Чаро Фарида ва Шукрона худро ба дор овехтанд?

         Асрори худкушии очаю духтар дар Истаравшан
Дар деҳаи Ҷарғурғони шаҳри Истаравшан дар давоми се моҳ аз як оила ду нафар-модару духтар худро ба дор овехтанд.

Асрори марги Фаридаю Шукрона то имрӯз нокушода буда, дар сар то сари вилояти Суғд овозаю ҳангомаҳои зиёдеро ба бор овардааст. Яке занро айбдор карда мегӯяд, ки раҳматӣ ҳунарманду хушрӯзгор бошад ҳам, сергап буд ва бо гапгардонӣ ҷони шавҳарашро ба лабаш оварда, оташи ҷангу ҷанҷолро аланга медод, дигарӣ бошад, баръакс айбро ба сари шавҳари Фарида зада, ӯро марди ҷоҳил ва муштзӯр мехонад, саввумӣ дар марги очаю духтар қашшоқию камбағалиро сабаб меораду чорумӣ тақдиру насиб гӯён, китф дарҳам мекашад.

Чаро Фарида ва пасон духтараш Шукронаи 14-сола, ки аз сад гулаш ҳанӯз як гулаш нашкуфта буд, даст ба худкушӣ заданд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо роҳи деҳаи Ҷарғурғони ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшанро пеш гирифтем.

Фаридаву шавҳараш ҳангоми ЗАГС карданашон

Бо сад умед ҷиянамро келин кардам, вале…

-Замоне, ки ман духтари хоҳарамро келин кардам, ҳанӯз никоҳи хешу таборӣ манъ нашуда набуд, вале дилу нияти аз хешу табор келин гирифтан надоштам. Вақте ки писарам “духтари холама мегирам” гуфт, дар пешаш шарт гузошта гуфтам, ки “Қудо шудӣ-ҷудо шудӣ” гуфтани халқ беҳуда нест, нашавад, ки фардо аз пушти шумоён ман бо хоҳарам ганда шавам? Ин масъаларо дар назди ҷиянам ҳам мондам, вале ҳардуяшон гуфтанд, ки мо ҳамдигарро дӯст медорем ва ҳаргиз ба ҷангу ҷанҷол роҳ намедиҳем. Ману хоҳарам дидем, ки фарзандонамон аллакай Лайлию Маҷнун шудаанд, хурсанд шуда, аз паси тӯй шудем, аммо…

Холадухтар не, апаю хоҳар

Тӯй бо хушию хурсандӣ гузашт. Арӯсу домод чунон шод буданд, ки аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Се духтарам Фаридаро чунон дӯст медоштанд, ки касе онҳоро янгаву қайсингил ва холадухтар гумон намекард. Одами ношинос онҳоро бубинад, меҳру муҳаббаташонро ба ҳамдигар дида, хаёл мекард, ки ҳамаашон аз як падару модар ва апаю хоҳар ҳастанд. Бо ҳамдигар ончунон қарин буданд, ногуфтанӣ. Кадом модар аз хушбахтии фарзандонаш хурсанд намешавад? Ман ҳам шод будам, ки духтари хоҳарамро келин карда, дар интихоби худ хато накардам. Умед доштам, ки баъди маргам чароғи хонаамро ҷиянам Фарида, ки ман ӯро аз духтарҳои худам кам намедонистам, фурӯзон нигоҳ медорад, вале…

Забони сурх сари сабзро диҳад барбод

Аввалҳо мисли Лайлию Маҷнун бо ҳамдигар меҳрубон бошанд ҳам, чанд соли охир келину писарам якбора мушу гурба шуда монданд. Писарам Шарофиддин агар “а” гӯяд, раҳматии келинам Фарида “б” мегуфт. Азбаски холааш будам, ҳамчун хушдоман не, ҳамчун модар Фаридаро насиҳат карда мегуфтам, ки мард аз дар дарояд, ҳамроҳаш бало медарояд гуфтаанд, охир шавҳарат, ки гап зад, ту ҷавоб надеҳ, баъди чанд лаҳза қаҳраш худ аз худ паст ва олам гулистон мешавад. Келинам бисёр духтари меҳнатӣ, тозакор ва ҳунарманд буд, аммо дар ҳамин масъала ягон бор калимаи “хуб шудааст”-ро ба забон наовард. Ҳар гоҳ, ки ӯро насиҳат кунам, дар ҷавоб “писари шумо гап занаду ман ҷим шинам-мӣ” гӯён, бидиррос мезад.

Писарам сахтгир буд, вале…

Дар байни мардум овозае ҳаст, ки гӯё писаратон Шарофиддин зану духтарашро бисёр мезадааст ва ҷони Фаридаю Шукрона аз мушту шатта хӯрдан ба лабашон расида, худро ба дор овехтаанд…

Пинҳон намекунам, писарам дар масъалаи зан сахтгир буд ва ҳамеша бо забон сиёсат мекард, вале ягон бор зан ё духтарашро назадааст. Набераам Шукрона ба 14 даромада духтари қадрас шуда буд, аз ҳамин хотир, Шарофиддин мисли ҳар як падар духтарашро сахт мегирифт, то ки аз кӯчаи одамгарӣ набарояд. Ин як амри табиӣ аст, зеро обрӯю эътибори духтар пеш аз ҳама обрӯю эътибори падар аст. Ҳар як падар мехоҳад, ки духтарашро бо номи нек ба шавҳар диҳад…

Мотам ба ҷойи ид

Келинам Фарида модари 5 фарзанд буд, вале ин зани боақл дар рӯзи иди Наврӯз худашро ба дор овехта, хонаро ба мотамсаро табдил дод. Набераҳоям бо сад орзую умед ба ид тайёрӣ медиданд, аммо худкушӣ кардани модарашон болу пари кӯдакони бечораро шикаст…

Чӣ боис гашт, ки дар рӯзи ид Фарида даст ба худкушӣ занад?

Аслан, дупула гап! Хонаи писарам ба хонаи хушдоманаш наздик аст. Фарида ба хонаи модараш рафта, онҳоро бо ид табрик кардааст ва ба хонаи мо надаромада гузашта рафтааст. Вақте ки ба хона мерасад, писарам мепурсад, ки модарамро табрик кардӣ, вале занаш даст афшонда не мегӯяд. Шарофиддин ба ғазаб омада, сарзаниш мекунад, ки наход ту як рӯзи дароз дар хонаи модарат нишаста, ақаллан дар бозгашт як сари қадам модарамро табрик накунӣ, охир аз пушти дарвозаи мо гузашта омадӣ-ку! Худо шоҳид, вақте ки аз пушти ҳамин як чизи одӣ баҳс карданашонро фаҳмидам, ман тарафи келинамро гирифта ба писарам дурӯғ гуфтам, ки дина бегоҳ Фарида омада, маро табрик карда буд, сад бор биёяд. Ҳаргиз худамро фикр намекардам, фақат ҳаминро мехостам, ки оилаи писарам тинҷу обод бошад, вале..

Модарашро дар дор овезон диду…

Ин ҳодиса нисфирӯзӣ рӯй додааст. Магар ғайб задани Фарида касеро ба ташвиш наовард?

Баъди ҳамон муноқишаи идонаашон ман писарамро хуб сарзаниш намудам, ки чаро ту барои дупула гап бо занат ҷангу ҷанҷол мекунӣ.  Гуфтам, ки аз дасти моҷарои шумо кадом рӯз фишори хунам баланд шуда, мурда мемонам. “Шуморо ҳурмат накарданаш ба ман сахт алам кард” гуфт писарам ва ваъда дод, ки дигар ҷангу ҷанҷол намекунад. Дар ҳар як оила чунин моҷароҳои кӯчак мешаванд, барои ҳамин ман ҳеҷ гумон надоштам, ки аз рӯйи ҳамин ду калима гап келинам даст ба худкушӣ мезанад. Дар деҳа ташвишу кору бори занҳо зиёд аст, мо фикр кардем, ки Фарида оғил мерӯбад ё бо ягон кори дигар андармон аст, охир аз куҷо медонистем, ки…

-Ҷасади Фаридаро кӣ пайдо кард?

-Пеш аз ҳама Шукрона хавотир шуда, “аяҷонам куҷо шуданд?” гӯён, ба кофтани модараш сар кард ва дере нагузашта… (Зан инони гиряро сар дода, бо гӯшаи рӯймолаш ашки чашмонашро пок мекунад) Вақте ки келинамро дар расан овезон дидам, ҳуш аз сарам парид. Бовар кунед, аз ҳамон рӯз то ҳол ба худ нестам. Ба зарби дорую укол гаштаам, охир Фарида барои ман танҳо келин не, ҷиянам, ҷону ҷигарам буд ва ман ӯро аз фарзандони худам камтар дӯст намедоштам, чӣ хел дар маргаш насӯзам?

Шукрона чаро баъди марги модараш худкушӣ кард?

-Фарз кардем, ки гапи Фарида бо шавҳараш гурехту худро ба дор овехт, вале духтараш Шукронаи ноболиғро, ки нав ба 14 қадам ниҳода буд, кӣ ё чӣ ба худкушӣ водор намуд?

Набераам Шукрона дар синфи ҳафтум мехонд. Ноболиғ бошад ҳам, духтари тануманд ва чеҳрааш бисёр зебо буд. Қошу чашми сиёҳашро аллакай садҳо кас харидор буданд, аз ҳамин сабаб, падараш ӯро сахт мегирифт, ки ягон номаъқулӣ накунад. Вақтҳои охир Шукрона ба телефон ва дугонабозӣ дил баста буд ва баъзан аз дарс дер меомад. Ҳамон рӯзи наҳс дер кард. Хавотир шуда ба роҳбари синфаш занг задем, гуфт, ки талабаҳо барвақт ҷавоб шуда рафтанд. Ба ду муаллими дигараш телефон кардем, онҳо гуфтанд, ки дарсҳо ҳанӯз ба анҷом нарасидаанд. Хулоса, аз мактаб се кас се хел гап зад. Пас аз марги занаш писарам бисёр асабонӣ шуда буд ва дер кардани духтараш ӯро сахт ба ташвиш овард. Вақте ки Шукрона аз дар даромад, падараш дар замин кор мекард ва бо каланди дар дасташ буда ба ӯ таҳдид кард, аммо Худо шоҳид аст, ки ӯро назадааст…

Ва Шукрона дар сари қаҳр худро ба дор овехт?

Не, вақте падараш ҷанг кард, вай додгӯён баромада ба хонаи бибии модариаш рафт ва қарибиҳои бегоҳ баргашт. Ман барои хӯроки шом маҳсулотро тайёр карда истода будам. Дидам, ки дадою духтар ором шудаанду вазъият тинҷ аст, ба хонаи писари кенҷагиям рафтанӣ шуда ба Шукрона гуфтам, ки ягон хӯрок пухта ҳамроҳи додару хоҳараконат хӯред, ман саҳарӣ меоям. Аз куҷо медонистам, ки Шукронаи номурод хатои модарашро такрор карда, худро ба дор меовезад…

Ин зани солхӯрда инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор ба гиря даромад. Беш аз ин ба захмҳои дилаш нохун задан нахоста, мо ба суҳбат хотима гузоштем.

Чаро одамон худкушӣ мекунанд?

-Аслан дар ҷаҳон теъдоди мардҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, нисбат ба занҳо бештар аст, лекин дар Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон баръакс занҳо ба ин амал зиёдтар даст мезананд. Тадқиқоте, ки оиди худкушӣ миёни наврасон ҳамроҳи мутахассисони амрикоӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд, муайян намуд, ки худкушӣ дар миёни ҷавондухтарон бештар ба назар мерасад. Зӯроварӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ, мушту лагади шавҳар, таҳқиру хушдоману хоҳаршӯ, нокомӣ ё фиреб хӯрдан дар ишқ, касалиҳои руҳӣ ба мисли васвос ва дипрессия аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани занону духтарон ба шумор мераванд. Ноболиғон дар синни 9-14 солагӣ бар асари тағйиротҳои равонию ҷисмонӣ хеле нозуку ҳассос мешаванд. Дар ин давра, ки ҳамчун “переходной возраст” машҳур аст, як ҳарфи ноҷо метавонад боиси даст ба худкушӣ задани духтар ва ё писари ноболиғ гардад. Аз ҳамин хотир, мо аз ҳама падару модарон, хоса аз мардон хоҳиш менамоем, ки дар муносибат бо зану фарзандонашон эҳтиёткор бошанд.

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

 Р.С

Шукронаи ноболиғ қабл аз худкушӣ хатчае навишта, дар марги худ падарашро гунаҳкор намудааст. Мақомот алайҳи ин мард, ки зан ва духтараш гӯё аз ҷабри ӯ даст ба худкушӣ задаанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

Хонандагони азиз, мо шуморо бо натиҷаи он баъди баромадани ҳукми суд огоҳ хоҳем кард. Бо мо бошед!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *