Чаро дар Тоҷикистон фавт аз таваллуд зиёд шуд?

Музаффар Ашуриён, вазорати адлияи Тоҷикистон имрӯз 13-уми июл дар  як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи охир фавти шаҳрвандон нисбат ба таваллуд зиёд шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд. Бино ба гуфтаи Ашуриён дар ин шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар бо сабаби бемориҳои гуногун фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта — 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *