Чаро Худованд шаби қадрро пинҳон медорад?
Шаби Қадр кадом аст: шаби 21, 23 ё 27-уми рамазон?
Борҳо аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст, вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд: «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб дар он бошад, ки рӯзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ намоянд ва раҳмату лутфи Худовандро бештар ба даст оваранд.
Худи Расули акрам (с) дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ намуда, дар масҷид ба эътикоф менишастанд. Модоме, ки шаби Қадр ин ҳама фазилату баракат дорад, пас муъминон бояд зиракона барои гирифтани савоби илоҳӣ ҳар шаб ибодат намоянд. Барои шабе, ки умед меравад шаби Қадр бошад, аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилату савоби зиёде доранд:
Аввал, ғусл-мустаҳаб аст. Наздикиҳои ғуруби офтоб бояд ғусл намоӣ. Дуюм, хондани намоз. Сеюм, шабзиндадорӣ. Паёмбар (с) фармудааст: «Ҳар кас аз рӯйи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад». Чаҳорум, тавбаву истиғфор. Панҷум, тиловат Қуръон. Шашум, дуо. Бояд қайд намуд, ки дуо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуо ба мо назар мекунад. Парвардигори олам фармудааст: «Маро бо дуо бихонед, ман дуои шуморо иҷобат мекунам».
Овардаанд, ки ҳазрати Фотима (р) аҳли хонаи худро пешакӣ барои шаби Қадр омода мекарданд ва шаби Қадр ҳамаро бедор нигаҳ медоштанд ва ба онҳо каме ғизо медоданд, то хобашон набарад. Он ҳазрат фармудаанд: «Маҳрум касе аст, ки аз хайри ин шаб маҳрум бимонад».
Чаро Худованд шаби қадрро пинҳон медорад?
Паёмбар (с) дар ҳадисе, ки дар фазилати моҳи рамазон аст, мефармоянд: «Дар ин моҳ шабест, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, касе, ки аз хайри он маҳрум гашт, ба таҳқиқ аз хайри зиёде маҳрум мегардад.”
Аллоҳ таъоло донистани ин шабро аз бандагонаш махфӣ нигоҳ доштааст, то эшон шабҳои боқимонда низ ҷаҳду кӯшиш намоянд. Муъминон, агар айнан он шабро медонистанд, дар дигар шабҳо истироҳат мекарданд ва танҳо дар ҳамон шаб иҷтиҳод мекарданд ва тоату ибодати зиёд барояшон ҳосил намешуд. Дар сурати махфӣ нигоҳ доштани шаби Қадр аз эшон ҳар шаб ба қадри имкон бо умеде, ки савоби шаби Қадр насибашон мегардад, ба қадри тавони худ шабзиндадорӣ намуда ба тоату ибодат машғул мешаванд. Бо ҳамин васила амалашон зиёд гашта, аҷру савоби бузурге ҳосил менамоянд.
Суханони аҳли илм дар таъйини шаби Қадр
Аҳли илм дар муайян намудани шаби Қадр ихтилофи зиёде доранд. Баъзе аз уламо шаби бисту якумро ба далели ҳадиси Расулуллоҳ (с) ихтиёр намудаанд. Имом Шофеъӣ бинобар ин ҳадис шаби бисту якумро таҷриҳ додааст. Баъзе уламои дигар шаби бисту сеюми рамазонро ҳамчун шаби Қадр нишон дода далел меоранд, ки Паёмбар (с) боре ба зиндадории ҳафт рӯзи охири моҳи шарифи рамазон ташвиқу тарғиб намуда фармудаанд: “Чанд рӯз аз мо гузаштааст? Асҳоби киром гуфтаанд, ки бисту ду гузашту ҳашт боқӣ мондааст. Пас он Ҳазрат фармуд, балки бисту ду гузашту ҳафт боқӣ монд, имшаб лайлатулқадрро ҷӯё шавед». Яъне, шаби бисту сеюмро.
Бартарии шаби Қадр
Фазилат ва бартарии шаби Қадр маълум аст. Худованди мутаол дар Қуръони карим фармудааст: «Ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст» (Сураи Қадр, ояи 3.) Яъне намоз гузоридан ва зикр намудан дар ин шаб беҳтар аст аз намоз ва амали ҳазормоҳа. Ин фазилати бузургест.
Дигар фазилати ин шаб дар он аст, ки сабаби омӯрзиши гуноҳҳост. Шахсоне, ки аз хайру баракати он маҳрум мемонанд, хайру баракати зиёдеро зоеъ месозанд. Паёмбар (с) мефармоянд: «Шахсе, ки шаби қадрро аз рӯйи имон ва ихлос зинда дорад, гуноҳҳои гузаштаи ӯ омурзида мешаванд». Зинда доштани ин шаб бо гузаронидани намоз ба қадри имкон мебошад. Шахсе, ки бо имом дар аввали шаб ва дар охири он, яъне бомдод намоз бигузорад, аз ҷумлаи шабзиндадорон маҳсуб мешавад. Аз Паёмбар (с) собит шудааст, ки шабе бо ёронаш намоз гузорид ва ҳангоме ки ними шаб шуд, ба он Ҳазрат (с) гуфтанд:
-Чӣ мешуд боқии шабро низ бо мо намоз мегузоридӣ, яъне имоматӣ мекардӣ. Он ҳазрат дар посух фармуданд:
«Ба таҳқиқ шахсе бо имом намоз бигузорад, то ки имом аз намоз боз гардад, барои он шахс шабзиндадории ҳамон шаб навишта мешавад». Мурод аз шабзиндадорӣ бо «Имом ва ихлос», ки дар ҳадис омадааст ҳамин аст. Имон доштан ба зинда доштани шаби Қадр ин бовар доштан, тасдиқ намудани фазли он ва бовар ба амалҳоест, ки дар он шаб машруъ гаштаанд. Монанди намоз, қироати Қуръон, дуову зикри Худо. Пас, барои мову шумо лозим аст, ки имон дошта бошем, ки Аллоҳ таъоло ба зинда доштани ин шаб амр карда, онро машруъ гардонида ва тарғибу ташвиқ намудааст. Пас, машруъияташ амри Худованд аст, ки зиндадории он шаб аҷри зиёде дорад.
Фазилати даҳаи охири Рамазон
Дар даҳаи охири рамазон панҷ чиз мустаҳаб аст:
- Зинда доштани ҳама ин даҳ рӯз;
- Зиёд кӯшиш намудан дар ин рӯзҳо;
- Изҳор намудани қувват дар итоат;
- Дурӣ ҷустан аз шаҳват ва лаҳзаҳои нафсонӣ дар ин рӯзҳо;
- Эътикоф нишастан.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, устоди ДИТ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ