Чаро нахустин роҳбари Тоҷикистонро фаромӯш кардем?

Оғоз ва ё бачагиву наврасӣ

Русия баъди забти Тошканд, дар ниҳоят вилояти Самарқанд ва баъдан вилояти Панҷекатро тасарруф намуд — ин авохири солҳои шасту аввали ҳафтоди қарни нуздаҳ буд.

Дар маркази вилояти Панҷекат, яъне дар шаҳристони Панҷекат пойгаҳи ҳарбиашро мустақар намуд. Азбаски он вақт Шаҳристон то девораи ғарбии Қурғон, то дарвозаи Бухоро мерасид, пойгаҳи ҳарбии рус баъди девори Кӯрғон ва баъд аз гузари Дарвозаи Бухоро, дар шакли мураббаъ ба миён оварда бишуд, қад — қади роҳ, яъне яке аз мақсадҳо зери назар доштани роҳи асосӣ буд.

Баъзе аз афсарони Гузари Урусхонаи Панҷекат хумори ҷангро, ки дигар ба охир расида, бо он мешикаста, ки мебаромаданд, шикор ба кӯҳистони ин мавзеъ ва зиёд тирпарронӣ мекарданд ҷониби ҳайвони вуҳуш. Хосатан тарафи гурозҳо, яъне хукҳои ёбоӣ, ки баъди омади ислом ба мардуми кӯҳистон истеъмоли он мамнуъ гардида; аз ин боис, тӯли садсолаҳо, дар кӯҳистони ин ҷойҳо хукҳои ёбоӣ афзуда, гурӯҳ-гурӯҳ мегаштанд, кунун афсарони артиши руси подшоҳӣ аз гӯшти лазизи онҳо фаровон истифода мебурданд.

Яке аз афсарони рус бо фомили Василий Волков ба деҳи Зебон зиёд меомад ва яке аз сокинони ин ҷоро бо худ мебурд барои шикор, бо вай ҳамнишину ҳамдил гардида буд, ҳатто завҷаи худро ба хонаи ин дӯст ба меҳмонӣ меовард, ки ин ҷо барояшон хушоянда буд.

Чун ин оилаи рус фарзанд надошт, ба фарзандони хонадони марди зебонӣ меҳру муҳаббати хоса зоҳир мекард ва махсус ба як писарчаи онҳо.

Баъди чанд сол «дӯсти тоҷик», яъне сокини деҳкадаи Зебон аз олам даргузашт ва оилаи рус яке аз писарони вайро ба тарбияи худ гирифт. Инро қарзи виҷдони худ ҳисоб мекард назди дӯсти фавтида. Модари аслии писарак низ ба ин розигӣ дод, зеро фарзандони зиёди ятиммонда дошту як худаш ҳамаи онҳоро хӯронда, пӯшонда ва саришта карда наметавонист.

Оилаи рус дар хуҷҷатҳо кунияи тоҷикии ин писарро эмин дошт, яъне «Чинор писари Имом» навишт.

Ҷойи истиқомати писарак, чун падару модари наваш, Гузари Урусхонаи Панҷекат гардид, яъне андаруни гарнизони руси ин ҷо.

Писарак ҳамроҳи падару модари наваш зуд-зуд мерафт ба деҳкадаи Зебон, ба хабаргирии модари аслаш ва додару хоҳаронаш.

Ин ҳама то даме буд, ки падару модари нави вайро барои идомаи хизмати ҳарбӣ гузаронида буданд ба гарнизони дигари рус, яъне ба Самарқанд.

Акнун ҳаёти писарак Чинор дар Самарқанд сипарӣ мегардид, пасон дар Петербург мегузашт, ки падару модари русаш зодаи пойтахти кишвари Рус будаву ин ҷо баргашта: зеро муҳлати хизмати ҳарбиашон ба охир расида.

Тоҷикписар Чинор, дар Петербург, дар хонадони рус тарбия ёфта, таҳсилаш дар ин ҷо сурат мегирифт.

Баъд дар арафаи инқилоби болшевикӣ Чинор аз Петербург ба Самарқанди паҳлуи зодгоҳаш, яъне шафати Панҷекат, баргашт, чун шахси таҳсилдида ва маърифатгирифта буд, ҳамроҳи як зумрае аз зиёиёни тоҷик (хоса Шакурӣ) дар кушодани мактабҳои ҷадид саҳм мегузошт.

Бо дастгирӣ ва мадади бевоситаи ӯ ва ӯ баринҳо, баъд, нахустин рӯзномаи инқилобии миллати мо «Овози Тоҷик» ба нашр бирасид дар Самарқанд.

Чинор дӯст ва ҳамнишини наздики устод Айнӣ буд, ки аз он айём чандин сурати якҷояи онҳо то замони мо расидаанд.

Баъдтар тақдири минбаъдаи болооби Зарафшон ва тақдири як қисмати шимоли Тоҷикистон ва ҳатто сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик, то ҳадде ба Чинор низ вобастагӣ пайдо намуд. Зеро вай оянда аз нахустин роҳбари давлати тоҷикон интихоб гардид. Яъне давлати тоҷикӣ, ки баъди ҳазор соли давлати Сомониён дар ҳудуди Осиёи Миёна арзи ҳастӣ намуд.

Тақдири минбаъдаи Чинор ва тақдири Тоҷикистон

Далелҳои таърихӣ мондаанд, ки чун соли 1924 пантуркизм бо дили нохоҳам ва монеъгарии зиёд дар ҳудуди Ӯзбекистон ташкил шудани ҷумҳурии автономии Тоҷикистонро таъин кард, роҳбароне, ки ба ин ҷумҳурии нави автономӣ фиристоданӣ буданд, аз тарси ҷонашон, ки дар Тоҷикистон ҷангҳои шадиди шаҳрвандӣ идома дошту он ҷо рафтан ба марг баробар меомад, намерафтанд ва ё рафтан намехостанд ба он самт. Ва маҳз ҳаминро баҳона карда, пантуркистон мехостанд Тоҷикистон вилояти автономӣ бимонад дар тобеияти Ӯзбекистон. Вилоят мондани Тоҷикистон маънои дар оянда ассимилиятсия кардан ва нест намудани миллати тоҷик дар Осиёи Миёнаро ва ба даст наомадани мустақилияти сиёсии онро дошт.

Вале маҳз Чинор Имомов ба намояндагони аз Маскав омада, фаҳмонда буд, ки ҳоло пантуркистон чӣ газофу макр бофта истодаанд ба сари миллати асосии Осиёи Миёна, яъне тоҷикон. Ва чун Чинор Имомов бо болшевикони Маскав ва Санкт-Петербург қарин буд, боиси ҳароси панӯзбекон мегардид.

Онҳо ба Чинор Имомов зарба задан мехоста ва мегуфтанд, ки «худат ҳам намеравӣ ҳамчун роҳбар барои наҷоти кадом як миллати набудаи Осиёи Миёна, ки тоҷик ном мебарӣ. Намеравӣ, ки аз он ҷо зинда баргаштанат амри маҳол!»

Рақибон бисёр мехостанд бишнаванд, Чинор Имом изҳор карда бошад: «ман ҳам намеравам!» ва дар асоси ин бигӯянд «аз ин боис Тоҷикистон вилоят бимонад дар ҳудуди Ӯзбекистон!»

Аммо Чинор Имомов бархоста, изҳор намуд: «Меравам, ба Тоҷикистон, зеро фарзанди ин миллати таҳҷоӣ ва қадимтарини Осиёи Миёна бошам, яъне фарзанди тоҷикам!»

Чинор на танҳо нахустин роҳбари ҷумҳурии автономӣ гардид (котиби аввали Кумитаи марказии ҳизби болшевики ҷумҳурӣ, ки он замон ин ҳизб сарвари асосии ҳар ҷумҳурии шӯравӣ буда), балки барои ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон бо шарикии зумрае аз фарзандони талошгари миллат (Нисор Муҳаммад ва Абулқосим Лоҳутӣ) ва хоса дӯстони петербургиаш (шарқшинос, академик Бартольд Василий Владимирович, шарқшиноси сатҳи ҷаҳонӣ Бертельс Евгенний Едуардович) талош ва диловарии зиёд ба миён биовард ва соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил шинохта бишуд.

Ҷасоратҳои дигари Чинор Имомов

Чинор Имомов нахустин нафаре буд, ки пойтахти нави Тоҷикистонро, ки он вақт аз деҳачае беш набуд, азнавсозӣ кардан мехост ва таъкид менамуд: «Дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ва бо сабабҳои маълум шаҳрҳои қадимаи мо, ба амсоли Самарқанду Бухоро, ба ҳайати Ӯзбекистон мононда шуданд, акнун имрӯз таърих ва рӯҳи муқаддаси аҷдодонамон назди мо вазифа гузоштааст, то Душанберо ба монанди Самарқанду Бухоро ободу ороста гардонида тавонем».  (иқтибосҳо аз китоби И. Келдиев “Чинор Имомов”).

Чинор Имомов буд, ки аз рӯи зикри таърихнигорон ва аз рӯи ин иқтибосҳо ҳамчунин «Дар бунёди роҳҳои мошингарди Душанбе-Ҳисор, Душанбе – Регар, Душанбе – Қӯрғонтеппа, Душанбе — Кӯлоб бевосита ширкат варзид (яъне аввалин роҳҳои мошингарди Тоҷикистонро вай ба миён овард), барои дар сари вақт ба итмом расондани онҳо диловариҳо нишон дод. Саҳми вай дар бунёди роҳи оҳани Тирмиз -Душанбе азим ва назаррас бошад, ки Тоҷикистонро бо тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст гардонида тавонист…», — менависад Имомназар Келдиев.

Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани қисмати бештари водии Зарафшон (яъне тамоми ҳудуди Панҷекат ва қисмати бештари ноҳияи Айнӣ, яъне аз тангнои Дардар то худи Саразм), на соли 1924, ки Тоҷикистон ҷумҳурии автономӣ эълон шуда, балки ба соли 1926 рост омада буд. Яъне дар оғоз неруҳои пантуркизми онвақта ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудани ин минтақаи муҳими водии Зарафшонро намехостанд.

Сарвари аввали Тоҷикистон Чинор Имомов чун ин ҷо ба хабаргирии модари тоҷикаш биомад, қариб сад фисади мактабҳои тамоми водии тоҷикнишини Панҷекат ва қисмати бештари навоҳии Фалғарро (ноҳияи Айнии ҳозира) ба мактабҳои ӯзбекӣ бадалшуда дарёфт, ин ҷо бо чашми худ мушоҳида намуд, бо гӯши худ шунид, тоҷикони дирӯза, ки ҳамааш шуда як-якуним сол боз ба мактабҳои ӯзбекӣ ҷалб карда шудаанд, ҳар рӯз дарсҳои худро иҷборан ва бо роҳи зӯрӣ, бо тараннуми гимне оғоз мекунанд, ки чунин бошад:

Туркиз эдариз,

                   доим ифтихор,

Хилкатла бошла,

                    ошкила чорпо.

Улда санчок,

                 элда сунгу қалбда тангрибиз,

Дунёга ҳоким,

                 улман истариз…

Тарҷумаи таҳтуллафзии шеър чунин бошад:

Мо туркнажод будему ҳастем,

                  Аз ин ҳамеша ифтихор дорем.

Аспсаворем,

       Аслиҳа дорем, (яъне ба ҷанг ҳамеша тайёрем).

Дар дасти рост байракамон.

                   Дар дасти чап силоҳамон.

Дар дил Худо.

        Мехоҳем дар саросари дунё ҳукмронӣ бикунем

                  Ва ҳоким бимонем!

Чинор Имомов, ки тарбиягирифтаи хонадони руси Санкт-Петербург буд, ҳамоно роҳи Маскавро пеш гирифт, ба исбот расонд ва ҳамчунин бо ҷалби дӯстони масквагӣ ва петербургии худаш (хоса олимони шарқшинос) муяссараш гардид, ҳудудҳои Панҷекату қисмати бештари ноҳияи Фалғарро (ноҳияи Айнии ҳозира, яъне аз тангнои Дардар ин тараф) ва як қисмати шимоли кишварро ба ҳудуди Тоҷикистон баргардонад ва қисмати бештари мактабҳои ин ҷо тоҷикӣ карда бишаванд.

Баъди гузашти солҳо, акнун, тасаввур кардан чӣ ташвишовар буда гар ин ҳудуд, ки зодгоҳи устод Рӯдакӣ маҳсуб мешавад, пораҳои таърихии миллат — Панҷекати қадима ва Саразми шашҳазорсола ин ҷо мавзеъ дорад, дар ҳудуди кишвари ҳамсоя мемонд… он гаҳ ин барои мардуми мо чӣ талафи азими маънавӣ ва фарҳангӣ мегардид.  

Ҷони худро боз ба хатар гузоштани Чинор Имомов

«Мувофиқи маълумотҳо шумораи тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро бештар аз 1 миллиону 200 хазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин рақамҳо носаҳеҳ оварда шудаанд. Дар амал бошад, шумораи тоҷикон қариб 700-800 ҳазор нафар кам нишон дода шудаанд, бисёр тоҷиконе, ки дар шаҳру водиҳои фарроху обод иқомат мекунанд, ҳамчу «ӯзбек» ба қайд гирифта шудаанд. Дар натиҷа ба ҳайати вилояти мухтори Тоҷикистон фақат кӯҳҳои урён, кӯҳсори аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда ва нообод ворид шуд, ки ин ҳолат ба пешрафти иқтисодиёту фарҳанги Тоҷикистон мамонияти ҷиддӣ ба миён меоварад. Ин ҳама аз рӯи инсоф ва адолати таърихӣ набошад…» (И. Келдиев. «Чинор Имомов»)

Чинор Имомов талаб пеш оварда буд:

«Шаҳрҳои Китоб, Шаҳрисабз, Карминаи вилояти Қашқадарё ва тамоми вилоёти Сурхондарёи ҷумҳурии Бухоро, ки аксари аҳолиашон тоҷиканд ва аз ҳар ҷиҳат ба шаҳру навоҳии Бухорои Шарқӣ вобастагии таърихӣ доранд, ба ҳайати вилояти мухтори Тоҷикистон ворид карда шаванд!» (ҳамон манбаъ)

Бо сарварӣ ва роҳбарии Чинор Имомов фатҳи водии Вахш низ шурӯъ гардида, ки бо номи Вахшсторой машҳур шуд ва маркази асосии кишоварзии Тоҷикистон бигардид. Ва роҳбарии он ба дӯши худи Чинор Имомов гузошта шуд.

Кушта шудан ва ба фаромӯшӣ супоридани Қаҳрамон

Роҳбари аввали Тоҷикистон Чинор Имомов дар солҳои бисту сивуми қарни бист миёни рӯшанфикрони миллатдӯст (хоса Айниву Лоҳутӣ) ҳамчу як шахси неруманд, қавӣ, созандаю пешбаранда нуфуси хосаро соҳиб буд, миёни табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар низ басо гиромӣ шуморида мешуд.

Вале бо фитнаи рақибони миллати тоҷик, ки навиштаву даъво пеш мебурданд: Чинор Имомов гурезаҳои Бухоро, Самарқанд ва Фарғонаро дар Душанбе ва умуман Тоҷикистон роҳ додааст ва манзил додааст, (яъне тоҷикзабонҳоро) шуъбаҳои қудратии онвақта, яъне ЧК, ки бештарашон аз пантуркистон ё туркзабонҳо иборат буданд, варо ба ҳабс кашиданд, баъди шиканҷаҳои зиёд додан, дар ниҳоят, ҳукми қатлашро эълон намуданд, яъне рақибон мехостанд бо ин фитнаи нави ба дохили Тоҷикистон андохта, ҳар равшанфикр, ки аз пантуркизм фирор карда, яъне узбак нашуда, аз Самарқанду Бухоро ё Фарғона ва дигар қитъаҳои тоҷикнишин ба мулки нави тоҷикон, яъне Тоҷикистон омада ва дар рушду такомули он саҳм гузоштан мехостанд, несту нобуд кунанд… 

Ҳамин тавр, бо гузашти давру замон ҷасорат ва диловариҳои Чинор Имомов фаромӯш гардид, ҳол он ки Чинор Имомов аввалин роҳбари давлати тоҷикон буд, ки баъди ҳазор соли давлати Сомониён, соли 1924 дар таърих арзи ҳастӣ намуд.

«Чинор Имомов, бешак, зебандаи унвони Қаҳрамони Тоҷикистон бошад», — навиштааст,  доктори фанҳои таърих, арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев, ки шоёни дастгирист.

Баъди фавти Чинор Имомов  

Ривоятҳо мондааст, ки падархонди руси Чинор Имомов, яъне Василий Волков ва ҳамсари ӯ вақти ба марг ҳукм кардани писарашон ҳанӯз зинда будаанд, вобастаи ин ба басо даргоҳи ҳукумат сар халондаанд, то ӯро наҷот диҳанд, вале чека ва тройка, ки шуъбаҳои қудратии солҳои сиюми ҳукумати шуравӣ буданд, онҳоро ҳамчун намояндаи нодаркору зараровари замони гузашта ҳабс намудаанд ва боз ривоятҳо расида, ки ҳар дуро паҳлуи ҳамдигар гузошта паррондаанд.  

Дар ин давра, миёни кӯҳҳои Зарафшон дар деҳачаи Зебон модари тоҷики Чинор Имомов дар интизории бозгашти фарзандаш нафас мекашад. Ва ин модар намози субҳашро мехонду ба бемадориаш ва бемориаш аҳмияте надода, сари теппаи даромадгоҳи деҳ мебаромад ва чашм ба интизори фарзанд буд.

Боре баъди фаромадани пардаҳои торикӣ кампирак ба ҳавлиаш барнагашт…  

Нисфи шаб наздиконаш вайро сари ин теппа афтода дарёфтанд. Вай бо забони лакнатпайдокарда нимғурма такрор мекард як маъноро: «…Ман фарзанди хоин назоидаам… Чинори ман ҳаргиз хоин нест… Хоса хиёнат накардааст ба деҳааш, хиёнат накунад ба миллаташ, хиёнат накунад ба мардум…».

Модар ин ҷо, дар сари ҳамин теппаи раҳпоияш ҷон дод…

Осорхонаи нахустин роҳбари Тоҷикистон

Баъди сафед шудани номи Чинор Имомв ҳокими шаҳри Панҷакент Шокир Собиров, ки худ муҳандиси дақиқназари сохтмон буд дар деҳаи Зебон “Осорхонаи Чинор Имомов”-ро бунёд кард.

Вале баъди аз вазифа рафтани Шокир Собиров ин  хона — музейро бо иҷозаи ҳукумати Панҷакент ва роҳбарони наваш ба дорухона, яъне аптека бадал доданд.

Масъулини Панҷакент ва ҳукумати он бошанд, ҳеҷ гоҳ қудрату тавон ва ҳиммате намеёбанд, ки дорухонаро ба шакли қадимааш, яъне осорхонаи фарзанди бузурги миллат, яъне осорхонаи Чинор Имомов баргардонанд. Зеро аз Чинор Имомови дар рӯи олам набуда ба ин масъулин маблағу фоидае намерасаду аз дорухона ва доруфурӯши барҳаёту даромадноке фоида рӯёнидан мумкин буду ҳаст.

Масъулини Панҷакент ҳамчунин ҳеҷ гоҳ ҷасорат ва ҳиммат намекунанд, ки Чинори Имомовро ба унвони арзандае пешкаш кунанд…

Бо вуҷуди ин месазад дар Панҷакент вобаста ба ҷашни Саразм дорухонае, ки як вақтҳо аз пули ҳукумат ҳамчун осорхона сохта шуда буд, то ҷашни Саразм аз нав ба осорхонаи Чинор Имомов бадал дода шавад, ки дар арфаи ҷашн, бо ширкати худи Ҷаноби Олӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун осорхонаи фарзанди арзандаи миллат рӯи мардум дарашро боз бикунад ва гӯяндаи зиндагинома ва корнома ва осорномаи ин марди сарсупурдаи фидокор шавад…

Шераки Ориён,

нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *