Чаро ободии хонаи дуюмро дидан наметавонем?

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ёфт мешаванд, ки ба пешрафти соҳаҳои гуногун самимонаву содиқона муносибат намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои ободӣ саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин нафароне низ ҳастанд, ки ин ободкориҳову пешравиҳоро дидан наметавонанд. Чун дар шабакаи иҷтимоии интернет дар бораи даргоҳи маърифатие, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ном дорад баҳсе меравад, касро ба олами андешаҳо мебарад. Бахусус нафареро, ки бо тамоми фаъолияти донишгоҳ шинос аст, дар он кор мекунад, нони онро мехӯрад ва пешрафтро мебинад, нисбат ба андешаҳои ѓаразнок бетараф буда наметавонад.

Дар ҳақиқат он ҷойе, ки кор ҳаст, албатта дар онҷо камбудӣ мешавад на ба маънои он, ки дар сомонаи интернетӣ доир ба фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳи пинҳон намудани ному насаб эродҳои нодурусте гирифта шудааст.

Замоне буд, ки фазои илмии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бисёр суст гашта, ҳатто дар факултетҳое, ки аз замони таъсисёбии донишгоҳ арзӣ вуҷуд доранд нафаре пайдо нашуд, ки як аспирантеро роҳбарӣ намояд ё ба кишвари дигар барои таҳсил дар аспирантура равон намояд. Ё аниқтараш нахост, ки мабодо фардо…

Чунин ҳақиқат баҳснопазир аст, ки шахсони қобили фаъолияти бузурги эҷодӣ (илмӣ, бадеӣ, тасвирӣ, ободӣ) ба тамоми ҳаёти ҷамъият нақши ба назар намоёне мегузоранд, ба афкори наслҳои оянда таъсири бонуфузе мебахшанд ва ҳамин ҷараён бузургиву ҷовидонии онҳоро таъмин менамояд.

Бале, роҳи пешгирифтаи роҳбари имрӯзаи донишгоҳ ба ин шабеҳ буда, дар самти сафарбарнамудани ҷавонон барои таҳсил дар зинаи аспирантура ин худнамоишӣ нест. Ҳатто замоне, ки берун аз донишгоҳ фаъолият доштанд, ҳамеша бо ёди донишгоҳ буда, дар таъмини заминаи кадрҳои илмӣ — педагогӣ саҳми калоне доранд, ки натиҷаи он самараи хубе дода, яке аз факултетҳои бонуфузӣ донишгоҳ аз буҳрони кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ дошта баромадааст. Мисоли дигар аз гуфтаҳои яке аз устодони донишгоҳ шодравон Шохуҷаев, аниқ дар хотира нақш бастааст, ки ректори имрӯзаи донишгоҳ, он замон корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, чандин маротиба аз он нафар хоҳиш кардаанд устодони ҷавонро назди ман бифиристед ва барои сафарбар намудан ба шуъбаи аспирантура дар самти «Телекоммуникатсия» кӯмак хоҳам кард. Оё ин магар ба таъмини раванди таълими имрӯза асос буда таметавонад? Чунин мисолҳо кам нестанд. Ё ҳамаи инро мо мадди назар намоем? На, ҳеҷ вақт чунин буда наметавонад!!!

Таърих шоҳиди ҳол аст, на нафароне, ки пешрафтро дидан ё аниқтараш қабул карда наметавонанд. Замоне расидааст, ки дар баробари чашми сар чашми дилро бояд кушод. Ва бо чашми дил фазои ободу зебоӣ донишгоҳро, ки мо онро хонаи дуюми худ меҳисобем, номи онро истифода бурда, гранту имкониятҳои васеъро ба худ мегирем, сафари хориҷа адо мекунем, нони онро мехӯрем бояд дид. На балки бо чашми бухлу ҳасад.

Агар ба хонаамон меҳмоне ташриф оварад оё мо ба ӯ муҳити чанголуду атрофи чиркинро нишон медиҳем? Ё дар чунин муҳит зиндагӣ мекунем? Агар на, пас барои чӣ ободии хонаи дуюми худро, дидан наметавонем? Дар сӯҳбату вохӯриҳо аз собиқ хатмкардагони донишгоҳ дар самти ободонӣ баҳои баланде дода мешавад. Чаро мо аз «ПАСИ ПАРДА» таъмири иҷрошударо, ки ба ҳусни донишгоҳ симои наве зам намудааст, мавриди танқид қарор медиҳем? Ҳама медонистанд, ки аризаҳои ҳавасмандгардонӣ тавассути шуъбаи ҳуҷҷатгузорӣ қабул шуда, аз натиҷаи фаъолият дар давраи муайян устодон ҳавасманд гардонида шуданд. Оё Шумо «АДЛУ ИНСОФ» дар озмун худ иштирок кардаед? Агар на? Пас чаро нафаре, ки дар ин ҷода заҳмат мекашад онро танқид мекунем……

Дар бораи баландшудани маош мо ором ҳастем, он кӯмакпулиҳое, ки дода мешавад гуфтанаш ба ёдамон намерасад, аммо дар ҷойи кори доимӣ, ки дар онҷо будан ҳатмист, талаб карда шавад ин дар назар бисёр гарон расида, баҳонае пеш меорем, ки даромад ва баромад ба донишгоҳ тавассути изи ангушт ба роҳ монда шудааст. Оё донишгоҳ муассисаи давлатӣ нест магар? Ё ин ки реҷаи вақти кории инҷо аз дигар муассисаҳои давлатӣ зиёд аст? Пас ин хел нест ва «ОМӯЗГОР» дар ҳақиқат худро ба Ватан дилсӯз нишон медиҳед оё беҳтар намешавад, ки ба ҷойи беҳуда ҳарф гуфтан як нафареро тарбия намоед!!? Ворид шудан бо изи ангушт бисёр хуб шуд, ки шахсони қобили «ФИРЕБ» ба танзим дароварда шаванд. Ба худ суоле диҳед ва пурсед, ки он қарордоди меҳнатиро дар чӣ ҳолат иҷро намуда истодаед. Оё он рӯзҳои машваратии дар қарордоди меҳнатиатон нишондодашуда ва бо имзоятон тасдиқ гардида иҷро шуда истодааст магар? Ба донишҷӯ дар рӯзҳои машваратӣ кор бурда истодаед? Ин магар озодӣ нест? Ин имкониятҳои Шуморо дар таҳияи китобу мақола маҳдуд намудааст магар? Бигӯед, ки то имрӯз чанд адабиёти таълимӣ таҳия намудаед ва мақолаҳои Шумо дар кадом журналҳои пурнуфӯз нашр гардидаанд?

Хуб медонед, ки пӯшидани либоси тавсиявӣ, мувофиқ ба талаботи оиннома ва низомномаҳои амалкунандаи вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Ин маърифати либоспӯширо аз ҳама нуқтаи назар хуб ифода менамояд. Аз нигоҳи ҷомеъа шахси бомаърифат, аз нигоҳи гигиенӣ  тозагии он аён, аз нигоҳи ислом шарму ҳаёро (нисбат ба оне, ки либосҳои сиёҳу тира ё бо брижаи андоми инсонро намоёнкунанда дар ҷойи ҷамъиятӣ бошем) ифода менамояд.

Шумо «СТУДЕНТ» талаботи қонун ва низомномаву оинномаҳои тавсиявиро иҷро намудаед, ки ба Шумо касе гапи бемаврид занад? Мегӯянд ҳаққи устод аз падар беш аст. Ҳеҷ устоде беасос шогирдро сарзаниш накардааст.

Доир ба гармӣ на танҳо дар утоқи кории ректор 27 дараҷа гарм аст, балки биноҳои таълимии 1,2 ва факултетҳои назди маҳаллаи Ҳаёти Нав низ аз ин бархӯрдоранд ва хушбахтона ин хело хуб аст. Ба худ суоле додаед, ки солҳои пеш аз ин ҳолат чӣ хел буд? Ё шояд танҳо имрӯз хунук хӯрдаед?  Пеш аз ин бояд андеша кард ва хуб медонед, ки дар минтақаи «Политехникум» то имрӯз шабакаи гармирасонии марказонидашуда гузаронида нашудааст. Новобаста ба ин утоқи кори ва синфхонаҳои дарсӣ бо гармкунакҳо таъмин буданд.

Таҳияи воситаи таълимӣ хуб ба роҳ монда шудааст, то имрӯз дар баробари чопи китобу воситаҳои таълимӣ методӣ бо забони русӣ иҷрои он бо забони давлатӣ низ амалӣ шуда истодааст. Зарурати номгӯи онҳоро овадан дар инҷо нест. Шумо «ЧУРКА» зарур мешуморед аз китобхонаи донишгоҳ дастрас намоед.

Кушодани ихтисосҳои нав талаботи замон аст муҳтарам «ВАЗИРОВ». Масалан дар шаҳри Душанбе Маркази гармию барқ бунёд шуд, чунин неругоҳҳо дар ноҳияҳои дигари кишвар низ солҳои наздик сохта мешаванд, ин аст талабот ба кушодани яке аз 9 ихтисосҳо.

Муҳтарам «АШУРЧА» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тавсия ва дар асоси озмун вобаста ба дархост ҳамасола ҷавонон ба курсҳои бозомӯзӣ ба хориҷи кишвар равон карда шуда, дар баробари ин он нафароне, ки ҳимояи рисолаи номзадӣ менамоянд, аз тарафи раёсати донишгоҳ бо қадри имкон дастгирӣ ёфта истодаанд. Курси такмили ихтисос дар хориҷи кишвар маблаѓи калонро талаб менамояд, ки якбора дар як сол ҳамаро равон кардан ѓайриимкон аст. Хуб медонед, ки имрӯз дар донишгоҳ курсҳои такмили ихтисос барои омӯзиши барномаҳои таълимие, ки  дар раванди таълим аз тахтаҳои интеррактивӣ истифода мешаванд, ташкил шудааст. Дар масъалаи таъминоти моддӣ техникӣ бошад, синфхонаҳои назди кафедраҳо бо компютерҳо ва синфхонаҳои калони лексионӣ бо тахтаҳои электронӣ таъмин буда, озмоишгоҳҳо ба қадри зарурӣ бо дастгоҳҳо таъминанд. Вобаста ба талаботи замон  боварӣ дорем, ки дар як муддати кӯтоҳ таъминоти синфхонаҳои озмоишӣ бо дастгоҳҳои муосир амалӣ хоҳад шуд. Дар масъалаи гӯё, ки вазифаи мудирони кафедра ва деканҳои факултет дар бозор савдо мешуда бошад, ин танҳо тӯҳмат буда, ягон асоси воқеӣ надорад.

Қобили зикр аст, ки яке аз сабабҳои асосии ба бархе нафарон писанд наомадани роҳи пешгирифтаи имрӯзаи донишгоҳ ва «ҚАЛАМ» ба даст гирифтани онҳо, ин мушкилоти чӣ гуна аз иҷрои талабот баромаданашон аст. Талаботе, ки аз рӯи виҷдон дар ҷойи корӣ будану қарордоди меҳнатиро иҷро намудан. Аз навиштаҳо чунин ба назар мерасад, ки шахсони алоҳида тавассути ѓаразҳои нопоки худ, кӯшиш менамоянд, ки авзои ороми донишгоҳ ноором бошад.

Бовар ба он дорам, ки бо фарорасии мавсими гармо, таҳти шиори «Ту мапурс, ки Ватан ба ту чӣ дода метавонад, бигӯ ки худ барои меҳанат чӣ метавонӣ дод!» қалби ҳар корманди донишгоҳ гармтар, нигоҳаш ба сӯи ояндаи дурахшони он тезтар, фаъолияташ пурсамартар гашта, нуфӯзи донишгоҳ аз ин ҳам бештар хоҳад шуд.

Лоиқ САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *