Чаро роҳбари тими КВН Тоҷикистонро боздошт намуданд?

Мақомоти прокуратура тасдиқи изҳороти Мирсаидовро наёфта, акнун бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Изҳороти роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов роҷеъ ба талаб кардани пора аз ӯ аз ҷониби сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода муқобили худаш нигаронида шуд.

Тавре  як манбаъ аз мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷараёни тафтишоти дақиқ гуфтаҳои Мирсаидов тасдиқи худро наёфтааст.

«Изҳороти худро бобати аз ӯ талаб шудани пора Мирсаидов исбот карда натавонист ва акнун нисбати худи ӯ мутобиқи моддаи 346, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд», — гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ намуд.

Роҳбари тими КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидо санаи 5 декабр боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи Аскар Турсунов, адвокати ӯ, Мирсаидов аз шароити нигаҳдорӣ ва вазъи саломатиаш арзу шикоят надорад.

Дар ҳамин ҳол, адвокат дар бораи ифшо накардани маълумоти марбут ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Мирсаидов баёнот навиштааст.

Ёдрас мекунем, ки нисбати Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 декабр бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *