Чаро мардҳои занмиҷоз зиёд мешаванд?
Намедонам, дар ин мавзуъ навиштан ҷоиз аст ё не, вале хомӯш нишастан ҳам наметавонам. Мутаассифона, имрӯзҳо сафи мардони занмиҷоз меафзояд. Инро вирус — вабои аср ҳам гӯем, хато намекунем.
Боиси нигаронист, ки чунин нафарон миёни мардони тоҷик низ пайдо шудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ном ҷавонони тоҷик пайдо шудаанд, ки рӯйрост ба ҳамҷинсгаро будани худ иқрор шуда, худро чун зан орову торо медиҳанд ва худашонро тарғиб мекунанд. Афсӯс, ки чунин нафарон ҳамақида ва тамошобину обуначии зиёд доранд.
Имрӯз миёни мардҳои тоҷик нафароне пайдо шудаанд, ки худашонро чун зан орову торо медиҳанд, қош мечинанд, рангубор мекунанд, ҳатто лабҳояшонро ботекс карда мегарданд.
Чанд рӯз пеш дар маркази савдои “Садбарг” ба кошонаи ҳусн даромадам. Марде ба пушт хоб буду ба ӯ мижа мемонданд. Ин саҳнаро дида, ҳуш аз сарам парид. Ман намедонам, ки чӣ гуна садди роҳи ин тамоюл бояд шуд ва пеши роҳи чунин нафаронро гирифт. Вале дақиқ медонам, ки ин чиз оқибати хуб надорад ва бояд чунин зуҳурот дар ҷомеаи мо решакан шавад. Шояд мақомоти дахлдори кишвар дар ин маврид андеша мекунанд.
Мадина АБРОРОВА, шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ