Чаро дойранавоз суриярав шуд?

Ғайрат Раҳимов, ки қаблан дар деҳа ба дойранавозӣ машғул буд, ӯро ҳама “Ғайрати дойрачӣ” ном мебаранд. На танҳо ҳамсар ва дигар аъзоёни оилааш, инчунин касе бовар надошт, ки нафаре  ки дилбастаи санъат аст, роҳи санъатро ба роҳи ғурбат иваз мекунад. Илова бар ин дар замони ҳамчун гумонбар дар ҳабси  пешакӣ қарор доштанаш, ҳамагон бовар доштанд, ки Ғайрат, ки то ба имрӯз ҳатто ягон калима аз дину оин ва Ислому шариат сухан накардааст, бегуноҳияш исбот ва худаш озод мешавад. Вале ин умедвории пайвандон ва ҳамдеҳагонаш ба ноумедӣ расонд. Зеро он марде, ки рисолати мусмулмонӣ, яъне хондани намозро намедонист бо роҳи савганд ёд кардан ба Иттиҳодияи Террористии “Ҷундуллоҳ” пайвастааст.

 11-январи соли 2016 Ҳукми суд нисбати Раҳимов Ғайратҷон бо қисми 2- моддаи 187 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои ҷиноятӣ дар нумуди аз озодӣ маҳрум сохтан ба мӯҳлати 8 сол таъин карда шудааст.  Бо вуҷуди аз маҳбусӣ шудани Ғайрат беш аз як сол гузаштааст, ҳамсари ӯ Сайёра то ҳол бовар надорад, ки аз дасти шавҳараш чунин амал омадааст. Ин зан ятим калон шуда, азоби ятимӣ кашидааст. Барои ҳамин   шавҳараш –Ғайрат доимо ваъда медодааст, ки “азобҳои кашидаат бас, дигар намегузарам, ки хоре а поят халад”. Аммо…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                                      Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *