Чаро Роналду ва Месси ақиб монданд?

Футболбози беҳтарини сол дар байни мардон ҳамлагари «Бавария» ва тими миллии Лаҳистон Роберт Левандовский интихоб шуд. Дар мубориза барои ҷоиза ӯ ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду ва ҳамлагари «Барселона» Лионел Мессиро паси худ гузошт.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) натиҷаҳои солро дар маросими расмии онлайн баргузор намуд.  Хабар дод varzishtv.tj.

Ҷолиб аст, ки сарфи назар аз формати онлайнии маросими ҷоизасупорӣ, президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба Мюнхен омад, то ҷоизаро шахсан ба соҳибаш тақдим кунад.  Ин аввалин ҷоизаи футболбози 32-сола аст.  Барандаи ҷоизаи қаблӣ Лионел Месси буд. Соли 2020 Левандовски ҳамроҳ бо «Бавария» дар Лига ва Ҷоми Олмон ғолиб омад ва барандаи Лигаи Чемпионҳои УЕФА гардид.  Роберт беҳтарин голзани ҳам Бундеслига ва ҳам Лигаи Чемпионҳо гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *