Чаро интернет дар ВМКБ маҳдуд аст?
Дастрасӣ ба Интернет яке аз талабҳои ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аст
Сафорати Амрико дар Душанбе аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба интернет таъмин кунад.
Сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз моҳи ноябри соли 2021 то ин дам аз Интернет маҳруманд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи январи имсол дар бораи сабабҳои набудани интернет дар минтақа посухи рӯшан надоданд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 16-уми март дар эъломияе гуфт, аз маҳдудияти интернет дар ВМКБ “нигарон аст”.
“Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Ҳафтаи гузашта Мишел Бачелет, комиссари олии Созмони Милал дар мавриди ҳуқуқи башар, низ аз идомаи қатъи дастрасӣ ба интернет дар ВМБК ибрози таассуф кард. Ӯ гуфт, “чунин бархӯрд ҳуқуқи одамонро ба таври ошкоро поймол мекунад.”
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, моҳи январи имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, “барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.” Вале нагуфт, ки “чорабиниҳои техникӣ” кай поён меёбанд, мегӯяд Радиои Озодӣ.
Вазъ дар ВМКБ пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, ки дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, печида шудааст. Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди чаҳор моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз набудани Интернет, фишори афзоянда, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ