Чаро ДМТ соҳиби қонун шуд? Шарҳи ректор

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»-ро шарҳ дод.

Ӯ имрӯз, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

“Махсусан дар тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида замина фароҳам меоварад”,-гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.

Ба таъкиди ректор, таҷрибаи қабули чунин қонун дар фаъолияти муассисаҳои олии хориҷи Аврупо ва Қазоқистон низ вуҷуд дорад.

Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» 20 июни соли равон аз ҷониби вакилони Парлумони кишвар қабул гардид. Ин қонун аз аз 3 боб ва 14 модда иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *