Чаро Эрнесто Че Гевара номи писарашро Умар (Хайём) гузошт?

Эрнесто Че Гевара инқилобчии маъруфи Кубаро ҳамаи ҷаҳон мешиносад. Дар Тоҷикистон низ алоқамандони ӯ кам нестанд. Вале касе намедонад, ки Че Гевара ба эҷодиёти Умари Хайём алоқаи зиёд дошт ва ҳатто писарашро ба хотири ин шоири бузурги форсу тоҷик Умар ном гузошт. Умар Перез Чеевара имрӯз шоири бузурги Куба аст ва Хайёмро дар кишвараш тарҷумаву таблиғ мекунад…

Ин матлаб ба қалами Муҷиби Меҳрдод, муҳаққиқ, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики Афғонистон тааллуқ дорад, ки  дар хабаргузории “Нишона” ба табъ расидааст. Аз он ҷо ки инқилобгари маъруфи Куба Че Гевара номи ошно ва маъруфе барои хонандаи тоҷик аст, тасмим гирифтем то дар бораи алоқаи ин инқилобгари бузург ба Умари Хайём ва гузоштани номи ин риёзидону шоири барҷастаи форсу тоҷик ба фарзандаш ҳам ин матлаби ҷолибро пешниҳод кунем.

Ошноӣ бо Умар Перез

Дар соли 2014 ман бо ҷамъе аз нависандагон барои ширкат дар «Барномаи байналмилалии нависандагон»  ба Амрико даъват шудам. Дар он барнома аз 31 кишвари ҷаҳон шоирон ва нависандагон даъват шуда буданд. Бо оғози ошноии мо бо нависандагон кам-кам бо шуморе аз онҳо пайванди  дӯстӣ эҷод шуд. Дар канори нависандагону шоироне аз Миср, Ироқ, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки ба лиҳози фарҳангӣ бо мо наздик буданд ва бештар бо ҳам гарм мегирифтем, нависандагони Амрикои Лотинӣ низ хислатҳои фарҳанги моро доштанд. Ба ҷуз шуморе аз нависандагони Ховари Миёна ва Амрикои Лотинӣ, аксар нависандагоне, ки ба ин барнома даъват шуда буданд саргарми навиштани проужаҳое (лоиҳаҳо) дар утоқҳояшон буданд.

Дар ин миён бо шоире аз Кубо (Куба) ошно шудам, ки шабеҳаи мо муқаййад (банд) ба барномаи хосе худашро намесохт ва аҳли гарму ҷӯшӣ ва дӯстӣ буд ва аз ҳамон оғози ошноӣ бо ман пайванди дӯстӣ рехт.

Ин нависанда Умар Перез ном дошт ва барои ман аҷиб буд, ки як нависандаи кубоӣ чӣ гуна метавонад Умар ном дошта бошад. Як рӯз бо нависандагони араб даъво дошт, ки номи ман форсӣ аст ва онҳо мегуфтанд, ки номи ту арабӣ аст. Умар аз ман пурсид, ки биё, барои инҳо бигӯй, ки номи ман форсӣ аст, ман бо лабханде гуфтам, ки бисёре аз номҳои форсӣ арабианд ва номи ман ҳам арабӣ аст. Ӯ аз нуфузи фарҳанг ва забони арабӣ дар ҳавзаи забони форсӣ огоҳӣ надошт ва барои ҳамин таъкид дошт, ки номи ӯ форсӣ аст, то ин ки бо тавзеҳи ман аз ин таъкид даст бардошт.

Ӯ одами хушмашраб ва аҳли рафоқат буд ва гоҳе, ки ба утоқаш сар мезадам, саргарми ибодат (meditation) ба шеваи ойини буддоӣ буд. Ӯ ба Афғонистон алоқаи аҷибе нишон медод ва шояд дӯстиаш бо ман низ реша дар он алоқа буд.

Ӯ Аҳмадшоҳ Масъудро мешинохт ва дар бораи ӯ аз ман мепурсид.

Писари Че Гевара

Як моҳе аз барномаи мо гузашта буд, ки рӯзе Сбото Мукоӣ нависандае аз Африқои Ҷанубӣ, ки имсол румонаш ҷоизаи беҳтарин румони Африқои Ҷанубиро бурд ва ӯ ҳам гарму ҷӯштар аз нависандагони аврупоӣ буд ва тарҳи дӯстӣ бо ҳам рехта будем, назди ман омад ва бо ҳаяҷон гуфт, рафиқатро дақиқ мешиносӣ?

Гуфтам, бале як шоир ва мутарҷими маъруфи кубоӣ аст. Лабханде зад ва гуфт, на ӯро намешиносӣ, ӯ писари Че Гевара аст. Аз он ҷое, ки бо Че Гевара аз тариқи хонаводае аз кӯдакиҳоям ошно будам ва ба ӯ алоқа доштам, ман ҳам ҳаяҷонзада шудам. Сбото гуфт, ки мунтаҳо ӯ дӯст надорад, ки касе бо номи Че Гевара ӯро бишносад ва ин ҳувиятшро пинҳон мекунад. Баъд бароям чанд пайвандеро дар интернет фиристод, ки дар бораи нисбати ӯ ва Че Гевара навишта шуда буданд. Фардои он рӯз ман дар утоқаш аз ӯ пурсидам, ки агар аз ӯ суоле бипурсам, нороҳат намешавад? Бароям гуфт ту ҳар чӣ бипурсӣ, нороҳат намешвам. Ман гуфтам, ту писари Че Гевара ҳастӣ? Лабханде зад ва гуфт, аз куҷо фаҳмидӣ? Ман барояш гуфтам, ҳоло ҷавобамро бидеҳ, гуфт, бале, ман писари Че Гевара ҳастам, вале ту маро бо номи ӯ намешиносӣ, на? Гуфтам, ман пеш аз ин туро мешинохтам ва ба корҳое, ки кардӣ, ҳурмат доштам ва тоза бохабар шудам, ки фарзанди Че Гевараи маъруф низ ҳастӣ.

Пас аз он буд, ки ӯ гоҳ-гоҳе аз падараш барои ман қисса мекард. Ӯ мегуфт, ки дар замони ҷангҳои дохилии Куба модари ӯ гӯяндаи маъруфи родию дар Куба будааст. Че Гевара барои муддате бо модари ӯ ошно шудааст ва натиҷаи ошноии кӯтоҳи Че Гевара бо модараш Умар Перез будааст. Умар гуфт, ки модараш аз тариқи Че Гевара бо Умар Хайём ошно шудааст ва Че Гуворо шефтаи Хайём будааст ва ҳамеша гузидае аз рубоиёти ӯро бо худ доштааст. Дар ин гуфтугӯ Умар он ҷое, ки аз ошноии модар ва падараш бо Хайём сухан мегӯяд, манзури ӯ Че Гевара ва модараш ҳастанд. Ва он китоби тарҷумаҳое, ки гӯё дар кӯдакӣ дар хонаи онҳо буда, ҳамон маҷмӯаи рубоиёти маҳбуби Че Гевара будааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки ҷавон шуда будам, дар маҳалламон ҳама маро бачаи Че Гевара мегуфтанд, то ин ки рафтам ва аз модарам пурсидам, ин қисса чӣ гуна аст. Модари Умар гӯё пас аз Че Гевара шавҳаре доштааст, ки Умарро бо ҳам бузург карда буданд ва Умар тасаввур мекарда, ки падари воқеиаш ӯ будааст. Ў гуфт, ки модарам бароям гуфт, ки ту писари Че Гевара ҳастӣ ва Умар гуфт, ки пас аз он буд, ки гирифториҳоям оғоз шуд. Умар гуфт, писарону духтарони Че Гевара аз ӯ чанд бор хостаанд, то барои исботи ин масъала тести DNA (ДНК) бидиҳад, аммо Умар мегуфт, ки ман ҳаргиз ба чунин дархосте посух нагуфтам ва бароям ҳам муҳим набуд. Медонистам, ки Че Гевара падари ман аст ва намехостам ин ҳақиқатро барои касе исбот кунам.

Рӯзе, ки Афғонистон меомадам, аз ман дархосте кард, ки зикршро ин‍ҳо холӣ аз лутф намедонам. Гуфт, Муҷиб рӯзе агар барномаи фарҳангие дар Афғонистон шуд, ки қарор буд нависандаеро даъват кунед, маро ҳатман даъват кунӣ, чун дӯст дорам он сарзаминро аз наздик бубинам.

Имрӯз ин масъала ба унвони як ҳақиқат пазируфта шудааст ва Умар Перезро фарзанди шоири Че Гевара дар ҳама ҷо мешиносанд. Пас аз он Умар гуфт, ки ман бар асоси ҳамин ошноии хонаводагиям бо Умари Хайём, баъдҳо ба таҳқиқ дар бораи шеъри Хайём пардохтам ва рубоиётшро дар Куба тарҷума кардам.

Гуфтугӯи кӯтоҳе, ки дар зер меояд, аз рӯйи гуфтугӯи видеоие, ки бо ӯ доштам, пиёда шудааст. Ман дар он сафар рекордер (диктофон)-е бо худам бурда будам ва бо он рекордер гуфтугӯи кӯтоҳе бо Умар анҷом додам. Умар Перез Че Гевара шуморе аз таронаҳои Хайёмро бо табле, ки дар ҳангоми хондани шеърҳояш онро менавохт, барои ман иҷро кард, ки дар нусхаи видеоии ин гуфтугӯ ҳаст.

Гуфтугӯ бо тарҷумони Хайём

ҲОЛНОМАИ УМАР ПЕРЕЗ: Умар Перез Гевара, шоир, виростор ва мутарҷим дар соли 1964 дар шаҳр Ҳовоно (Гавана)-и Кубо ба дунё омадааст. Ў аз риштаи забони инглисии Донишгоҳи Ҳовоно фориғ шудааст. Ў ҳамчунон дар донишгоҳи Перстринар де Сино, забони итолиёӣ фаро гирифтааст. Ў солҳо барои рӯзномаҳои муҳиму маҷаллоти адабӣ дар Кубо ба унвони нависанда ва виростор кор кардааст. Узви гурӯҳе аз равшанфикрони кӯбоӣ аст, ки бо номи Педё ёд мешаванд. Аз соли 1994 то соли 1996 виростори маҷаллаи “Монтис” будааст. Умар Перез аз забонҳои инглисӣ, итолиёӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума кардааст. Ў асари маъруфи Шекспир “Он гунае, ки мехоҳӣ”, маҷмӯаи шеърҳои Дилан Томас, гузидае аз шеъри Итолиё, гузидае аз шеъри Африқо, ҳамчунон гузидае аз шеър Олмон ва дар канори он, шеър, достони кӯтоҳ ва руманҳое аз забонҳое, ки зикр шуд, баргардон кардааст. Аз ӯ то кунун панҷ маҷмӯаи шеър нашр шудааст. Ӯ ҳамчунон дар бахши театр ба унвони навозанда ва ҳунарпеша фаъолият доштааст ва дар ҷашнвораҳои байналмилалии шеър даъват шудааст.

-Аз куҷо бо Хайём ошно шудӣ? Чӣ гуна Хайёмро кашф кардӣ? Дар ин бора бигӯ, чаро  Хайёмро дӯст дорӣ

-Тарҷумаи Умар Хайём дар миёни китобҳои хонаводагии мо буд, ҳатто аз замони таваллудам китоби ӯ дар хонаи мо буд, мо нусхаи Карлос Мутсиу аз тарҷумаҳои ӯро доштем. Карлос мутарҷими арҷентоинӣ (аргентинӣ) буд, ки аз рӯйи нусхаи Фитз Ҷролд Хайёмро ба испониёӣ тарҷума карда буд. Дар соли 1914 ва дар солҳои 1916-у 1925 дар Модриди Испониё ду бор он тарҷумаро бознигарӣ кардааст. Ин китоб дар хонаи мо дастёб буд. Хайёмро барои аввалин бор дар кӯдакиям хондам.

Гуфтӣ, ки хонаводаат ба Хайём алоқаманд буданд.

-Бале, падару модарам, барои ҳамин номи ман Умар аст. Баъдтарҳо, ки бузургтар шудам, замоне ки адабиёти инглисӣ мехондам, бо тарҷумаҳои Фитз Ҷролд ошно шудам. Баъд як дӯстам аз Париж тарҷумаҳои нусхаи Содиқ Ҳидоят аз Хайёмро бароям овард. Баъд нусхаи дигаре аз ин тарҷумаҳоро ёфтам, нусхаи тарҷумаи Фарзона ва Мулло Плот, ки дар сол 1993 тарҷума шуда буданд.

ар кадом солҳо ин тарҷумаҳоро ёфтӣ?

-Дар соли 1990 мелодӣ.

Ба кадом забонҳо Хайёмро хондаӣ?

-Ба инглисӣ, фаронсавӣ, испониёӣ ва ҳатто итолиёӣ. Ҳар ҷое ба думболи Хайём будам. Баъд бидуни он ки форсӣ бидонам, тасмим гирифтам, мақолае дар бораи Хайём бинависам. Дар бораи тарҷумаҳои Хайём, ва ин ки кадом тарҷума муътабартар аст, мутарҷимон мавозеи гуногуне доштанд. Ба ин маъно, ки масалан оё Хайём як сӯфӣ аст? Оё як мусулмон буд? Як ҳадунист (гедонист) буд? Оё ӯ як шоири румонтик буд?

Ман фикр мекунам, калимаи румонтик беш аз ҳадди ниёз дар бораи Хайём истифода шудааст, бисёриҳое, ки Хайёмро хондаанд ӯро як румонтик медонанд. Баъд тасмим гирифтам ин мақоларо (мақолае дар бораи тарҷумаҳои Хайём) бинависам.

Пурсидӣ чаро Хайёмро дӯст дорам. Аз назари ман ӯ як рӯҳи озода аст, ҳарчанд мо дар бораи ӯ маълумоти кофӣ надорем. Дар бораи ӯ ҳарфҳои зиёде аст, Хайёми риёзидон, Хайёми файласуф, шеърҳои ӯ барои омма набуданд, чаро, ки шеърҳои ӯ бо тафаккури омми замонаш дар як кишвари исломӣ дар муғойират қарор доштанд. Хайём бештар ба унвони як риёзидон ва як файласуф ҳурмат мешуд, на ба унвони як шоир, шеърҳояшро ӯ танҳо барои дӯстонаш ва дӯстдоронаш мехонд. Ин чизе аст, ки дар борааш медонем, ба ҳар ҳол, як рӯҳи озода буд. Ӯ мегуфт, ки метавон ба зиндагӣ аз чашмандозҳои гуногуне нигарист, ин ҳақиқат рӯйи тарҷумаҳояш ҳам асар гузоштааст. Шеъри ӯ ба рӯйи тарҷума боз аст, ҳар мутарҷим метавонад ин рӯҳи озодро ба гунаи вежае дарёбад ва мутобиқи фарохӯри зоиқаи омми замонш ӯро дарк кунад. Чанд сол баъд аз нашри ин китоб (Маҷмӯаи мақолоте, ки яке аз ин мақолаҳо дар бораи тарҷумаҳои Хайём аст), ман дар шаҳр Ҳовоно коргоҳи тарҷума баргузор карда будам, як дӯсти ман гитор менавохт, дар он коргоҳ мо рӯйи шуморе аз рубоиёти Хайём кор кардем, то онҳоро ба шакли суруд дар биоварем.

Оё шумо рубоиёти ӯро ба сурати чаҳорсатрӣ тарҷума кардаед?

-Бале, аммо бидуни дар назар гирифтани қофия дар ин рубоиёт.

Оё тарҷумаҳое ҳам ҳастанд, ки қофияҳоро риоят карда бошанд?

-Бале, фикр мекунам тарҷумаҳои Фитз Ҷролд қофия доранд.

Дар замоне, ки дар он коргоҳ кор мекардем, ба ин фикр кардам, ки рубоиёти Хайём асосан барои мусиқӣ суруда шудаанд, мо ин мусиқиро акнун дар даст надорем, аммо фикр мекунам дар замони Хайём ин рубоиёт ба гунаи суруд суруда мешуданд, мо намедонем, ки оё Хайём инҳоро барои мусиқӣ эҷод мекардааст ё на? Ин шеърҳо шабиҳаи шеърҳои Сергей Есенини русанд ё шабиҳаи шеърҳои Винисиуси брозилӣ ё жак Превари фаронсавӣ, шоироне, ки корҳояшон маътуф ба мусиқианд, каломашон барои даромадан дар кисвати суруду оҳанг мусоид аст ва ин шоирон суруд ҳам менавиштаанд, фикр мекунам ин рубоиёт дар оғоз бояд суруд буда бошанд.

Мо гуфтем чаро ин рубоиётро ба сурати оҳанге дар наёварем, гуфтем бояд қофия ҳам ба ин рубоиёт изофа кунем. На,  ба сурати қофияҳои форсиаш; (алиф-алиф – бо – алиф) баъд бо гитор ва бунгу (сози кубоӣ, ки навъе аз табла аст) ин корро кардем. Тасмим гирифтем, ки ин рубоиётро ба сурати оҳангҳои попи кӯбоӣ дароварем. Фикр мекунам ин зарфият дар Хайём ҳаст, то мардум ҳам битавонанд ин таронаҳоеро, ки бо ҳама сароҳатшон маъонии душвор доранд, ба наҳве дарёбанд ва аз он лаззат бубаранд. Мо фикр мекардем ин рубоиёт мардумро шигифтзада мекунанд ва ба фикр вомедоранд. Чаро, ки Хайём дасташро бар ҷавҳари ҳаёт ва ҷавҳари шеър гузоштааст. Ў як шоир одӣ нест, ки аз канори масоили зиндагӣ ба содагӣ гузашта бошад.

-Суоли дигаре, ки мехоҳам бипурсам ин аст, ки чӣ қадар Хайём дар Оржентин ва Кубо маъруф аст?

— Хуб, ду масъалаи мутафовит ин ҷо ҳаст. Вақте дар бораи як шоир ин ҳама таҳқиқ мешавад, ҳама дар ҷустуҷӯи паёми аслии ӯянд, аммо мебинед, ки чизҳои мутафовит ва зиёде аз ин таҳқиқот берун мешавад. Хайём дар Кубо машҳур нест, китобҳояш ёфт мешавад, аммо ҳатто шоирон ӯро намешиносанд. Барои ҳамин ман ин мақоларо навиштам.

-Оё пас аз нашри тарҷумаҳои шумо алоқамандӣ ба Хайём дар Кубо бештар шуд?

 -Бале, онҳо Хайёмро дӯст доштанд, ин китоби ман ҷоизаи мунтақидонро дар ҳамон сол аз они худ кард, аммо мардум сурудро дӯст доштанд, ҳар ҷое, ки онро зинда иҷро кардем мардум онро дӯст доштанд ва писандиданд.

Дар бораи рубоиёти Хайём баҳсҳои зиёде аст, ин ки воқеан кадом рубоиёт аз худи Хайём будаанд. Масалан, Фитз Ҷролд шуморе аз рубоиёти Хайёмро дарҳам омехтааст, ӯ, масалан аз ду рубоӣ гоҳе як тарҷума воҳид даровардааст.

Ин зарфият дар рубоиёти Хайём вуҷуд дорад ва бахусус агар бихоҳед суруде бисозед метавонед аз рубоиёти Хайём, ҳар ҷоеро бардоред ва бо бахши дигаре аз рубоии дигар якҷо кунед ва суруд худро бисозед.

Баргардон аз ҳуруфи форсӣ

Иршод Сулаймонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *