Чаро мазори Берунӣ хароб аст?

1050-солагии олим ва файласуф Абурайҳони Берунӣ (973-1048) солҳои 2022-2023 бо иштироки ЮНЕСКО ба таври густурда таҷлил хоҳад шуд. 

Тибқи гузоришоте, ки се моҳ пеш таҳия шудааст, дида мешавад, ки мазори Абурайҳони Берунӣ — марде, ки шуҳраташ дунёро фаро гирифтааст, дар Ғазнӣ хароб аст, дар болои қабраш ҳатто тахтасанге ҳам гузошта нашуда, ҳеҷ шароите барои зиёраткунандагон фароҳам оварда нашудааст…

Абурайҳони Берунӣ ҳамон нобиғае аст, ки шашсад сол пеш аз Галилео медонист, ки замин гирд аст. Ин ҳамон донишманде буд, ки панҷсад сол қабл аз Коперник медонист, ки замин ба гирди хуршед мечархад. Ӯ дар китоби «Ал-тафҳим» ҳолоти мухталифи қароргирии моҳро бо хуршед тартиб карда буд. Ин абармард аввалин инсоне буд, ки ҳазор сол қабл шуои заминро ҳисоб кард, ки камтар аз як дарсад хато дошт. Вай аз аввалин касонест, ки дар пайдо кардани вазни махсуси баъзе аз аҷсом мубодират кард. Ба шаҳрҳои мухталифе сафар мекард ва ба андозагирии тӯлу арзи ҷуғрофиёи онҳо мепардохт. Пас ба ҳамин далел мавқеияти ҳар шаҳрро ба рӯи кура мушаххас мекард. Пас аз солҳо тавонист он нуқотро дар рӯи як нуктаи мусаттаҳ пиёда кунад ва ин муқаддимаи илми кортографист, ки бо Абурайҳон шуруъ шуд.

Абурайҳони Берунӣ зидди ақидаҳои хурофотӣ буда, рӯшан аз таассуб интиқод мекунад. Аз нигоҳи Берунӣ хурофот асоси бисёре аз бадбахтиҳои инсон аст, ки мегӯяд: «Таассуб чашмҳои биноро нобино ва гӯшҳои шунаворо ношунаво мекунад».

Яке аз ховаршиносони машҳури олмонӣ мегӯяд: “Ӯ қариб дар ҳамаи шохаҳои илмҳои мавҷуд дар замонаш устод буд”.

Мутаассифона, дар шинохт ва баррасию замонависозии китобҳои Берунӣ корҳои шоистае сурат нагирифтааст. Агарчи мавриди омӯзиши амиқ қарор надодани осори ӯ, ки бештар аз 142 китоб шуморида шудааст, боиси таассуф бошад, оё эҳтиром нагузоштан ба мазори чунин нобиға фоҷиа нест?!

Фозили ҲАФТКУЛӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *