Чаро изҳороти Тошиев барои тамоми минтақа хатарнок аст?
(Шарҳи коршиносӣ бар моҳияти «ҳуҷҷатҳои нав» ва паёму паёмадҳои даъвои навбатии мақоми баландпояи ҳамсоя дар масъалаҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон)
15-уми сентябр, як рӯз баъд аз сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар масъалаи марз “даъвои” нав” пеш овард. Қамчибек Тошиев зимни ифтитоҳи биное дар вилояти Ботканд гуфт, ки “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд”. Ин изҳороти Тошиев дар Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба бор овард. Коршиноси масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро солҳои охир таҳқиқ мекунад, мақолае таълиф кардааст, ки онро манзури шумо мекунем.
АЗ ИДОРА
Изҳороти раиси Кумисюни давлатии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев аз 15-уми сентябри соли 2023 дар бораи дурнамои музокироти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад паёму маъноҳои ҷиддӣ низ дошта бошад. Хоса бо назардошти се нуктаи зерин метавон ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд:
Аввал, бар хилофи фазову интизорҳо, ҳамагӣ як рӯз пас аз сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон, мулоқоти рӯ ба рӯи ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон, таъкиди роҳбарони ду кишвар бар “пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ду халқ” ва идомаи муколимаҳои сатҳи олӣ, дар чунин сатҳи баланд садо додани ин изҳорот метавонад ба ихтилофи назари амиқ дар роҳбарияти Қирғизистон ё пеш омадани мушкилоти ҷиддӣ дар раванди ҳалли масъалаи марзӣ миёни ду кишвар ишора намояд.
Дуюм, хоса дар рӯзи дувуми Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва гузоштани қадами навин дар раванди ҳамгароии мустақилонаи минтақаӣ дар чунин сатҳ садо додани чунин изҳороти хасмона аз сӯи роҳбарияти яке аз кишвараҳои иштирокдори нишаст метавонад ба паёму пайомади васеътар ва решаву ҷанбаҳои берунтари ин мавзеъгирӣ низ далолат намояд.
Сеюм, иштироки маҳдуди президенти Қирғизистон дар нишасти Душанбе, вокуниши фаврии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти мансабдори ҳамсоя ва ба ВКХ даъват шудани сафири Қирғизистон дар Душанбе, ки ҳамагӣ як рӯз пас аз мулоқоти сатҳи олии ду кишвар рух медиҳад, низ метавонад нишони ҳассосияти вазъияти атрофи мавзуъ бошад.
Таъкиди ошкор ва таҳдидомези Қамчибек Тошиев ба кофӣ будани нерӯ ва имкониятҳои кишвараш барои бозгардондани заминҳои мавриди назараш низ метавонад асоснокии се нуктаи болоро тақвият диҳад.
Аз ин рӯ, аз назари замон, макон, мазмун, сатҳ ва тарзи баёни ин изҳорот, бе шубҳа метавон гуфт, ки он барои ҳалли масъалаи марзҳо, барои муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ва умуман, барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёму пайомади мусбате надошта, фазои нисбатан оромгаштаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бори дигар ба чолиш рӯ ба рӯ кард.
Тавре дар хабари ВКХ-и Тоҷикистон ишора шудааст, чунин изҳорот, пеш аз ҳама эътимоди нисбию кории пешомадаро дар ин раванд зери савол мегузорад. Вокунишҳои доираҳои сиёсию таҳлилӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон ва минтақа низ дақиқан ҳамин шикасти дубораи эътимодро нишон медиҳанд. Ҳолате, ки ҳоло ба нафъи ҳалли масъала ва ба манфиати ҳар ду кишвар ва фазои ҳамгароии минатқавӣ нест.
***
Аммо дар канори ин ишораи бисёр мухтасар ба паёму пайомади манфии сиёсии изҳороти ахири Қамчибек Тошиев, мехостам шарҳи коршиносиеро нисбат ба як нуктаи бисёр ҷиддӣ ва нави он пешниҳод намоям. Сабаби таъкид ба “шарҳи коршиносӣ” будани ин навишта дар он аст, ки назару мавқеи расмии Тоҷикистон дар ин масъала аз ҷониби ниҳоди ваколатдори кишвар — ВКХ ҶТ ба таври дақиқ баён шудааст. Аз ин рӯ, гарчи шарҳу навиштаи поин аз назари мазмуну моҳият ифодаи мустақими манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиати умумии кишварҳои минтақа аст, аммо аз назари мақоми ҳуқуқии сухан маҳз назари коршиносии банда мебошад: назари пажуҳишгари мавзуъ ва муаллифи китоби ҳуҷҷатӣ-таҳлилии “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”.
Манзур ин буд, ки нуктае, ки дар изҳори ахири мақоми баландпояи Қирғизистон бояд аз диди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба он таваҷҷуҳи хоса дода шавад, даъвои ёфтани “ҳуҷҷатҳои нав” дар бораи гӯё даҳҳо ва садҳо сол пеш ба Тоҷикистон дода шудани бисёре аз заминҳои қирғизҳо ва сухан аз даъво ва бозгардонии онҳо мебошад. Зеро агар ин даъво ва ин тарзи гузориши масъала то рӯи мизи музокироти расмии дуҷониба ояд, он моҳият ва дурнамои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишварро на танҳо комилан тағйир медиҳад, балки ба бунбасти ниҳоӣ ва барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр хатарнок ворид месозад.
Моҳияти масъала дар он аст, ки тақсимоти миллию ҳудудии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки солҳои 1924-1932 аз тарафи давлати Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ шудааст, дар ҳамон замон тамоми марҳилаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худро гузашта, ҳамчун раванди сиёсию ҳуқуқию таърихӣ ба анҷом расида, дар доираи ҳамон низомҳои сиёсию ҳуқуқӣ расмияти комил ёфтааст. Ҳамаи панҷ давлати мустақили минтақа, яъне Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки дар асоси ҳамин тақсимот ҳамчун давлатҳои имрӯза таъсис шудаанд, ин воқеиятро пазируфта, тақсимот ва марзҳои давлатии бавуҷудомадаро, ки дар он марҳилаи таърихӣ дар доираи қонунгузории ИҶШС шакли ниҳоӣ гирифта, дар шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи давраи истиқлоли онҳо низ сабт гаштаанд, пурра эътироф менамоянд. Дар кул, асоси ҳуқуқию сиёсии мавҷудияти давлатии худи ин панҷ кишвар низ маҳз эътирофи комили ин тақсимот ва ин сарҳадҳо мебошад.
Дар айни замон, эътироф накардани ин сарҳадҳои расмии тасдиқшуда расмияти тамоми тақсимоту ҳудудҳои дигари минтақаро низ барҳам зада, даҳҳо қарори дигарро беқурб намуда, раванди хатарнокеро дар минтақа оғоз мегузорад. Ин аст, ки Тоҷикистон низ тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1932-ро эътироф намуда, сарҳадҳои расмию қонунии тамоми кишварҳои минтақаро, ки дар он тақсимот шакл гирифтаанд, дар ҳамон шаклу ҳудуд дахлнопазир мешуморад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар баҳсҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд ҳамаи иштирокчиён ва фазосозон ин се нуктаи бисёр муҳими усулиро дар назар дошта бошанд:
Нуктаи якум, дар баҳсҳои сарҳадии имрӯза ҳаргиз масъалаи “барқарории адолати таърихӣ”, вазъияти “садҳо сол пеш”, муайянсозии “сарзаминҳои аҷдодӣ” ва исботи ҳақи таърихию воқеии миллатҳо бар ҳудудҳои мушаххаси минтақа дар миён нест. Зеро агар дар ин баҳс чунин мавқеъ ва меъёр пеш гирифта шавад, тоҷикон ва Тоҷикистон метавонанд ба ниме аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, ба ниме аз ҳудуди имрӯзаи Қирғизистони ҳамсоя даъвои барҳақи таърихию тамаддунӣ намоянд. Зеро ҳар варақи таърихи ин сарзаминҳо ба ҳақу ҳузури бисёрҳазорсолаи тоҷикон дар онҳо ишора мекунад ва садҳо ҳуҷҷати таърихӣ онро исбот менамоянд. Бинобар ин, бардоштани баҳси “ҳақиқати таърихӣ” ва вазъияти “садҳо сол пеш” дар муносибатҳои байниҳамдигарии кишварҳои минтақа домани мавзуъро ниҳоят васеъ ва баҳси сарзаминиро ниҳоят печида намуда, ҳаргиз амалӣ ва созанда намебошад.
Нуктаи дуюм, ҳамаи баҳсу масъалаҳо байни ду кишвар маҳз бо шарти эътирофи тақсимоти миллию марзии солҳои 1924-1932 ба миён гузошта мешаванд, зеро дар сурати инкори натиҷаҳои ин тақсимот, мавзуи музокирот умуман аз миён рафта, вазъият ба ҳолати таърихии “то Шуравӣ” баргашта, худи мавҷудияти ҳуқуқии кишвaрҳои имрӯза зери савол мемонад.
Ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ ҳоло на “барқарории адолати таърихӣ”, “бозгардонидани заминҳои аҷдодӣ” ё ислоҳу бознигарии тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1932, балки, баръакс, риояти он ва барқарории комили натиҷаҳои онро талаб менамояд. Бо назардошти ин назокату воқеиятҳо Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон маҳз ба “ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва соли 1932” такя мекунад ва ба ин назар аст, ки танҳо дар асоси ин ҳуҷҷатҳо метавон сарҳади расмии байни ду давлатро дар ин минтақа муайян намуд. Зеро «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, 1929 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
Агар ҷониби ҳамсоя мавзуи баҳсро ба марҳилаҳои то 1932 ё пештар аз он барад, он мавзую моҳияти музокиротро комилан тағйир дода, метавонад тамоми бофти сиёсӣ ва марзҳои ҳуқуқии минтақаро пурра зери савол гузорад.
Ҳарчанд чунин манзараи марзҳо ҳанӯз дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ байни Русия ва Ӯзбекистон тақсиму тасдиқ гаштааст, он тақсимотро ҳар ду ҷумҳурӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) расман ба мерос гирифтаанд. Илова бар ин, дар тамоми давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат дар ин минтақа ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
Бинобар ин, бори дигар таъкид мешавад, ки агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва 1932, ки ҳуҷҷатҳои расмии таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, вазъияти сарҳадҳо ба ҳолати таърихии то барқарории Иттиҳоди Шуравӣ бармегардад. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад. Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзуъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои мазкур, гарчи аз назари сарнавишт ва ҳақи таърихии тоҷикон дар минтақа ҳаргиз одилона нестанд, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзуият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд.
Нуктаи сеюм, бо таваҷҷуҳ ба ду нуктаи боло, баҳс ва даъвои Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо масъалаи заминҳоеро дар бар мегирад, ки кишвари ҳамсоя маҳз пас аз анҷоми ин тақсимот ва пас аз тасдиқи расмии сарҳадҳои байни ду кишвар, солҳои баъдӣ қадам ба қадам аз худ намудааст. Яъне, дар ин баҳс ягон бахш аз он 211 000 га замине, ки Тоҷикистон онро дар асоси тақсимоти зикршуда ҳақи худ мешуморад, ба ҳудудҳои расмии Қирғизистон то соли 1932 дохил нашуда, маҳз пас аз анҷоми тақсимоти марзӣ ва дар даҳсолаҳои баъдӣ ба ихтиёрдории кишвари ҳамсоя гузаштаанд.
Ин аст, ки мавзуи баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бисёр мушаххас буда, танҳо ба заминҳое тааллуқ дорад, ки пас аз анҷоми тақсимоти миллию марзии зикршуда, яъне пас аз соли 1932, аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон дар ихтиёри кишвраи ҳамсоя қарор гирифтанд. Ин марзи мушаххаси гуфтугӯ бояд ҳам аз ҷониби кишвари ҳамсоя ва ҳам аз сӯи иштирокдорони фазои сиёсию иттилоотии минтақа ба таври дақиқ дарк шавад.
***
Аз ин рӯ, дар бораи даъвои нав ва “ҳуҷҷатҳои нав”-и ҷониби ҳамсоя бояд гуфт, ки дар фосилаи аз соли 1932 то 2023, ки мавзуъ ва замони таърихии мавриди музокираи ду ҷониб аст, ҳеч ҳуҷҷати наве, ки ба Тоҷикистон додани заминҳои Қирғизистонро исбот кунад, вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Ин масъала борҳо баррасӣ гашта, тамоми бойгониҳои мавҷудаи ду кишвар ва фазои Шуравии собиқ ба таври зарурӣ омӯхта шудаанд. Бинобар ин, музокироти марзӣ танҳо дар бораи марҳилаи замонии байни соли 1932 (анҷоми тақсимоти расмӣ) то 2023 (имрӯз) маъно пайдо карда, мавзуъ ё предмети он танҳо заминҳои дар ҳамин фосила азхудшуда мебошанд.
Аммо тавре гуфта шуд, агар ҷониби ҳамсоя мавзуи баҳсро ба марҳилаҳои то 1932 ё пештар аз он барад, он мавзую моҳияти музокиротро комилан тағйир дода, метавонад тамоми бофти сиёсӣ ва марзҳои ҳуқуқии минтақаро пурра зери савол гузорад. Чунин гузориши масъала дасти ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла дасти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам барои даъвоҳои таърихӣ дар бораи сарзаминҳои аҷдодию таърихӣ боз мекунад. Вазъияте, ки метавонад фазою суботу амнияти минтақаро барои дарозмуддат барҳам занад.
Ва муҳимтар аз ҳама, агар баҳси марзҳо ба мавзуи “ҳақиқати таърихӣ”, “заминҳои аҷдодӣ” ва вазъияти “садҳо сол пеш” кашида шавад, бозандаи асосии он маҳз худи он даъвогарон хоҳанд буд, зеро дар он замонҳо дар ин минтақа аз ин қавм ва хоса аз замину давлати он ному нишоне набудааст. Тамоми ҳуҷҷатҳои наву куҳнаи таърихӣ, аз ҷумла осори илмию таҳқиқӣ ва изҳороти расмии бузургони худи ин қавми ҳамсоя танҳо ҳамин ҳақиқатро исбот карда метавонанд.
Бинобар ин, танҳо дар доираи марҳилаи зикршудаи таърихӣ ҳал шудани масъалаи марзҳо ба суди ду кишвар ва минтақа хоҳад буд.
Абдуллоҳи РАҲНАМО,
коршиноси масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ