд. Дар ҳоле, ки муаллифи матлаб заррае ба маҳалгароӣ роҳ надодааст. Дар ягон ҷои матлаб сухане бо ишораи маҳалгароёнаи куҷоӣ будани касе дарҷ нагардидааст. Чанд нафаре, ки мавзуи баҳсро ба маҳалгароӣ пайвастаанд, шояд мақсадҳои ғаразнок дошта бошанду мехоҳанд нифоқ миёни Хуҷанду Панҷакент, муаллифу раиси вилояти Суғд андозанд. Аммо, гумон аст, ки ба ин ҳадаф бирасанд. Зеро, то ҷое раиси вилоятро шинохтаам, ӯ инсони кордидаву доно аст ва ҳаргиз пайи ҳарзаҳо намегардад. Ҳама хуб медонанд, ки дар сатҳи баланд баргузор гаштани ҷашни 5500-солагии Саразм ва Наврӯзи Панҷакент хизматҳои Раҷаббой Аҳмадзода аст.
Соли гузашта дар ҷараёни як сафари “Корвони журналистон” ба вилояти Суғд, ки ман ҳам ҳузур доштам, Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорони минтақаҳои гуногуни кишварамон гуфт, ки заҳматҳои аҳли қаламро қадр мекунанд ва омодаанд ҳамеша баҳри бартараф сохтани камбудиҳои дар матлабҳо ишоракардаашон бикӯшанд. Айни замон, ӯ миёни раисон намунаи олии ғамхор нисбати аҳли зиё аст.
Ба ҳамин хотир, фикр мекунам, ки ҳарзаҳо доиман ҳарза боқӣ мемонанд ва ҳаргиз таъсире ба муносибати неки манотиқи кишварамон нахоҳанд расонид.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ