Чаро дар Тоҷикистон газ қимат шуд? Шарҳи мақомоти расмӣ
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сабаби болоравии нархи газро шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунанда ҷорӣ нагардида, то имрӯз ба кишвар 195,4 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, зеро бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ дорад.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда таъмир анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад. Гармшавии ҳаво сабаби асосии ин ҳолат аст.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз сокинон хостааст, то муътадил шудани вазъи ҳаво ба нигаронӣ дода нашаванд, зеро масъалаи тағйири нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад.
Ҳафтаи гузашта як литр газ 5 сомонию 80 дирам фурӯхта мешуд. Ҳоло бошад, ба 7 сомонӣ расида, дар баъзан нуқтаҳои фурӯшиши сӯзишворӣ камчинии газ мушоҳида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ