“Чаро гирифторони COVID-19 дар бемористон мефавтанд?” Посухи Вазорати тандурустӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мақолаи “Чаро гирифторони бемории COVID-19 дар бемористон мефавтанд?”, бо имзои И. Ҳайдарзода, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон, ки   дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон ва ҳамзамон дар сомонаи pressa.tj ба нашр расидааст, посух гуфт:

— Қаблан иттилоъ медиҳем, ки бемории COVID-19 дар шахс метавонад дар се марҳила-сабук, миёна ва вазнин сипарӣ гардад. Махсусан, шахсоне, ки  бемориҳои ҳамрадиф, аз қабили  диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ ва фарбеҳӣ дошта бошанд,  дар онҳо ин беморӣ ниҳоят вазнин сипарӣ мешавад. Инчунин, шахсе, ки иммунитети заиф ва бемориҳои ҳамрадифи болозикрро дошта бошад, эҳтимолияти фавт аз ин беморӣ дар ӯ бештар аст. Ба назар бояд гирифт, ки ҳолати бемори гирифтори коронавируси нави COVID-19  ҳатто метавонад дар 1 соат тағйир ёбад.

Нафароне, ки махсусан бемории коронавируси нави COVID-19 онҳоро азият медиҳад ва бархе аз бемориҳои ҳамрадифиро дар худ доранд, агар дорои иммунитети баланд бошанд,  онҳо ин бемориро дар ҳолати миёна сипарӣ менамоянд.

Муаллифи мақола сабаби шифоёбии худро аз ин беморӣ ба он маънидод менамояд, ки наздиконаш ҳангоми табобат ба ӯ ғизо медоданд, вале табибон ба наздикони бародараш иҷозат надодаанд, то ба ӯ ҳам хизмат расонанд. Қобили зикр аст, ки барои нафароне, ки  бо бемории COVID-19 дар беморхона бистарӣ шудаанд, мушкилоти ғизоӣ ва нигоҳубин вуҷуд надорад ва ба онҳо тибқи тартиб ва бо риояи қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аз ҷониби шахсони масъул хизмат расонида мешавад.

Ҳамчунин, бояд ба назар гирифт, ки шифоёбӣ ва фавт аз бемории COVID-19 ба ғизо хеле кам вобаста  мебошад. Чӣ гуна паси сар намудани ин беморӣ, бемориҳои ҳамрадиф доштан ва ё надоштани бемор ва оризаҳо сабаби асоии фавти гирифторони бемории COVID-19 шуда метавонанд.

Бояд гуфт, ки фавти бемори гирифтори коронавируси нави COVID-19 аз  ҳаҷми масоҳати илтиҳоби шушҳо сахт вобаста мебошад, ки ин ҳолат ба норасоии вазнини нафас оварда мерасонад ва он ба ҳолати марг оварда мерасонад.

Инчунин, сабаби асосии фавт дар шахсони гирифтори бемории COVID-19 вайроншавии лахташавии хун ба тромбаэмболияи рагҳои хунгард  мебошад, ки дар натиҷаи он на фақат шуш, балки  дил, майнаи сар ва дигар узвҳо осеб мебинанд ва дар натиҷа, ин ҳолат ба марг оварда мерасонад.

Тибқи  қоидаҳои санитарӣ — эпидемиологӣ дар вақти авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ, ба мисли пандемия ба беморхона даромадани шаҳрвандон қатъиян манъ аст. Чунки  воридшавии шаҳрвандони дигар ба беморхона ва алоқа доштани онҳо бо шахси бемор метавонад сабаби сироят шудани шахси солим гардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *