Чаро шароб дар Бадахшон пастсифат аст?

Бонувони вилояти Бадахшон пешниҳод намуданд, ки назорат аз болои сифати шароб пурзӯр гардад. Ҳангоми ба ҳудуди вилоят  воридшавии чунин мол дар мавзеи Зиғари ноҳияи Дарвоз  дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ВКД таъсис дода шавад. Ҷавобгарӣ барои воридсозии шароби пастсифат ба ҳудуди вилоят гунаҳкоронро ба андозаи  аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ  ҷарима  банданд.    

Занони ташаббускор

Чанд сол боз дар матбуоти даврӣ, радиову телевизиони ҷумҳурию вилоятӣ дар бораи аз ҷониби кормандони идораву раёсатҳои марбута   нобуд кардани маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла  шароби ба саломатии  инсон зараровар  маводи зиёде  интишор  ёфта, пахш  мегарданд. Дар вилоят дар ин боб хизмати кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят  назаррас аст.  

       Дар 8 моҳи соли   ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони раёсат 410  шиша машруботи спиртии ғайристандартӣ, 2000 шиша шаробҳои тамғаи гуногуни пастсифат дар ҳамкорӣ бо кормандони ВКД РВКД дар  вилоят, инчунин 1800 литр  шаробе, ки дар зарфҳои полеэтиленӣ рехта шудаанд,  аз муомилот гирифта шуд.                  

     Ба кӯшишҳои зиёди кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, инчунин хадамотҳои неруҳои қудратӣ нигоҳ накарда, маҳсулоти пастсифат, ба вижа шароб бо ҳар роҳ  вориди Бадахшон мегардад.

     Моҳи августи соли ҷорӣ  дар  рӯзномаи  «Бадахшон»  ба   унвони  раиси вилоят ду муроҷиатнома: Муроҷиатномаи бонувони ташаббускори вилоят ва муроҷиатномаи сокинони маҳаллаҳои  шаҳри Хоруғ интишор гардиданд. Дар муроҷиатномаи бонувони  ташаббускор омадааст, ки беҳбудии ҳаёти мардум куллан аз вазъи саломатиашон вобастагӣ дорад. Вале, мутаассифона, маводи  пастсифате, ки ба бозорҳои вилоят, алалхусус, шаҳри Хоруғ ворид гардонида мешаванд, ба хотири  беҳдошти ҳифзулсиҳат монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Гурӯҳи бонувони ташаббускор пешниҳод  намудаанд, ки бояд назорат аз болои сифати  шароб  пурзӯр   гардад, аз ҷумла ҳангоми ба ҳудуди вилоят воридшавии чунин мол  дар мавзеи Зиғари ноҳияи Дарвоз  ба хотири ҷиддӣ  санҷидани  сифати шароб  дидбонгоҳи  доимоамалкунандаи  Вазорати  корҳои дохилӣ таъсис дода шавад. Дар ин ҷо бояд мошинҳое, ки  бо шароб вориди Бадахшон мегарданд, ба қайд гирифта шаванд. Ҷавобгарӣ барои воридсозии шароби пастсифат ба ҳудуди вилоят пурзӯр  гардида, гунаҳкоронро  ба андозаи  аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ  ҷарима  банданд.

        Солҳо боз дар ин бора сухан меравад, аммо заррае  пешравӣ  нест. Баръакс,  шароби пастсифат бештар мешаваду камтар  не. Чаро? Зеро мубориза алайҳи он ҷиддӣ нест, аниқтараш  решаашро намесӯзонанд. Реша, ки аст, танаашро буранд  ҳам, баъди муддате  боз месабзад.

Гунаҳкор корхона, на фурӯшанда

         Дар рӯзгор ҳар як чиз назм, нишонаву ҷои мушаххаси тавлид, роҳҳои  адамӣ дорад. Бемор  назди табиб меравад, духтур  ӯро  муоина  мекунаду дар  кадом  узви вуҷудаш  мустақар будани дардро  муайян  менамояд, баъдан василаи дорую дармон решаи дардро месӯзонад. Дар кори мубориза алайҳи шароб  айнан ҳамин амал бояд рӯи кор ояд. Дар мубориза алайҳи шароби пастсифат бидуни Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва  нозироти  савдои вилоят, инчунин, кормандони  хадамотҳои  гуногуни неруҳои қудратӣ низ сарукор доранд. Ҳангоме ки мутасаддиён  шароби  пастсифатро дар  фурӯшгоҳе дарёфтанд,  қабл аз ҳама, бояд ба  тамғааш эътибор  диҳанд,  зеро  маъмурияти  корхона  ба фурӯшанда сертификатсияро додааст, ки тибқи он ба сифати баланди шароб кафолат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, гунаҳкори асосӣ бояд корхона бошад, на фурӯшанда. Ҷаримаро  низ онеро бастан лозим, ки гунаҳкор аст, зеро бе ин ҳам бар асари аз марказу аз роҳи оҳан дур будани  Бадахшон натиҷаи  фаъолияти соҳибкорони вилоят он қадар назаррас нест. Агар   маъмурияти коргоҳ бо далелҳо собит гардонад, ки ин моли истеҳсолкардааш нест, мутасаддиён  бояд санҷишро идома диҳанд. Аввал дар чунин ҳолат фурӯшанда маҷбур  аст, ки аз куҷо харидани шаробро   аниқ  гӯяд.  Баъдан, оҳиста- оҳиста  дар куҷо  будани хуми ин заҳр  ошкор мегардад.Чун ошкор гашт, онро нобуд мекунанд. 

Шароб дар хонаи ҳамсоя 

Дар нобудгардонии шароби пастсифат  бояд кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят дар сафи пеш бошанд. Тавре  дар  қароргоҳи Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят иттилоъ доданд, салоҳияти онҳо дар  пешгирии шароби пастсифат нисбат ба муассисаи номбурда баландтар аст. Онҳо ҳуқуқи  кофтукови анборхонаҳо,  хонаҳои истиқоматӣ ва ғайраро  доранд. Дар маҳаллҳо  нозирони   минтақавӣ  фаъолият доранд.  Тибқи тақозои вазифа  онҳо  бояд донанд, ки   дар кадом хона  бе  иҷозатнома  шароби пастсифатро мефурӯшанд, зеро шароби пастсифат нисбат ба мағозаҳо даҳҳо маротиба бештар    аз хонаҳои истиқоматӣ фурӯхта мешавад. Ин тоифаи савдогарон шароби пастсифатро на танҳо аз Душанбе ё мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ  мебиёранд, балки дар хонаашон низ  истеҳсол  мекунанд. Нозирони минтақавӣ ҳамаи инро нағз медонанд, аммо водор мекунанд, ки аз  чизе  огоҳ нестанд. Дар маҳалҳо  калиди асосии  мубориза  алайҳи   шароби пастсифат  маҳз дар дасти онҳост.

   Теъдоди  мағозаҳое, ки ба хотири фурӯши шароб иҷозатнома доранд ,хеле каманд,вале дар кадом деҳае, ки  шароб лозим шавад, баъди 5 дақиқа  онро албатта меёбад. Пурсида мешавад, ки  шаробро аз куҷо ёфт? Албатта, аз хонаи ҳамсоя.

    Бо  чунин роҳ, ки имрӯз  пеш гирифта шудааст, сари  роҳи  шароби пастсифатро гирифтан ҳеҷ мумкин нест, он баръакс, бештар мешавад,зеро лонааш сӯзонида  нашуд.

   Шаробро дар саросари дунё ҳеҷ кас манъ  накардааст. Онро  чандин қарн пеш  нӯшиданду имрӯз низ ва фардо  ҳам, аммо алайҳи шароби пастсифат бояд мубориза бурд  ва решаашро  бояд сӯзонид,аммо  на  ба тавре ки имрӯз ин мубориза  ҷараён  дорад.

Лутфишоҳи ДОДО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *