Чаро мубориза дастаҷамъона нест?
Дар 20 соли охири фаъолияти журналистиам дар ягон рӯзномаю маҷалла, чӣ давлатию ҷамъиятӣ, чӣ соҳавӣ боре навиштаҳои раиси ягон шаҳру ноҳия, мудири бахши ҷавонон, занон, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, маънавиётро оид ба сабабу хатарҳои падидаҳои хатарзои аср: тероризм, омилҳои шомилшавии ҷавонон, бонувон ба гурӯҳҳои тундрав, вокуниш нишон додан ба ҳизбиёни наҳзат нахондаам.
Чаро аксар мансабдорон аз рӯзноманигорон дар ҳаросанду гурезон, аз навиштаҳои танқидии онҳо норозию эътироз, вокунишҳои сахт мекунанду нисбати хоинони миллату диёр, Ватан ҳарфаке иншо карда наметавонанд? Шояд ватандӯстию ватанхоҳӣ рӯидилакӣ бошаду дар сару дар дил дигар пайкору нияту мақсадҳо дигаранд? Ё шояд ба таҳқиру буҳтон, фаҳшу дурӯғҳо, фиребу найрангбозиҳои наҳзатиён, гурӯҳҳои тундравии «Ансорулоҳ», Ҳизби исломии Туркистон, бунёди Давлатҳои исломии Шому Ироқ «Туркияи бузург» розию ҳамфикр бошанду аз онҳо пайравӣ кунанд?
Ба қарибӣ дар нишасти матбуотии ноҳияи наздисарҳадии вилояти Хатлон аз раиси он чунин посухро хоҳон шудам: дар ҳисоботу маърӯзаҳоятон ҳамасола чунин мисол меоред, ки идораҳои ҷавонон, маориф, фарҳанг, маънавиёт, раисони ҷамоатҳо ҳазорҳо ҳазор суҳбату вохӯриҳои гуногун бо аҳолӣ мегузаронанд. Пас решаи афзуншави ифротгароён, терористон, пошхӯрии оилаҳо, дуздӣ, қаллобӣ дар чист? Ё суҳбату вохӯриҳои онҳо бетаъсиранд ва ё мошинаи идеологии кишвари мо корношояму фарсуда аст?
Ҳоло давраи ҷангу муборизаи иттилоотӣ аст, танҳо бо сухани бурро, қавӣ, асоснок, мантиқи воло метавон мухолифону хоҷагони обрези онҳоро мағлубу ради маъракаи олам кард. Аммо дар асл бошад, ин тавр нест. Пас масъулини Ҳукумати кишварро мебояд ин раванди бе бозгаштро нодида нагирад ва ҳатман Стратегияи дарозмуддати беҳдошти корҳои итилоотӣ, вокунишҳои шадиди роҳбарону мансабдорони зинаҳои аввалро таҳия ва қабул намоянд.
Нурулло Ҳасанов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ