Чаро нархи хурокворӣ дар ҷаҳон меафзояд?

Шакар ду баробар қимат шуд. Нархҳои хӯрокворӣ — аз хӯроки чорво то шоколад — дар давоми 7 сол ба дараҷаи баландтарин расиданд.

Яке аз сабабҳои ин дар он будааст,ки ширкатҳои бузурги энергетикӣ ба истеҳсоли “сӯзишвории сабз” (сӯзишворие,ки аз зироат истеҳсол мешавад) фаъолона идома дода истодаанд.

Дар робита ба ин, менависад агентии Bloomberg, талабот ба лӯбиё, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо аз истеҳсолкунандагони сӯзишвории биологӣ зиёд шуд. Ин ба болоравии нархи озуқа мусоидат кард. Қайд карда мешавад, ки ғизо дар ҳама кишварҳои ҷаҳон минбаъд боз ҳам гаронтар мешавад.

Ба ин амалисозии барномаҳои мубориза бо тағирёбии иқлим таъсир мерасонанд. Дар ҳоле ки ширкатҳои энергетикӣ ҳаҷми сӯзишвории аз коркарди растанӣ ва чарбҳои ҳайвонот, ғалладона, лӯбиёгӣ, шакар ба дастовардаро афзоиш медиҳанд, нархҳо дар биржаҳои хӯрокворӣ бо суръати бесобиқа меафзоянд. Аз ҷумла, талабот ба лӯбиё ва ҷуворимакка нархи ин маҳсулотро дар давоми як сол ду баробар боло бурд. Шакар ду баробар қимат шуд. Нархҳои хӯрокворӣ — аз хӯроки чорво то шоколад — дар давоми 7 сол ба дараҷаи баландтарин расиданд.

Ба унвони мисол, оҷонсӣ табдили як корхонаи коркарди нафтро ба як корхонаи «сабз» мисол меорад. Корхонаи Сан-Франсиско (ИМА) -и “Филлипс 66”, ки дар тӯли соли гузашта ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони сӯзишвории таҷдидшаванда дар кишвар табдил ёфт.

Мувофиқи маълумоти бонки амрикоии JPMorgan Chase, то охири соли 2024 истеҳсоли сӯзишвории барқароршавандаи дизелӣ дар ИМА тақрибан 6 маротиба зиёд мешавад. Ин сабабгори норасоии ғизо ва бекорӣ дар саросари ҷаҳон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *