Чаро пиру кампир ҷанг мешаванд?

Чаро зану шавҳар сагу гурба мешаванд?

Аксарият бар онанд, ки агар зану шавҳар чандин сол якҷоя умр бар баранд, ин нишонаи дар зиндагӣ хушбахт будани эшон аст. Ду инсон солҳои зиёд дар як болин сар ниҳода чунон ба ҳам қарин мегарданд, ки ҳатто одатҳо ва нигоҳашон ба зиндагӣ якхела шуда, якдигарро аз ним нигоҳ мефаҳмидагӣ мешаванд. Баъзан дар ҳақиқат чунин мешавад, вале гоҳи дигар дар даврони пирӣ зану шавҳари замоне ба якдигар қарин чун сагу гурба душман мешаванд. Сабаб чист?

Саломатӣ ва боигарӣ

Зану шавҳар умре паҳлу ба паҳлуи ҳам қадам зада, фарзандонро оиладор мекунанд, соҳиби набераҳои баркамол мешаванд, ба назар чунин мерасад, ки зиндагӣ бо маҷрои худ равон аст, вале бибиву бобо якдигарро чашми дидан надоранд. Дар ин синну сол пиру кампир бояд аз пештара дида, бештар нисбати якдигар меҳрубон бошанд, аммо дар баъзе оилаҳо баръакс дилхунукӣ рӯз ба рӯз зиёд гашта, минбаъд зери як бом зистани зану шавҳар имконнопазир мегардад. Сабаби дилхунукии равонӣ мушкилиҳое мебошанд, ки ҳарчи зудтар бояд рафъ намуд. Мушкили рақами 1 бад шудани вазъи саломатӣ аст. Вақте зан ё шавҳар бемориҳои ирсӣ дорад, ба дилаш чизе намеғунҷад ва асабониву тундмиҷозу якрав мешавад.

Зиндагии фақирона

Дар даврони пирӣ на ҳамаи зану шавҳарон дар сояи давлати фарзандонашон роҳат карда метавонанд. Нафақае, ки дар ин синну сол бибиву бобоҳои мо мегиранд, ҳатто барои харидани доруву дармон намерасад. Баъзан камбудиҳои фарзандон, носозгории келину писар ё духтару домод ва ҳазору як мушкилоти дигари рӯзгор боиси ба якдигар душман гаштани пиру кампир мегардад.

Кӣ гунаҳкор?

Чунин ҳам мешавад, ки нафрати ҳамсарони пир аз зиндагии солҳои пешин аз сар гузаронидаашон маншаъ мегирад. Эҳтимол гап сари хиёнате меравад, ки бо вуҷуди бахшида шуданаш, дар як гӯшаи дил ҳамчун доғи сиёҳ боқӣ мондааст ва ҳеҷ аз хотир зудуда намегардад.

Эҳтимол ин зану шавҳар дар ҷавонӣ бо якдигар созиш карда наметавонистанду ба хотири фарзандон ё падару модар зери як бом зиндагиро давом доданд. Дар давраи пирӣ косаи сабри ин ҷуфт лабрез гашта, пиру кампир ба якдигар бегона мешаванд.

Мардоне, ки умре бо пули калон кор карда, зиндагии серу пур доштанд, дар давраи пирӣ муҳтоҷу дастнигар шуда, асабиву руҳафтода  мегарданд. Шавҳари бекормонда ба камбудиҳои майда-чӯйдаи хона, ки пештар чандон диққат намедод, хурдагирӣ намуда, ба ғамхориҳои занаш нисбати фарзандону наберагон рашк мебарад.

Бояд гуфт, ки бонувон бо рафтани синну сол нозуктар мешаванд ва беаҳамиятии шавҳар ва наздикон ба дилашон хеле сахт мерасад. Умуман, сабабҳои дилсардии марду зани солашон ба ҷое расида хеле зиёданд ва дар ҳар оила мушкили худро дорад. Гунаҳкор кофтан дар ин маврид маънӣ надорад, зеро барои оромию тинҷии хонавода бояд ҳам мард ҷавобгар бошаду ҳам зан.

Чанд қадам ба сӯйи оштӣ

Барои он ки дар дами пирӣ хандахариши дӯсту душман нагардед, барои оштӣ шудан бояд ҳам марду ҳам зан кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамин ки гапатон гурехт ва ҳис кардед, ки байнатон муноқиша сар мезанад, роҳи гурехтан аз ҷанҷолро ҷуста, бо ягон баҳона (масалан, ба мағоза харидкунӣ рафтан) аз хона бароед.

Ба ҳар ҳодисаи рухдода бо ҳазл назар намоед, аз пашша фил насозед.

Мушкили сарзадаро якҷоя рафъ намоед ва ҳеҷ гоҳ ҳамсаратонро барои ба ваъдааш вафо накардан гунаҳкор насозед.

Барои он ки пулҳоятон зуд тамом нашаванд, буҷаи оилавии худро барои як моҳ тартиб дода, аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед.

Агар имкон дошта бошед, якҷоя ба истироҳатгоҳ ё бӯстонсаро равед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *