Чаро дар Левакант 8 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият накардаанд?

Дар шаҳри Левакант соли 2021 ҳашт корхонаи истеҳсолӣ фаъолият накардаанд. Сабаби асосӣ — ин надоштани сармоя, набудани ашёи хом ва харидор будааст. 

Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант имрӯз, 10-уми феврал гуфт, ки “мо барои ҳарчи тезтар фаъол кардани корхонаҳои бозмонда бо роҳбаронашон суҳбат кардаем. Ҳамаи имкониятро барои фаъол кардани корхонаҳои саноатӣ истифода мебарем”. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло барои дубора ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо баъзе аз онҳо дар ҳолати таҷдид қарор доранд.

Ба суоли “агар корхонаҳо дар муҳлати муайян фаъолиятро ағоз накунанд, имкони бозпас гирифтани онҳо вуҷуд дорад ё не?”, мавсуф чунин посух гуфт: “Албатта. Вақте ки фаъолият накарданд, мувофиқи қарори ҳукумат корхонаҳо бозпас гирифта мешаванд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран дар нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтанд, дар шаҳри Левакант танҳо дар соли 2021 ҳафт корхона фаъолият накарда ва се корхонаи дигар чанд сол аст аз кор бозмондаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *