Чаро «дасту пой»-и Русияро мебанданд? Кӣ бояд чораи инро биҷӯяд?

Сингапур интиқоли ҳама маҳсулоти низомӣ ва истифодаи дуҷониба ба Русияро манъ кард.

Назорати содироти молҳое, ки метавонанд ҳамчун силоҳ истифода шаванд ё ба амалиёти киберӣ мусоидат кунанд, аз ҷониби мақомоти Сингапур барои Русия ҷорӣ карда мешаванд. Ҳамин тариқ, онҳо ба амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина вокуниш нишон доданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Сингапур гуфта мешавад.

— Мо интиқоли ҳама гуна колои низомӣ ба Русия ва ҳамчунин молҳои дуҷониба аз категорияҳои “электроника”, “компютерҳо”, “телекоммуникатсия” ва “бехатарии иттилоотӣ”-ро мамнуъ мекунем,- гуфта мешавад дар паёме, ки дар вебсайти ин ниҳод нашр шудааст.

Илова бар ин, Сингапур ба муассисаҳои молиявии худ муомила бо Бонки марказии Русия, анҷом додани муомилот бо он ва инчунин пешниҳоди хидматҳои молиявиеро, ки ба афзоиши сармоя мусоидат мекунанд, манъ кардааст. Кишварҳои ғарбӣ дар бораи «сахттарин» бастаи таҳримоти зидди Русия ба тавофуқ расиданд, ки президенти Русия Владимир Путин дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои «деазификатсия ва демилитаризатсия»-и Украина рӯзи 24-уми феврал эълон кард. Ҳадафи ин амалиётро сарвари давлат «ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд» эълон кард.

Тавре дар Вазорати дифои Русия шарҳ доданд, артиши Русия ба зерсохтори низомии Украина ва неруҳои он зарбаҳои дақиқ мерасонад. Дар баробари ин, ба фикри ҳарбиён, ба аҳолии осоишта ҳич чиз таҳдид намекунад.

Якчанд бонкҳои бузурги Русия зери маҳдудият қарор гирифтанд, як қатор ширкатҳои давлатӣ дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба мушкил дучор шуданд ва маҳдудиятҳо дар интиқоли маҳсулоти технологӣ ҷорӣ карда шуданд. Олмон расмиёти сертификатсияи Nord Stream 2-ро қатъ кард. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ҳарими ҳавоиро барои ҳавопаймоҳои Русия бастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *