Чаро ДБЗХТ ихтисоси журналистика кушод? Посухи ректор Жило Гулназарзода

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 395 шаҳрванди хориҷиро аз Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ба таҳсил фаро гирифтааст.

Дар ин бора зимни зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур Жило Гулназарзода ба журналистон иттилоъ дод.

Ба иттилои ректор, ҳоло дар  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8 омӯзгори хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Ректор гуфт, ки соли гузашта 48 донишҷӯи донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуданд. Ҳамчунин, 23 омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар хориҷа  аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.

Жило Гулназарзода дар нишаст афзуд, ки 9 барномаи таҳсилот дар зинаи бакалавриат аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт.

«Ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳи мо аст»,-таъкид дошт ректор.

Гуфта шуд, ки дар базаи факултети филологияи донишгоҳ ду ихтисоси равияи журналистӣ:  рӯзноманигории байналмилалӣ ва рӯзноманигорӣ (шореҳи масоили сиёсӣ) таъсис ёфтааст.

Ректор мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкили ин ихтисосҳо омода намудани журналистони касбии донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад.

М. Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *