Чаро генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ба Душанбе омад?

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, собиқ вазири дифоъ ва аз чеҳраҳои матраҳи 20 соли ахир дар Афғонистон, вориди Душанбе шудааст.
Ӯ 15 август дар пайи суқути Кобул ба дасти “Толибон*” аввал ба Ӯзбекистон ва сипас, шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб рафта буд.

Манбаъ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар таъйиди ин хабар гуфт, Бисмиллоҳхонро дар ин сафар Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон (2016-2017) низ ҳамроҳӣ мекунад.

“Ҳарду аз шаҳри Дубай, ки он ҷо паноҳ бурда буданд, ба Душанбе омаданд, то дар масоили марбут ба муқовимат ва музокирот бо “Толибон*” бо дигар раҳбарони фирории Афғонистон ба маслиҳат биншинанд”, — гуфт манбаъ.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид ҳарду мутаваллиди дараи Панҷшер ва аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон мебошанд, ки дар замони ҷиҳоду муқовимат аз ӯ фармон мебурданд.

Дар замони ҳукуматҳои таҳти амрикои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ мансабҳои баландро ишғол мекарданд ва ҳарду рутбаи генерал – майориро доранд.
Бисмиллоҳхон дар замони Карзай аввал сардори Ситоди артиш, баъдтар вазири дифоъ ва корҳои дохилӣ ва чанд моҳи ахири ҳукумати Ғанӣ вазири дифоъ буд. Ҷоҳид дар ҳукумати Карзай фармондеҳии сипоҳҳои 209 – и “Шоҳин” ва 207 – и “Зафар” ва дар замони Ғанӣ аз сӯи Доктор Абдуллоҳ вазири корҳои дохилӣ таъин шуда, як сол баъд ба истеъфо рафт.

Омадани ин ду генерал ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки то ба ҳол хабари дар ин кишвар қарор доштани Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ расонаӣ шудааст.
Солеҳ иддао дорад, ки тибқи моддаҳои 60 ва 67 – и Қонуни асосии Афғонистон, ки дар сурати ҳузур надоштани президент масъулиятҳои ӯро ба муовини аввалаш медиҳад, ӯ амалан президенти Афғонистон аст.

Манобеъ ҳамчунин аз ҳузури Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга), Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси Маҷлиси болоӣ (Мишрону Ҷирга) ва чандин намояндагони мардумиву фармондеҳони зиддитолиби Афғонистон дар Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд эълон дошта буд, ки дар баробари ҳукумати “Толибон*” як ҳукумати худро эълон хоҳад кард. 7 сентябр “Толибон” ҳукумати худро эълон карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *