Чаро раисони шаҳру навоҳӣ аз худ пешво метарошанд?

Ҳафтаи равон ифтитоҳи “Дорухонаи байторӣ” дар ноҳияи Темурмалик пурсарусадотарин мавзӯи шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Дар аксҳое, ки аз маросими мазкур расонаӣ шуданд, дида мешавад,  раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзодаву ҳамроҳони палтопӯшашро дар фасли сармо духтарон бо пироҳани тунук пешвоз мегирифтанд. Ин аксҳо боиси танқиду истеҳзои корбарони шабакаҳо гардид… 

Пешвози Фотеҳ Аминзода чӣ гуна буд?

16 ноябр дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик “Дорухонаи байторӣ”, ки аз ҷониби Самариддин Шарифов ном соҳибкор бунёд шудааст, бо иштироки раиси ноҳия Фотеҳ Аминзода ифтитоҳ ёфт. Аммо ифтитоҳи як дорухонаро мақомоти маҳаллии ноҳияи мазкур ба мисли як иншооти стратегӣ ва маросими онро хеле бошукӯҳу шаҳомат баргузор намуданд.

Аксҳои чорабинии  мазкурро раиси идораи ҷавонони ноҳияи Темурмалик Аслиддини Айниддин дар саҳифаи худ дар шабакаи “Фейсбук” нашр кард ва интиқоди корбаронро дида, зуд аксҳоро пок намуд, вале теъдоди аз ин суратҳо аллакай дар шабакаҳо чарх мезаданд.  Дар аксҳо дида мешавад, ки раиси ноҳия Фотеҳ Аминзодаву ҳамроҳонаш бо либосҳои гарми зимистонӣ барои ифтитоҳ омадаанд, вале як гурӯҳ ҷавондухтарон бо пироҳанҳои атласи остинкӯтоҳ бо “чеҳраҳои хандон” дастҳо пеши бар раиси ноҳияро пешвоз мегиранд.

Ин аксҳо дар Фейсбук боиси истеҳзо ва интиқод шуд, зеро дар ҳавои сард бо пироҳани тунук иҷборан ба маросим овардани ҷавондухтарон ҳам аз рӯйи одоб несту ҳам аз рӯйи инсоф. Илова бар ин,  ин нақзи ҳуқуқи ноболиғон аст, зеро ҷавондухтарон ҳанӯз хонандагони мактаб буда, синнашон аз 18- сола поён аст.

Раиси ҷамоат: Духтарон зиёд хунук нахӯрданд

Зуҳрои Маҳмадсаид, раиси ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки «Дорухонаи байторӣ»-ро дар он ҷо кушоданд, ба Радиои Озодӣ гуфт, «воқеан, он рӯз ҳаво сард буд ва худи ӯ либоси тирамоҳӣ дошт». Вай афзуд, духтарон дар ҳавои сард зиёд наистоданд ва пас аз адои маросим зуд либоси гармашонро пӯшиданд.

«Ҳаво абрӣ буд. Барои он ки либоси миллии духтарон дар навор хуб биояд, гуфтем, либосҳои зимистонаашонро муваққатан гиранд. Ин кор панҷ дақиқа давом карду бас,» — нақл кард ӯ.

Ба қавли Зуҳрои Маҳмадсаид, дар маросими кушодани «Дорухонаи байторӣ» аз ду мактаб 30 духтар (хонандагони синфҳои 9 ва 11) иштирок кардаанд.

Самариддин Шарифов, соҳиби «Дорухонаи байторӣ” гуфт, дорухонаро барои истифодаи сокинони ноҳияи Балҷувон ва Темурмалик сохтааст. Дар дорухона маводи маҳви ҳашарот ва дору барои табобати чорво фурӯхта мешавад. Соҳиби дорухона гуфт, як рӯз пеш аз кушодани бинои навсохт писарашро, ки бемории дил дорад, ба Душанбе бурда буд. «Ба ман занг заданд, ки баргардам ва дар маросими боз кардани дорухона иштирок кунам,» — гуфт ӯ.

Манзар Самадов, мудири мактаби рақами 16-и ноҳияи Темурмалик, ки хонандагонаш ҳангоми кушодани «Дорухонаи байторӣ» иштирок кардаанд,  чунин гуфт: «Духтарон танҳо 10-15 дақиқа бо либоси тунук дар ҳавои хунук қарор доштанд. Либосҳояшон дар наздикӣ буд. Ҳаво сард буд. Диламон ба кӯдакон сӯхт, лекин гуфтем, тоқат кунед.» – гуфт номбурада ба “Озодӣ”

Ҷабр ба духтарон

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди дидани аксҳо рафтори мақомоти ноҳияи Темурмаликро “ҷабр ба духтарон», «хушомадгӯӣ», «сирояти шахспарастӣ дар сатҳҳои поён» ва «тақлид ба раиси ҷумҳур» номиданд. Гарчанде аз ноҳияи Темурмалик гуфтанд, ин кори хонандагон ихтиёрӣ буд ва «хушҳолии онҳоро аз ободкорӣ дар ноҳия нишон медод”, вале Файз Замонов ном корбари шабакаи “Фейсбук” чунин навишт: “Худи ҳамин мансабдорон духтар надошта бошанд? Наход дилашон насӯзад, ки кӯдаконро бароварда, дар ҳавои сард дар чунин ҳолат гузоранд. “Аптекаи байторӣ” чӣ иншоот аст, ки онро бояд ҳайати баландпоя бо иштироки раиси ноҳия кушояд. Ҳол он ки аптекаро ҳукумат не, соҳибкор сохтааст. Чӣ ҳақ дорад, ки раиси ноҳия онро боз кунад?” Ин гуна танқидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон аст.

Нигаронии Президент

Воқеан, чунин шеваи пешвозгирии мақомдорон, ки солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, мардумро нигарон намудааст. Махсусан, ҷалби духтаронро дар ҳавои сард фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳкум мекунанд. Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам барои чунин як ҳолат дар шаҳри Панҷакент мавриди интиқод қарор гирифта буд. Вале Аҳмадзода ҳамон замон масъулини шаҳри Панҷакентро барои чунин пешвозгирӣ сарзаниш кард.

Аз чунин шеваи пешвозгирӣ Президенти кишвар низ изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро борҳо сарзаниш намудааст. Барои мисол, соли 2013 дар ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсолеро, ки ба пешвози Президент оварда буданд, бо лаҳни кӯдакона ба Ҷаноби Олӣ шикоят кард, ки «хунук хӯрдааст».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он замон масъулинро мавриди танқид қарор дода, таъкид карда буд, ки кӯдаконро набояд дар сардӣ ба пешвози ӯ биоранд, вале на танҳо ин ҳолат кам нашуд, балки зоҳиран дар ноҳияҳо ва дар сатҳҳои поин ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Танзими пешвози мансабдорон

Мутаассифона, пешвози мансабдорон сол аз сол дар Тоҷикистон ба як маъракаи пурхарҷ табдил меёбад. Айни замон вазирон, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳатто раиси вилояту шаҳрро дар манотиқи мухтлифи кишвар бодабдаба пешвоз мегиранд. Кор ҳатто ба ҷое мерасад, ки қабули Роҳбари давлат аз қабули раиси ноҳия фарқ намекунад. Бинобар ин, бисёре аз коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мардум аз чунин ранг гирифтани пешвоз нороҳат ҳастанд.

“Пешниҳод мекунам, ки ба ғайр аз Ҷаноби Олӣ дигар касонро чунин пешвоз нагиранд. Баъдан хуб мебуд, ки дар зимистон либоси ҷашнии зимистонӣ пӯшида меҳмононро қабул кунанд”- навиштааст, Аброр корбари “Фейсбук”

Воқеан, хуб мебуд, агар низомномаи қабули ҳайати роҳбарикунанда дар шаҳру навоҳии кишвар қабул ва ба ин васила пешвози мансабдорон ба танзим дароварда шавад. Агар чунин як низомнома мебуд, роҳбарони сатҳи поёнӣ аз худ президенттарошӣ намекарданд ва гуфтаи Сарвари давлатро иҷро мекарданд. Президенти мамлакат  ҳамеша ба роҳбарон ишора карда, мегӯяд, ки “Шумо хизматгори халқ ҳастед, бо халқ наздик шавед”…

Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *