Чаро Шамъигул дар 50 — солагӣ ронанда шуд?

Шамъигул Зоирова ронандаи автобуси рақами 25 аст. Муддати як сол мешавад, ки ин модар дар хатсайри зикргардида мусофиркашонӣ мекунад. Шамъигул дар ҳаёт пастиву баландиҳои зиёдеро пушти сар намуда, дар ниҳояти кор барои пеш бурдани зиндагӣ рӯ ба ронандагӣ овардааст.

Савдо дар кӯча

Шамъигул зодаи ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон буда, баъд аз хатми мактаби миёна ва оиладор шуданаш ба шаҳри Душанбе омадааст. Феълан сокини пойтахт буда, дар пешрафти ин шаҳри дилрабо саҳми арзанда мегузорад. Ин бонуи заҳматкаш соҳиби шаш фарзанд ва 10 набераи нозанин асту тарбияи онҳоро ба зиммаи худ дорад. 

Қаҳрамони мо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки волидони имрӯза масъулиятшинос нестанду ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Бо вуҷуди сахтиҳои рӯзгор Шамъигул фарзандони худро соҳибмаълумот карда, касбу кор омӯхтааст. Ҳоло фарзандони ин зани меҳнатдӯст дар дохил ва хориҷи кишвар обрӯю нуфузи зиёд пайдо кардаанд.

-Ман дар зиндагӣ танҳо барои пешрафти фарзандонам талош кардаам. Вақте ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шавҳарамро аз даст додам, дар як шаҳри бузург бо шаш фарзанд рӯзгузаронӣ бароям душвор буд,-мегӯяд ӯ.

Пас аз даргузашти шавҳараш Шамъигул рӯзҳои сарди зимистон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо кори савдо ризқи кӯдаконашро ба даст меовард. Бо вуҷуди душвориҳо фарзандонашро бо нони ҳалол ба воя расонидааст.

-Рӯзҳое мешуд, ки рӯи маҳсулоти мефурӯхтаи худро аз барф тоза карда, корро идома медодам. Ҳоло агар сонияе аз он лаҳзаҳо ба ёдам ояд, аз шиддати изтироб дилам меларзад. Даромади хуб надоштам, вале тоқат мекардам, то фарзандонам як луқма барои хӯрдан дошта бошанд.

Аз савдои кӯчагӣ то дӯзандагӣ

Қаҳрамони мо пас аз ҷамъоварии каме пасандоз кори савдоро бас карда, ба дӯзандагӣ рӯ овардааст. Дар ин соҳа таҷрибаи зиёда аз даҳсола дошта, фаъолият дар он барояш ҳеҷ душворие надошт.

-Ман дар хона нишаста, курта медӯхтам. Дигар лозим набуд, ки дар ҳавои сард кӯдаконро танҳо гузошта, ба нонкобӣ бароям. Ба зудӣ дар маҳалла ҳамчун дӯзандаи беҳтарин шинохта шудам. Тамоми сокинони гирду атрофи маҳаллаамон барои куртадузӣ ба наздам меомаданд. 

Шамъигул ҳоло хушдомани се келин аст, барои он, ки келинҳояш рӯзгори худро пеш баранду пеши ҳар касу нокас хор нашаванд, ҳунари худро ба онҳо омӯзонидааст. Айни замон се келини ин зани ҳунарманд ба дӯзандагӣ машғул ҳастанд.

-Келинҳоям шикоят карданд, ки хола аз бекорӣ дар хона зиқ шудем. Барои ҳамин ҳунари худро ба онҳо омӯзонидам. Одаме, ки ҳунар дорад, дар зиндагӣ хор намешавад.

Аз ҳавас то орзу

Шамъигул ба кадом коре даст зада бошад, бо қувваи тамом талош менамояд то муваффақ шавад. Ӯ мегӯяд бо дидани як зани ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 фаъолият мекунад, Шамъигулро шавқманди ин пеша кардааст:

-Як рӯз аз тирезаи хона ба берун нигоҳ мекардам, ки сари чамбараки автобус як занро дидам. Ба ронанда будани зан ҳавасам омад. Келинҳоро фарёд карда гуфтам, ки дар хона нишаста наметавонам, мехоҳам кор кунам. Баъд аз он рафтам ба истгоҳи хатсайри рақами 8 ва он занро пайдо кардаму маълумотҳои заруриро гирифтам.

Шамъигул мегӯяд, ӯ ҳанӯз соли 2011 мактаби ронандагиро хатм карда, дар ҷараёни ба кор қабул гардиданаш ягон мушкил пайдо нашудааст. Феълан аз пешаи интихоюнамудаи худ розӣ буда, намехоҳад ба ин зудӣ тарки ронандагӣ кунад.

Муносибати нозирон ва мусофирон

Шамъигул Зоирова аз муомилаи хуби нозирони роҳ гуфт, вале дар давоми суҳбат тасдиқ кард, ки ҳастанд нафароне, ки мегӯянд ронандагӣ кори зан нест. 

-Баъзеҳо ба автобус мешинанду мегӯянд, ки “зана чиву ронандагиаш чӣ. Ин кори занона нест”. Онҳо зиндагии маро намедонанд. Аз куҷо донанд, ки ман аз куҷо ба куҷо расидаам.  Аз ҳаёти оилавии ман огоҳ нестанд, чизе хоҳанд, мегӯянд ва аз роҳ мезананд. Лекин фахр мекунам, ки дар кишвари мо ҳастанд заноне, ки кори мардонаро интихоб карда, баробари мардон кор мекунанд. Ман ягон мушкилӣ аз тарафи кор надорам. Раис ва ҳамкоронам маро ҳурмат мекунанд ва ҷояш биёяд, дастгирӣ менамоянд.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *