Чаро Матлуба шавҳаргурез шуд?
«Ман шавҳар намекунам. Дарди сари зиёдатӣ чӣ даркор?! Беақл касест, ки сари беҷанҷолашро дар ҷанҷол мемонад…»,-ин суханҳои дугонаи ҷониям Матлуба аст, ки ҳар дафъаи ба хонаашон хостгор омадан бо шӯру валвала ба забон оварда, ба қавле хонаро ба сараш мебардошт.
Насиҳаташ мекардам, ки умрашро беҳуда нагузаронда аз паси бахташ шавад, вале дар ҷавоб «шумо шӯ карда чӣ гирифтед, ки ман мегирам» мегуфту даст меафшонд. Рафтори дугонаам дар дилам тухми шубҳа кошт ва қарор додам, ки сабаби шавҳаргурезиашро аниқ мекунам. Матлуба духтари босавод буда ҳамроҳи ман дар бонк кор мекард. Рӯзе аз кор баромада дидам, ки дугонаам ба самти хонаашон нею ҷониби дигар равон аст. Ноаён аз пасаш поидам. Матлуба ба касе занг зад ва дере нагузашта мошини сиёҳшишае пайдо шуда дар наздаш қарор гирифт. Ба мошини ношинос нишастани дугонаамро дида таксиеро киро намуда, аз ронанда хоҳиш кардам, ки аз паси ҳамон мошини хориҷӣ таъқиб намояд. Мошин дар назди меҳмонсаройи Вахш қарор гирифт ва Матлуба бо нозу ишва аз он фаромада ҳамроҳи ронандаи пуркару фар суҳбаткунон ба меҳмонхона даромад. Аз афташ масъулон шиноснома пурсиданд, ки ҳарду баробар ҳуҷҷатҳояшонро бароварда нишон доданду ворид шуданд. «Ана гап дар куҷо будааст?» пичиррос задам худ ба худ зери лаб ва аз ронандаи таксӣ хоҳиш кардам, ки маро ба хонаам барад. Субҳи рӯзи дигар Матлуба аз ман хоҳиш кард, ки як дам дар ҷои ӯ бишинам, то рафта холаашро аз роҳ гузаронад. Матлуба аз дар баромаду телефонаш занг зад. Гӯшакро бардоштам. Аз он ҷониб садои мардонае омад: «Матлубҷон, дирӯз хуб кайф кардем-дия, чи мешавад, ки ин бегоҳ ҳам шаҳди якдигар бичашем. Ало… алооооо….» бо шунидани ин гапҳо ҳуш аз сарам парида осемасар телефонро хомӯш намудам. Матлуба баргашта дар телефонаш чанд занги бе ҷавобро диду худаш ба ҳамон мард занг зад. Бо ошиқаш чақ-чақкунон вай тез-тез ба сӯйи ман нигоҳи пурғазаб меафканд. Пас аз корашро тамом кардан дугонаам нимғурма пурсид: «Шумо телефони маро бардошта будед?» Худро ба нодонӣ зада гуфтам, ки ба телефонаш занг омаду барои ба дигарон халал нарасонидан ман овози телефонро паст карда мондам. Кӣ занг мезад, намедонам. Матлуба нафаси осуда кашида бо ман хайрухуш кард. Хостам найрангҳои Матлубаро ба модараш бигӯям, вале боз андеша кардам, ки шояд ба гапам бовар накарда маро туҳматчӣ хонанд. Матлуба мехоҳад дӯстиашро бо ман давом диҳад, вале дили ман аз ин духтари зоҳиран шармгини ботинан шайтонсират ях барин хунук шудаасту рӯяшро дидан намехоҳам.
Аз тамоми духтарон хоҳиш мекунам, ки мисли Матлуба ба доми шайтон афтида ҳаёти худро насӯзанд. Дилатон мард мехоста бошад, бо обрӯ ба шавҳар бароед ва поку ҳалол зиндагӣ кунед, то худро гунаҳкору волидонатонро шармсору шарманда насозед, духтарҳо!
Ҳилола, ш. Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ