Чаро Хуршед маъшуқаашро лату кӯб кард? (Видео)
РВКД Душанбе боздошти сокини пойтахт Хуршед Азизов дар пайи нашри видеои лату кӯби як духтари 23-сола аз ҷониби ин ҷавонро тасдиқ кард. Бино ба гузориши РВКД, Хуршед Азизов ҳанӯз соати 6-и субҳи 1 март ин духтарро дар назди диско-клуби «Галаксӣ” лату кӯб карда, сипас ба бордони мошинаш андохтааст. Мақомот дар бораи сабаби латукӯб чизе намегӯянд, вале бино ба иттилои дарёфтии «Ахбор”, Хуршед Азизов духтари дӯстдоштаашро барои бе иҷозати вай шабона ба диско-клуб рафтанаш чунин бераҳмона ҷазо додааст.
Ошкорсозии ҷинояти авбошӣ баъди 2 соати пахши навор дар Интернет
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Шоми 1-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19.00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори лату кӯби бераҳмонаи як ҷавондухтари тахминан 20-25 сола аз ҷониби ҷавонписари тахминан 25 сола паҳн гардид.
Вобаста ба ошкору муайян намудани ҳолатҳои дар навор инъикосгардида соати 20.00 дақиқаи санаи 2 март дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи махсуси оперативӣ баргузор гардида, дар асоси супориши роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо ҷалби кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативӣ ва тафтишотӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Сипас гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт бо баргузор намудани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муҳлати ҳамагӣ 2 соат парда аз рӯи ҷинояти бераҳмонаро, ки нисбати як ҷавонзани 23 сола раво дида шудааст, бардошта, нафари гумонбарро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбару ҷабрдида муайян карда шуд, ки дастгиршуда Азизов Хуршед Абдунаимович санаи 1 марти соли ҷорӣ тахминан соати 06.00 дақиқаи субҳ бо мақсади ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, ҳангоми дар назди тарабхонаи Галаксӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Носири шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо ҷавондухтари 23 сола, сокини шаҳри Душанбе, ки бо ҳам шинос буданд, дарафтода, охиронро бо тариқи зӯроварӣ ба бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи Тайота-Кемрӣ рақами қайди давлатиаш 0436 НН 01 андохтанӣ шуда, мавриди латукӯби шадид қарор додааст. Илова бар ин, гумонбаршуда ба кирдорҳои авбошонаи худ идома дода, баъди аз бағоҷи автомашина баровардани ҷабрдида боз дар якчанд маврид ба узвҳои муҳими ҷавондухтар бо дастону пойҳояш задааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур ва дар асоси далелҳои овардашуда, ки кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда Азизов Хуршедро тасдиқ мекунад, нисбати охирон бо моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №4052 аз 2 марти соли 2019 оғоз карда шуда, гумонбаршуда Азизов Хуршед Абдунаимович дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, миннатдории роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахтро ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе мерасонем, ки ҷиҳати андешидани чораҳои қонунӣ нисбати ҷинояткорон бетарафӣ зоҳир накарда, ҳар як ҳолати ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткориро ба навор гирифта ба мо ирсол мекунанд. Зеро паси ҳар як аъмоли ғайриқонунӣ манфиатҳои қонунан поймолшудаи шаҳрвандони комилҳуқуқ қарор мегиранд, ки барои бартараф намудани онҳо мақомоти корҳои дохилӣ пайваста талош меварзад.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як ҳолату кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки давоми соли 2018 ва 2 моҳи соли 2019 аз ҷониби шаҳрвандон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол гардидааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, аз натиҷааш ба худи ҷабрдидагон ва тариқи сомонаи расмии Раёсат инъикос карда шудааст.
Бознашр аз сомонаи «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ