Чаро гӯшт дар Тоҷикистон қиммат шуд? Посухи Ҷамшед Нурмаҳмадзода

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон сабаби баланд шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро гуфт.

 Ӯ инро ба зиёд шудани музди маош, бештар гардидани талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва баланд гардидани нархи хӯроки чорво рабт дод. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гов ва гӯсфанд (вазни зинда) дар шаш моҳи соли 2024-ум 14 дарсад бештар шуда, беш аз 88 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 88 ҳазору 349 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад бештар аст, аммо афзоиши музди маош сабаби боло рафтани нархи гӯшт гардид.

“Дар кишвар қаҳтии гӯшт нест, дар ҳамаи бозорҳо гӯшт фаровон аст. Танҳо музди маош 40 фисад зиёд шуд, даромаднокии мардум баланд шудааст ва сатҳи харидории онҳо афзудааст. Музди меҳнати миёнаи аҳолӣ 13 дарсад зиёд шуд, баланд шудани музди маош таъсири худро ба баланд шудани нархи гӯшт мерасонад”,‑ гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *