Чаро падари Фотима ҳамроҳаш хӯрок намехӯрд?

Фотима Машрабоваро серкории падар ба саҳна овард. Артур Машрабов, яке аз коргарондонҳои машҳури савт дар Тоҷикистон, ба шавқи духтараш, ки мехост, овозхон шавад, мухолифат накард.

Ҳамроҳ бо падар таҷлил кардани Наврӯз ва ҷашнҳои муҳими дигар орзуи ҳамешагии Фотима Машрабова дар замони наврасӣ буд. Духтари хурдӣ ва эркаи хонавода ҳамеша аз он шикоят мекард, ки падараш корро бештар аз онҳо дӯст медорад. “Худсафедкуниҳо”-и падарро аслан қабул надошт.

«Ҳамеша шикоят мекардам, ки чаро падарам мисли дигарон дар рӯзи ид сари дастурхон ҳамроҳи мо нест? Чаро бо мо сайругашт намеравад? Мегуфт серкор аст, вале ман, ки фарзанди хурдӣ ва эрка будам, он вақт ӯро дарк намекардам», — нақл кард ӯ.

Ҳоло дигар худаш ҳам мисли падар дар ростои ҷашну идҳо дар хона кампайдо аст ва акнун падарро дарк мекунад: “Акнун мефаҳмам, ки кори падарам чӣ қадар мушкил будааст. Ҳоло волидон дар рӯзҳои ид маро мекобанд. Даъват ба ҷашну барномаҳо хеле зиёд асту вақт кам.»

Падари Фотима Артур Машрабов машҳуртарин коргардони овоз дар Тоҷикистон, фарзанди ҳунарпешаи маъруф Устодқадам Машрабов аст. Падар ҳам иқрор мекунад, ки маъмулан ҷашну идҳои муҳим, аз ҷумла Наврӯзро дур аз хонавода ва паси саҳнаи бузург таҷлил мекунад. Аз Артур хоҳиш кардем, аз хотираҳои наврӯзии худ қисса кунад, аммо посухаш хеле кӯтоҳ буд ва гуфт, дар ин ҷашн ҳамеша дар кор аст.

Артур Машрабов

Бо вуҷуди серкорӣ дар ростои ҷашни Наврӯз, Фотима иҷрои оинҳои муҳими ин ҷашнро аз ёд набурдааст. Ӯ хонаашонро тоза кардаву барвақт ба истиқболи рӯзи нав омода шуда буд. “Аз пеш медонистам, ки корам зиёд мешавад ва фурсат намеёбам, бинобар ин, ҳамроҳ бо модару янгаҳо пештар аз ҷашн хонаро тоза кардем. Дар Бадахшон ин маросим ҳатмӣ аст ва ман ҳам, албатта, кӯшиш мекунам онро риоя кунам”, — гуфт ӯ.

Наврӯз барои ӯ як ҷашни хос аст. Маҳз дар ин ҷашн чанд соли пеш ӯ бори аввал рӯйи саҳна омад ва бо оҳанги Даргилак худро муаррифӣ кард. Аксари таронаҳояш ҳам дар васфи баҳору Наврӯз ва ишқу муҳаббастанд.

Бознашр аз «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *