Чаро “роҳи пулакӣ” фурӯ рафт?

Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази пайваст мекунад шаби гузашта пурра фурӯ рафтааст.

 Дар даҳсолаи ахир ин бори аввал аст, ки як қисмати ин шоҳроҳи асосии Тоҷикистон фурӯ меравад.Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, гуфтааст,ки  ҳодиса тахминан соатҳои 2-и бомдоди рӯзи 2 июн рух додааст.Ба қавли манбаъ, дар ин соат дар 138-ум километри роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ҳудуди 35 метр роҳ пурра фурӯ рафт.Далери Абдулло афзуд, кормандони ширкат дар ҷойи фурӯрафтаи роҳ феълан роҳи муваққатӣ кушодаанд.“Новобаста аз он, ки ҳодиса шабонгоҳ рух дод, дар муддати кутоҳ қисмати аъзами техника ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Бо заҳмати кормандони ширкат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор ва ҳаракати якҷонибаи воситаҳои нақлиёт муваққатан таъмин карда шуд”- гуфт Далери Абдулло.Сухангӯи ширкати IRS мегӯяд, 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта, зарурати аз нав сохтани он пеш омадааст.Дар ширкати IRS гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса ягон нақлиёт ва шаҳрвандон осеб надидаанд.Ҳодисаи камназири фурӯ рафтани як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ феълан мавриди санҷиш қарор дорад. Масъулини ширкати IRS сабаби сар задани ҳодисаро офати табиӣ арзёбӣ карданд.Одилбой Одилов, менеҷери ширкати IRS дар минтақаи Зарафшон мегӯянд, боришотҳои пай дар пай дар ниҳоят ба фурӯ рафтани як қисмати роҳ оварда расонд.Ин масъули ширкати IRS афзуд, дар пайи фурӯ рафтани барои ду соат роҳ баста шуд ва онҳо то дамидани субҳ барои ронандагон аз қабати куҳ роҳи муваққатӣ кушоданд.“Айни замон корҳо оиди барқарории қисмати дуюми роҳ идома доранд. Ширкат тавони пурраи бартараф кардани ҳодисаро дорад. Дар муҳлатҳои наздиктарин қисмати харобшудаи роҳ мумфарш карда мешавад” гуфтааст Одилбой Одилов.Минтақаи фурӯрафтаи роҳ, аз ҷумлаи хатарноктарин қитъаи шоҳроҳи Душанбе Чаноқ аст ва дар он эҳтимоли ҳар лаҳза рехтани куҳпора вуҷуд доштааст. Аз ин роҳи 368 километрӣ, ки ширкатҳои чинӣ соли 2010 ба истифода доданд, рӯзона ҳазорон нафар мегузаранд ва ҳазорон тонна бор низ аз марказ ба шимол ва аз шимол ба марказ меравад. Аз соли 2010 нигоҳбини роҳ ба уҳдаи ширкати Innovative Road Solutions вогузор шуда, ширкат барои ин кор аз ронандаҳо маблағ мегирад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *