Чаро дар бозорҳо назорат нест?

Ҳанӯз замони давлатдории Сомониён (асрҳои IX-X) дар қатори якчанд девонҳо (вазоратҳо) “Девони муҳтасиб” фаъолият мекард, ки он фаъолияти бозорҳо, тарозу ва сифати молҳои фурӯширо назорат мекард. Ин девон метавонист фурӯши молҳои қалб ва бесифатро боз дорад ва бо нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад.

Вале дар дар асри XXI, ки мо зиндагӣ мекунем, дар бозорҳои кишварамон ҳанӯз низоми муайяни нарху наво риоя карда намешавад. Беназоратӣ аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва ниҳодҳои дахлдор ба ҳадде аст, ки дар бозорҳо касе чӣ қадаре хоҳад, ба маҳсулот нарх мегузорад. Хусусан, чунин ҳолат дар бозорҳои “Саховат” ва “Бозори деҳқон” ба чашм мерасад.

Чун сухан аз “Бозори деҳқон” рафт, бояд бигӯям, ки ин бозор ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Зеро дар тобистон дар он чангу хок ва зимистон лою гил ба пой мечаспад. Аз нарасидани рафҳои фурӯшгоҳ аксар фурӯшандаҳо бо маҳсулоташон дар замин мешинанд. Хуб мебуд, ки ин бозор таҷдиду навсозӣ шавад.

Акнун дар бораи нарху наво дар бозорҳо, ки касе онро назорат намекунад. Барои мисол як нони бӯлка (хлеб) 4-6 сомонӣ арзиш дорад. Кулчаҳои вазнашон 150 грамм 2-3 сомонӣ, нону фатирҳои 200-300-грамма аз 5 то 10 сомонӣ, нонҳои очагии дегдонӣ 15-20-25 ва то 30-35 сомонӣ арзиш доранд, ки аз рӯйи инсоф нест.

Гӯшт дар бозорҳои кишвар аз 70 то 80 сомонӣ фурӯхта мешавад. Як навъи гӯшти 55 сомонӣ ҳам ҳаст, ки харобу лоғар буда, қобили истеъмол нест. Чунин маҳсулоти пастсифату зарароварро маъмурияти бозор ба фурӯш набояд роҳ диҳанд.  

Имсол дар кишвар нархи мева осмонӣ шуд. Албатта, ин ба номусоид омадани обу ҳаво ҳам иртибот дорад. Вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки аксари меваҷоти кишвар ба хориҷ содирот мешавад. Яъне хориҷиҳо аз меваҳои мо лаззат мебаранду мо ангуру себи қимматро дар бозор тамошо мекунем. 

Нарху навои баъзе маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо дида, кас ангушти ҳайрат мегазад. Ба наздикӣ ба бозори “Меҳргон” сар халонидам. Нархи як кг писта аз 150 сомонӣ оғоз мешавад. Навиштаҷоти 160-ро дар болои ғӯлинг дида, ҳуш аз сарам парид. Инсоф ҳам лозим аст. Наход ғӯлинг 150-200 сомонӣ бошад?

Пас суоле ба миён меоянд, ки ниҳодҳои дахлдор ба куҷо менигаранд?  Чаро нарху навои бозорҳоро ба танзим намедароранд?

Э. КАМОЛЗОДА, нафақагир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *