Чаро дар Панҷакент барқ нест? Посухи масъули идораи барқ

Аз соати 8-и имрӯз то ҳол дар тамоми қаламрави шаҳри Панҷакент барқ нест. Сокинони шаҳр ба Рressa.tj занг зада, сабаб мепурсанд. Ба гуфтаи онҳо, хомӯш кардани барқ дар шаҳри Панҷакент то ҳол идома дораду масъулин сабабро дар таъмири зеристгоҳҳо медонанд. Аммо онҳо мепурсанд, ки чаро таъмир дар фасли гармо сурат намегираду маҳз дар зимистон?

Сабаби набудани барқро дар имрӯз аз масъулини идораи барқи шаҳри Панҷакент пурсидем.

Беҳрӯз Бобоев, масъули идораи барқи шаҳри Панҷакент гуфт, ки ҳоло дар хати барқи 220-киловолтаи Гулистон таъмир идома дорад ва дар ноҳияи Айнӣ садама сурат гирифтааст. “Мутахассисони соҳаи барқ кор карда истодаанд. Талош доранд, ки ҳарчи зудтар мушкилро бартараф кунанд”,- гуфт дар суҳбати кӯтоҳ номбурда.

Аммо як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки баъди якҷо шудани шабакаҳои барқи ноҳияи Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ ва Паҷакент дар тобеияти шабакаҳои барқи Истаравшан мушкилот дар таъмини барқ ба аҳолӣ бештар шудааст.

“Агар барқ дар Панҷакент бо ягон омил қатъ шавад, то дархост ба Истаравшан наравад ва аз ҷониби роҳбарият тасдиқ нагардад, мутахассисон аз пайи ислоҳ намешаванд. Пеш чунин набуд. Ҳоло барои мардуми шаҳр ва идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо хеле мушкил аст. Тамоман барқ нест. Магар ин аз рӯйи инсоф аст?”,- изҳори нигаронӣ кард сокини шаҳри Панҷакент Аҳлиддин Раҳимов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *