Чаро Шаҳноза худро бо 2 фарзандаш ба обанбор партофт?

 Ҷавонзан дар батнаш боз тифлаки ҳаштмоҳа дошт

Худкушӣ дар Суғд меафзояд

Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар Суғд мегӯяд, давоми панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 94 ҳодисаи худкушӣ ва 28 ҳолати сӯиқасд ба ҷони худ сабт шудааст.  Ба иттилои ин ниҳод, миёни нафароне, ки худкушӣ ё қасди ҷони худ намудаанд, 63 нафарашон мардҳо ва 59 нафарашон занҳо мебошанд. Дар ин давра 14 ноболиғ низ худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ кардаанд. Дар шарҳи сабабҳои асосии худкушӣ дар вилояти Суғд масъулини ВКД афзуданд, ки 35 нафари даст ба худкушӣ зада касалии руҳӣ дошта, 5 нафар бо сабаби вазнинии шароити моддӣ, 17 нафар дар паи муноқишаи оилавӣ ва 42 нафар бо сабабҳои номаълум худкушӣ намудаанд. Яке аз он нафаре, ки бо сабаби муноқишаҳои пай дар пайи оилавӣ сӯйқасд ба ҷони худу фарзандонаш намудааст, сокини шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули Сурх, деҳаи Зарнисор Шаҳноза Муъминоваи 24- сола аст, ки бо ду фарзанд худро ба рӯдхона афкандааст.  Ба гуфтаи шоир:

          -Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

                   Вар-на нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Ҳамин зиндагии нохуш буд, ки Шаҳнозаи ҷавон на раҳм ба ҷони худ карду на  ғами кӯдакони ширинакашро хӯрд ва ҳатто фикри тифлаки ҳаштмоҳаи батнашро, ки ҳанӯз дунёи равшанро надида буд, накарда худро ба рӯдхона андохт.

Шаҳноза духтари чаққон буд, вале…

Фарзона Қушоқова, келини амаки шавҳари Шаҳноза буда, ҳамроҳи ин оила дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунад. Мавсуф мегӯяд Шаҳноза духтари оромтабиат, ботамкин ва чаққону ҳунарманд буда, ба баду неки касон кор надошт. Сараш хам мудом аз паси кору бори хона овора буд.

“Шаҳноза мисли дигар келинҳо дугонабоз набуд. Ба ҳар кас дарди дил карданро хуш надошт. Сирри оилавиашро ҳеҷ гоҳ дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор фош намекард. Барои ҳамин дар як ҳавлӣ зиндагӣ кунем ҳам, мо намедонистем, ки муносибати шавҳару хушдоманаш бо Шаҳноза чӣ хел аст”,- мегӯяд Фарзона.

Вақте аз ҷавонзан пурсидем, ки ҳамон рӯз байни Шаҳноза ва дигар аъзоёни оила ҷангу ҷанҷол шуда буд ё не, ҷавонзан лаҳзае сукут кард, баъдан лаб газида гуфт:

-Ману хушдоманам ҳамон рӯз дар хона набудем. Намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки Шаҳнозаи ҳомила худро бо фарзандонаш ба об партофт. Танҳо ҳамин қадарашро медонам, ки як моҳ боз Шаҳноза нест…

Тифлакони зиндаятим

Дар дасти духтари қайсингили Шаҳноза-Донохон як кӯдаки хурд буду кӯдаки дигаре аз домонаш дошта меистод. Дигар кӯдакон дар рӯйи ҳавлӣ бо шӯхию бозӣ ва даву този худ овора буданд, вале ин ду кӯдак мисли чӯҷачаҳои аз чизе рамида аз кӯдакбон ҳатто як қадам ҳам дур намешуданд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту аз Донахон пурсидам, ки ин кӯдакон бачаҳои кистанд. Духтарак аввал нобоварона аз нӯги по то фарқи сари маро аз назар гузаронду баъд нимғурма ҷавоб дод: “Кӯдаки дар дастам буда писарчаи апаи Шаҳноза аст, инаш бошад, духтараш аст. Ман онҳоро як лаҳза беназорат намегузорам, то боз ягон фалокат рӯй надиҳад…”

Аз Донахон хоҳиш намудем, ки рақами телефони модар ё бибиашро диҳад, то мо бо калонсолон суҳбат  намоем. Духтарак дилу бедилон ба мо рақамеро дод, аммо хоҳаршӯйи Шаҳноза-Зарина аз газета будани моро фаҳмида бо ситеза гуфт: “Ман ҳоло дар беморхона, кӯдакчаи ҳамон Шаҳнозаро гирифта омадагӣ…” Вақте маротибаи дуюм занг задем, ваъда дод, ки ним соат пас расида меояду ба тамоми саволҳои мо ҷавоб медиҳад, аммо аз байн ду соат гузашту аз ӯ дарак нашуд. Хирагӣ карда бори сеюм занг задем ва ниҳоят Зарина омад, вале…

Расм-пасм нест!

 Мо, тоҷикон як одати хуб дорем, касе ки аз дарамон даромад, хоҳ дӯст бошад, хоҳ душман аввал қарзи инсониамонро ба ҷо оварда ба меҳмон салом медиҳем, баъд матлабашро мепурсем, вале хоҳаршӯйи Шаҳноза салому алекро нася гузошта, баробари аз дар даромаданаш дод зада гуфт:

-Мана гӯш кунед, тез-тез гапатонро гӯед, ки ман вақт надорам! Хуш, чӣ савол доштед?

Табъи гирифтаи соҳибхонаро дида гуфтем:

-Мебинем, ки шумо тамоман хуши бо мо суҳбат кардан надоред. Аз ваҷоҳататон маълум аст, ки ба ягон саволамон ҷавоби аниқ намедиҳед. Барои ҳамин ҳам шумо ва ҳам худро азоб додан намехоҳем. Аз шумо танҳо як хоҳиш дорем, як дона расми Шаҳнозаро диҳед, дигар мо ба ҳафт пуштатон кор надорем.

Бо шунидани номи Шаҳноза хоҳаршӯяш ба шӯр омада бо чеҳраи аз ғазаб оташгирифта лабашро бурмакунон гуфт:

-Баъди он ки вай ин корро кард (худашро бо бачаҳояш ба об партофт) додарам ҳамон рӯза худаш тамоми суратҳои ӯро оташ зад, то ки аз он касофат ягон чӣ дар ин хонадон ёдгорӣ намонад. Расм-пасм нест, аз куҷое, ки омадед, ба ҳамон ҷо равед!

 

Хушдомани Шаҳноза:

Ман вақти гапзанӣ надорам

Аз суҳбат бо хоҳаршӯйи Шаҳноза умедамонро канда ба хотири дар бораи сабаби даст ба худкушӣ ва фарзандкушӣ задани ин ҷавонзани ҳомиладор каме маълумот пайдо намудан мо ба модаршӯяш занг задем, вале дар кор буданашро баҳона пеш овард. Хостем ба ҷойи кораш рафта бо ӯ  дар бораи ягон бемории руҳӣ доштан ё надоштани келинаш ва баъзе паҳлуҳои дигари ин ҳодиса чанд суол диҳем, аммо зан бо ҳамон оҳанги дағале, ки духтараш бо мо гап зада буд “овора шуда набиёед, ман вақти бо шумо гап задан надорам, ҳозир ба Хуҷанд рафта истодаам” гӯён, телефонашро хомӯш кард. Беҳуда дар урфият “модар чӣ гуна, духтар намуна” нагуфта будаанд.

                     

Ҳамсояҳо чӣ гуфтанд?

 Дар урфият мегӯяд, ки ҳар рӯз хосияти худро дорад, махсусан рӯзҳои ид ва ҷашнвораҳо. Дар ҳар ид дар китоби умри инсон саҳифаи тозае кушода мешавад, зеро хоҳ-нохоҳ ягон ҳодисаи хотирмон рӯй медиҳад. Тӯйи арӯсию домодии Шаҳнозаю Зафар низ дар чунин айём барпо гашта буд. Онҳо 9-уми сентябри соли 2012 дар Рӯзи Истиқлолият ба сари тахти бахт нишаста паймони муҳаббати ҷовидонӣ бастанд, аммо Истиқлолият низ натавонист истиқлолияти оилавии ин ду ҷавонро таъмин созад. Дар давоми чор сол ба Зафар як духтару як писари гул барин зеборо тақдим намуда бошад ҳам, ба гуфти ҳамсояҳояшон аз рӯзи ба ин даргоҳ келин шуда омаданаш Шаҳнозаи бетақдир рӯзу рӯшноӣ надида будааст. Шабу саҳар аз ин хонадон садои моҷаро ба гӯш расида, аз нотифоқӣ ва носозгории аҳли оила дарак медодааст. Ниҳоят косаи сабри Шаҳнозаи хоксору оромтабиату ғурбатбезор, ки модари ду фарзанд буда, дар батнаш боз тифлаки ҳаштмоҳа дошт, аз ҷангу ҷанҷоли пайвастаи оилавӣ лабрез гашта, худро бо кӯдаконаш-Муслимаи сесолаю Шарифи якунимсола ба об мепартояд, вале…

Масъулини мақомот чӣ мегӯянд?

Санаи 13 августи соли 2016, тахминан соатҳои 9:00 Муъминова Шаҳноза бо сабаби мунтазам аз тарафи модаршӯяш таҳқиру озор дидан фарзандони хурдсолаш Рӯзиева Муслима Зафаровна, санаи  таваллудаш 29.08.2013 сол ва Рӯзиев Шараф Зафарович, санаи  таваллудаш 21.06.2015 солро ҳамроҳи худ гирифта, бо нияти худкушӣ ба соҳили обанбори шаҳри Истаравшан, воқеъ дар шаҳраки Дилшод омада, аввал духтарчааш Муслима, сипас писарчааш Рӯзиев Шарифи якунимсоларо ба обанбори зикршуда партофта, баъдан ба ҷони худ сӯиқасд менамояд, вале назоратчии обанбор Додабоев М.А, корманди ШХДМ ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан Юлдошев Қ. А. ва шаҳрванд Алиев А. Қ. аз ҳодиса дарак ёфта, аввал кӯдакони хурдсол, баъдан худи Шаҳнозаро Муъминоваро аз об бароварда, аз марг наҷот медиҳанд.  Санаи 15-уми августи соли 20016 аз тарафи прокурори шаҳри Истаравшан нисбати модаршӯйи Шаҳноза Муъминова Ҷумаева С.А. бо аломатҳои моддаи 109, қисми 2-Кодекси ҷиноятии ҶТ ва нисбати Муъминова Ш. Р. бо аломатҳои моддаи 32, қисми 3  ва моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в,е” –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №14988 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти пешакӣ идома дошта, рафти он таҳти назорати махсус қарор дорад.

Фарзона Муродӣ,

мухбири махсуси Оила” дар ш. Хуҷанд

Р/С

Муносибати бади модаршӯй ва хоҳаршӯйи Шаҳноза бо мо аз он дарак медиҳад, ки дағалӣ кардан барои ин одамон як чизи маъмулӣ аст. Вақте кас одами бегонае, ки бори аввал дар хонааш меҳмон шудааст, чунин рафтори дағалона мекунад, тасаввур кардан мумкин аст, ки муносибати ӯ бо келин чӣ гуна аст. Умедворем, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо ҳаматарафа меомӯзанд ва дар баробари Шаҳноза Муъминова, ҳамчунин шахсонеро, ки ҷавонзани ҳомиладорро бо заҳри забон ва рафтори асабхаробкунандаашон ба худкушию фарзандкушӣ водор сохтаанд, бе ҷазо намегузоранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *