Чаро роҳи президенти Саксония аз Душанбе убур накард?
Ман бисёр мехостам ба Тоҷикистон биёям ва ҳатто сафари аниқ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо чунин вазъияте ба миён омад, ки ман аз он сафар даст кашидам.
Хуб медонам, ки тоҷикон мансуб ба миллату халқиятҳои ҳиндуаврупоӣ, ҳатто ҳиндуолмонӣ мебошанд. Мо аз назари фарҳанг умумияти зиёд дорем. Ман умед дорам, ки дафъаи дигар ба Тоҷикистон, бахусус Помир, сафар мекунам. Ин орзуи ман аст.
МАТИАС ЭРИХ РЁСЛЕР
— Аз Тоҷикистонед?- пурсид Президенти Сарзамини Саксония Матиас Эрих Рёслер. — Бале, — гуфтам дар ҷавоб.
-Баъд аз зуҳр дар бандараки Вакербарт суҳбат меороем. Баргузор гаштани мусоҳиба дар фазои ғайрирасмӣ барои ман гуворотар буд. Вақти муқарраршуда дар бандарак ҳозир шудам. Матиас Эрих Рёслер маро интизор буд. Суҳбати мо дар киштии на чандон бузурге рӯи дарёи Элба, ки сайёҳонро бо манзараи шаҳри Дрезден ошно месохт, сурат гирифт.
— Ташаккур, ҷаноби Матиас, ки барои баргузории мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ризоият додед. Бисёри мардуми Аврупо дар бораи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз рӯи шунидаҳо қазоват мекунанд. Аммо шумо борҳо ба ин минтақа сафар доштед. Чӣ чиз бароятон ҷолиб буд?
— Ба Осиёи Марказӣ бори аввал соли 1984 омада будам. Он замон ин сарзамин дар қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ қарор дошт. Ман сайёҳи ҷавоне аз Ҷумҳурии Демократии Олмон будам. Ин нахустин сафари ман буд, ки аз шаҳри Душанбе оғоз гардид ва ба Тошканду Алмаато доман афрохт. Алмаато он замон номи Алма – Ато, яъне падари себро дошт. Аз соли 2004 на камтар аз 10 бор дар Ўзбекистон будам.
Ўзбекистону Тоҷикистонро хуб медонам ва аз масъалаҳои баҳсӣ миёни ин ду кишвар дар мавриди сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ огаҳӣ дорам.
— Ин баҳсҳо ҳама паси сар шуданд, чархаи нахустини НБО-и Роғун ба кор даромад, моҳи сентябр чархаи дуюми он ҳам мавриди истифода қарор мегирад. Фикр мекунам, агар дар маросими ба истифода додани чархаи дуюм ба Роғун ташриф оред, то кадом андоза барои Осиёи Марказӣ муҳим будани ин обанборро ба чашми худ медидед.
— Хеле шодам, ки Тоҷикистону Ўзбекистон ба ҳамдигарфаҳмӣ расиданд ва ин баҳси обӣ ҳалли худро ёфт.
— Шумо замони соҳибистиқлол гаштани кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо дар Тошканду Самарқанд будед ва чаро гузаратон ба Душанбе наафтод?
— Ман бисёр мехостам ба Тоҷикистон биёям ва ҳатто сафари аниқ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо чунин вазъияте ба миён омад, ки ман аз он сафар даст кашидам. Ман бо камоли мамнуният ба ин минтақаи бароям аҷиб сафар мекардам, зеро хуб медонам, ки тоҷикон мансуб ба миллату халқиятҳои ҳиндуаврупоӣ, ҳатто ҳиндуолмонӣ мебошанд. Мо аз назари фарҳанг умумияти зиёд дорем. Ман умед дорам, ки дафъаи дигар ба Тоҷикистон, бахусус Помир, сафар мекунам. Ин орзуи ман аст.
-Агар пӯшида нест, чаро сафаратон ба Тоҷикистон сурат нагирифт?
— Он замон сахт шамол хӯрда будам. Ин аввали баҳор буд. Зуком шудам. Сафарамро қатъ кардам. Дафъаи дигар Томас Кунс даъват ба сафари Помир кард. Бо хушӣ пазируфтам, зеро ин сафар бароям аҷиб буд. Вале боз корам омад накард. (Баъдтар ҳолдонон бароям нақл карданд, ки дар Самарқанд гирифтори сактаи мағз (инсулт) мешавад ва фавран ӯро тавассути тайёраи махсус ба Олмон интиқол медиҳанд. — Ш.Ҳ.) Умед дорам, ки дафъаи дигар сафарам бобарор мешавад ва орзуи ман — дидани Тоҷикистон, махсус Помир, ҷомаи амал мепӯшад.
Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ду қатраи як об нестанд
— Мо се рўз аст, ки дар сарзамини Саксония қарор дорем. Сарзамине, ки бо дороиҳои табиӣ ва мардуми қалбошнояш ифтихор дорад. Суҳбат мекунем, ҷаласа меороем, кӯшиш дорем, ки масъалаҳоеро, ки тақдири инсоният аз онҳо вобаста мебошад, ҳал намоем. Бале, кўшиш мекунем. Дар яке аз чунин ҷаласаҳо намояндаи Полша изҳор намуд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) иттиҳоди сиёсист, на иқтисодӣ. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?
-Мо дар доираи анҷумане, ки ду-се сол пеш дар қалъаи Вакербарти (сарзамини Саксония) баргузор гашта буд, бобати имконоти ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) сухан ронда будем. Медонед, он вақт зикр гашта буд, ки байни ИА ва ИИАО фарқияти ҷиддие вуҷуд дорад. Зеро дар ИИАО як бозингари бузург ва чанд бозингари хурд ҳастанд. Аммо дар Иттиҳоди Аврупо вазъият дигар хел аст. Албатта, Германия дар ИА низ ҳаст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ пурқувваттар мебошад, вале дар баробари ин боз Фаронсаю Британияи Кабир ҳастанд, ки вазъиятро ба тавозун мекашанд. Масалан, Фаронсаю Британияи Кабир аз нигоҳи ҳарбӣ пурзўртаранд, онҳо инчунин аъзои Шўрои амнияти СММ мебошанд. Аз ин рў, ин иттиҳодҳо баробарвазн нестанд, фарқияташон назаррас, қиёснашаванда мебошанд.
Гурезаҳо: сиёсӣ кисту иқтисодӣ чӣ мехоҳад?
— Вақтҳои охир Германия ба маҳалли ҷамъшавии муҳоҷирон, билхоса муҳоҷирони сиёсӣ, мубаддал ёфтааст. То чӣ андоза ин аз нигоҳи амниятӣ барои Олмон бехатар аст?
— Солҳои охир воқеан аризаҳои зиёде барои гирифтани паноҳандагӣ ба Олмон ворид гаштанд. Дар Сарқонуни Олмон ҳуқуқи бо ариза муроҷиат кардани онҳое, ки бо сабабҳои сиёсӣ гурезагӣ ихтиёр намудаанд ё мавриди таъқиб қарор доранд, сабт ёфтааст. Ва онҳо барои гирифтани паноҳандагии сиёсӣ ҳуқуқ доранд. Онҳое, ки ариза месупоранд, таҳти назоратанд. Далелҳо гувоҳи онанд, ки шумораи гурезагони ба истилоҳ иқтисодӣ бештар ҳастанд. Ҳамчун инсон гурезагонро бояд фаҳмид, зеро дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ҳастанд. Мардум ба онҳо бо назари шубҳа менигаранд. Онҳое, ки ариза барои паноҳандагии сиёсӣ медиҳанду воқеан, мавриди таъқиб қарор доранд, нисбат ба шумораи умумӣ хеле каманд. Барои ҳамин мо дақиқ меомӯзем, ки кӣ ҳуқуқ дораду кӣ не. Касоне, ки ҳуқуқи гирифтани гурезагии сиёсиро надоранд, мо бармегардонем.
Ҷини аз кӯза раҳоёфта
-Ҷаноби Президент, шумо дар маърӯзаатон дар бораи бунёдгароӣ сухан рондед ва зимнан зикр намудед, ки дар мубориза бар муқобили он аз ҳар гуна роҳу восита истифода бояд бурд. Бунёдгароӣ ба кадом андоза барои Олмон хатаровар аст?
— Дар Олмон ниҳоди махсусе ҳаст, ки Идораи ҳимояи Сарқонун ном дорад. Дар асл ин хадамоти махсусест, ки ҳар сол ҳисобот ба нашр мерасонад. Мувофиқи ин ҳисоботҳо дар Олмон ҳазорҳо салафиён будубош доранд. Миёни миллионҳо мусулмонон ҳазорҳо салафиён ҳастанд, ки як қисмашон ифротгароянд. Албатта, хадамоти амният, хадамотҳои махсус, дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо бар муқобили онҳо мубориза мебаранд. Дар ин самт мушорикат ва ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳадаф аз онҳо пешгирии амалиёти террористист. Ҷомеаи ҷаҳон аз амалиёти террористӣ дар Олмон, Фаронса ва Белгия огаҳӣ дорад. Ин, воқеан, хатари ҷиддиест, ки дар Олмон ҷой дорад. Ҳарчанд ки бо Афғонистон қобили қиёс нест. Аммо возеҳ аст, ки амалиёти террористӣ, ки омили хатар аст, ҷой дорад.
-Шумо аз Афғонистон ёд кардед. Ҳастанд кишварҳое, ки бо як даст мусоидат ба терроризм дар Афғонистон мекунанду бо дасти дигар онро мекӯбанд. Ин гуна сиёсати духўра то чӣ андоза холӣ аз хатар аст?
-Шумо кадом кишварҳоро дар назар доред?
— Ҳастанд давлатҳои бузург, ҳамсоягони Афғонистон, масалан Покистон.
— Бале, “Толибон” фарзанди Покистон аст, хадамоти махсуси ин кишвар ҳаракати “Толибон”-ро бунёд карданд ва то имрӯз аз он пуштибонӣ мекунанд. Ин ба қавми паштун иртибот мегирад, ки ҳам дар ин тарафи марз ва ҳам дар он тарафи марз, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон зиндагонӣ доранд. Пӯшида нест, ки хадамоти махсуси Покистон то ҳол аз ин ҳаракат дастгирӣ ва шояд бар манофеи худ истифода мекунанд. Манфиатбардорӣ дар ин кор нақши бузург дорад. Вале ҳама медонанд, ки ин амал ҷини аз кӯза раҳошударо ба хотир меоварад. Покистон аллакай инро дар ҷисми худ эҳсос кард. Ин бозӣ хеле хатарнок аст. Ман ҷонибдори муборизаи беамон бо терроризм ҳастам. Олмон бошад, на танҳо ҳамкориро бо созмонҳои террористию экстремистӣ маҳкум мекунад, балки бар зидди онҳо мубориза мебарад. Олмон ҳеҷ вақт чунин як аслиҳаро барои ноором кардани кишваре истифода намекунад.
Сиёсати дарҳои боз
— Каме дар мавриди он чӣ хушоянд аст. Баъди пошхўрии СССР аксари немисҳое, ки дар Тоҷикистон мезистанд, ба Германия кӯчиданд ва шаҳрванди ин кишварро интихоб карданд. Онҳо дар қаламрави Саксония ҳам ҳастанд?
-Бале, дар Саксония ҳазорон немисҳое, ки собиқ дар Русия, аз ҷумла дар Тоҷикистон, зиндагӣ доштанд, муқимӣ гаштанд. Бо чанде аз оилаҳо, аз ҷумла аз Душанбе шахсан шинос ҳастам. Муҳим он аст, ки онҳо шаҳрвандии Олмонро интихоб карданд. Онҳое низ шаҳрвандии Олмонро пазируфтанд, ки дар донишгоҳҳои мо таҳсил карданд, бо олмониҳо издивоҷ намуданд.
-Ман ҳам бо чанде аз онҳо вохӯрдам. Онҳо бисёр хоҳиш доранд, ки дар Тоҷикистон тиҷорат кушоянд, аммо имконоти молиявӣ надоранд. Оё ҳукумати Саксония метавонад дар ин бобат ба онҳо кумак расонад?
— Ман хеле шод мешудам, ки немисҳои русиягӣ, русҳо, украинҳо, қазоқҳо, тоҷикон тиҷорати худро дар ватани собиқашон ба роҳ монанд. Зеро онҳо забон ва фарҳанги он кишварҳоро медонанд. Саксония метавонад лоиҳаҳои онҳоро дастгирӣ кунад, вале аниқ намедонам дар кадом шакл. Дар мо фонди дастгирии соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки он барои ба бозорҳои дигар баромадани ширкатҳои саксонӣ, барқарор кардани робитаи соҳибкорон кумаки молиявӣ мерасонад. Шояд мебояд ба он ҷо муроҷиат кунанд.
Оранги киштӣ, ки хабар аз расидан ба бандари Дрезденро медод, суҳбати моро қатъ кард. Президенти Сарзамини озоди Саксония Матиас Эрих Рёслер бо чолокии хоси мардуми Олмон дасти маро фишурд ва аз киштӣ берун рафт.
Шариф ҲАМДАМПУР,
Душанбе-Дрезден-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ