Чаро кӯдакону наврасон ғайб мезананд? Сабаб дар чист?
Чаро одамон гум мешаванд? Ин аъмоли зиштро кӣ бояд дунболагир бошад?
Чаро медӯзданду мезананду таҷовуз мекунанду мекушанду мо дар қиболи ин ҳама хомӯширо пеша кардаем? Чаро?!! Ай мардум ба худ оед, фарзандони худро беназорат намонед! Чизи дигаре, ки боси нигаронист, ин бепарвоии мову шумост! Чун як ҳодисаи зишту нангинро мебинем аз он чашм мепӯшем ва худро бетараф гирифта садди роҳи он амали номатлуб намегардем.
Ҳамзамон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан аз ВКД Тоҷикистон пурсиданием, ки чаро чуни ҳодисаҳои ғайбзадани кӯдакону наврасон дорад рӯз то рӯз авҷ гирифта, мардумро бесаранҷом мекунад? Чаро ин мақом бар зиди чунин амалҳои зишту нангин ситоди фаврии ҷустуҷӯиро роҳандозӣ наменамояд, ки пешоруи чунин ҷиноятҳо гирифта шавад?
Бозорова Сабоҳат Ихтиёрова низ аз он нафаронест, ки гумшудаасту пайвандонаш ӯро меҷӯянд. Тайи 40 рӯз боз ӯро меҷӯянду намеёбанд, охир ин чӣ рӯзест?!
Сабоҳат зодаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи шаҳри Хоруғ мебошад. Вай санаи 16 июн аз хонаи иҷоравияш баромада дигар барнагаштааст.
Бинобар ин аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар хоҳиш дорем, ки агар ӯро дида бошанд ба телефонҳои (992) 936 00 31 25; 935 92 73 35; 111 18 41 77 хабар диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ