Чаро нақшаи андоз иҷро нашуд?

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ихтисори кормандон, зиёд нашудани маош ва қаллобии бархе корхонаҳоро аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ арзёбӣ намуд.

Нусратулло Давлатзода 21 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 89,1% иҷро гардида, ба ҷои 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ, 1 миллиарду 381 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд: “Ин нисбат ба нақша 169 миллион сомонӣ кам мебошад. Сабабҳои асосии иҷро нагардидани андози иҷтимоӣ дар он аст, ки дар пай таъсири буҳрони молиявӣ ва ногувор гардидани шароити молиявии андозсупорандагон музди меҳнат дар як қатор корхонаҳо кам афзоиш ёфта, дар баъзе корхонаҳо шумораи кормандонашон кам шуд”.

Давлатзода таъкид намуд, ки иҷрои ин намуди андоз аз афзоиши музди маош ва фаъолияти шаффофи корхонаҳо низ вобастагӣ дорад: “Дар ин самт мебахшед ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳисобу китоби худро дуруст пешниҳод намекунанд. Сармуҳосибони ташкилоту корхонаҳое буданд, ки ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардаанд. Ҳуҷҷати муҳосиботии пешниҳодкардаашон қалбакӣ аст. Даҳҳо миллион маблағҳои давлатиро медузданд. Ҳазорҳо ҳолатҳе аст”.

Раиси Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки соли сипаришуда нисбати фаъолияти 1883 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронидаанд: “Дар натиҷа маблағи 1 миллиарду 75,7 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Аз ин маблағ 638,7 миллион сомонияш ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбати соли 2015, 211 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Нусратулло Давлатзода афзуд, нисбати андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонкунии андозҳо ба маблағи калон роҳ додаанд, барои чораҷуӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 363 маводи санҷишӣ ба маблағи 734, 1 миллион сомонӣ ирсол кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *