Чаро картошка имсол арзон шуд?
Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 22 ҳазору 340 гектар кишти картошка гузаронидаанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон майдони 4 ҳазору 607 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 948 гектар зиёд мебошад.
То санаи мазкур дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии картошкаи ҷамъовардашуда 94 ҳазору 873 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 51 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 205,9 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 сентнерӣ зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ