Чаро Каримов мурдаҳоро аз гӯристон меронад?

Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен чандест, ки ноором аст. Сокинони он на осоиш доранд, на умед бар оянда. Ҳама барои моли дунё талош кунанд, баҳси ин мардум сари қабристон аст… Ҳайрон нашавед, қабристон ҳам ҷанҷолӣ мешавад…

Доди моро ба додрас расонед!

Сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлол телефонӣ аз ман хоҳиш карданд, ки мушкилашонро инъикос кунам ва додашонро ба гӯши додшунав расонам. Ҳарчанд гуфтам, ки дар рухсатӣ ҳастам, исрор карданд, ки умеди ягонаашон “Тоҷикистон” аст.

Санаи 4 март, вақте ба ҷамоати деҳоти Истиқлол расидам, Фозилҷон Абдуллоев ном пирамард маро пешвоз гирифта, ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамдеҳагонаш ба қабристони ҷанҷолӣ роҳнамоӣ кард. 

“Ин қабристон таърихи 80-сола дорад, яъне охирин майит 80 сол қабл дар ин ҷо хок шудааст. Вақте қабристони ҳозираамон пур шуд, ба раиси ноҳия муроҷиат кардем, ки замини нав ҷудо кунад. Раис супориш дод, ки қабристони куҳнаро коркард карда, дубора ба истифода диҳед, агар устухони ҷасадҳо дар вақти шудгор ёфт шавад, як чуқурӣ кофта, гӯр кунед. Бо ҳамин, мо омада дар шоҳидии имомҳои масҷид дасти дуо бардошта, корро оғоз кардем”, – нақл кард амаки Фозилҷон.

Ба гуфтаи ӯ, қабристони куҳнаро, тариқи ҳашар ва ҷамъоварии беш аз 12 ҳазор сомонӣ аз мардум аз устухон тоза карда,  бо истифодаи техникаҳо шудгор намуда, барои истифода омода карданд, вале… Рустам Каримов ном сокини ҳамин деҳа монеи кори мардум шуда, ҳамаи заҳматашонро барбод дод.

Писархонди Қаноатов ва шогирди Қаршибоев

“Рустам Каримов аз пайвандони кадом генерал аст ва дар даст шаҳодатномаи журналистӣ дорад, аз ин “касб” сӯиистифода карда, мардуми минтақаро тарс медиҳад, — мегӯяд, Фозилҷон Абдуллоев ва заминҳои қабристонро нишон дода, илова мекунад: — Рустам дар атрофи ҳар ду қабристон хона сохта, аз ҳисоби ин заминҳо ба ҳавлияш наздики 80 сотих заминро ҳамроҳ кардааст. Ӯ атрофи қабристони куҳнаро боғ карда, мехоҳад қабристони навро низ забт кунад. Кай ва бо кадом роҳ ба қавли худаш “ҳамаи заминҳояш дорои сертификат” шудаанд, мо намедонем”.

Вақте ба қабристони рафтем, шоҳид шудем, ки Каримов, воқеан, бо булдозер замини коркарду шудгоркардаи аҳли меҳнати ҷамоатро вайрон кардааст. Ҳангоми аксу наворбардории мо аввал писараш ва баъдан худаш ҳам ҳозир шуд.

Номбурда, ҳуҷҷати журналистияшро нишон дода, писархонди генерал Қаноатов ва шогирди роҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев буданашро гуфт.

Ба гуфтаи Рустам Каримов 30 бех ниҳоли ҷигда ва тути дар саҳни қабристон шинондаи ӯро решакан кардани ҳамдеҳагонаш ҳангоми шудгор ғазаби ӯро овардааст, бинобар ин, ӯ монеи ҳашари онҳо шуда, қабристонро забт кардааст.

“Ҳамаи заминҳои ман ҳуҷҷатӣ ва тибқи авфи Президент аст”, – гуфт номбурда.

 Ќаршибоев: “Чунин шогирд надорам!”

Зимни суҳбат Рустам Каримов, ҳамчунин, чанд акси якҷояаш бо Нуриддин Қаршибоевро нишон дода, худро шогирди ӯ муаррифӣ кард.

Мо ба Нуриддин Қаршибоев занг зада, дар мавриди “шогирдашон” пурсон шудем.

— Рустам Каримов шогирди ман нест. Он аксҳо 5 сол пеш дар рафти мурофиаи судии падару писар — Алиевҳо, ки барои  содир кардани силсилақаллобиҳо гунаҳгор мешуданд, бардошта шудааст. Ӯ ягон хел шогирди ман нест, вай шогирди ана ҳамон Алиевҳо буд, — гуфт номбурда. 

Агар Қаршибоев устоди Каримов набошад, аз эҳтимол дур нест, ки ӯ писархонди Қаноатов ҳам нест ва эҳтимол генерал ӯро нашиносад ва дар мавриди ду гектар боғ доштанаш дар пушти ҳавлии Рустам Каримов низ бе иттилоъ бошад.

Ба таваҷҷуҳи масъулин

Ин қазия хеле чигилу пурмуаммост. Рустам Каримове, ки қабристонро забт карда, меҳнати сокинонро барбод ва 12 ҳазор сомонии онҳоро ба нобудӣ бурдааст, акнун мехоҳад, қабристонро ба ивази трактор баргардонад. Раиси ҷамоати деҳоти Истиқлол Ғайратҷон Неъматҷонов мегӯяд, ки зӯраш ба Рустам Каримов, ки аризабоз аст, намерасад.

Агар мо тадқиқоти ҷиддии журналистӣ барем ва ин қазияро аз реша омӯзем, фаъолияти чандин нафар масъулини ноҳияи Сипитамен, ки дар пушти Рустам Каримов истодаанд, зери шубҳа меравад. 

Бинобар ин, мо интизори шарҳи расмии ҳукумати ноҳияи Спитамен ва ҳалли боадолатонаи ин қазия хоҳем буд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *