Чаро СИМКОРТ ҷойи РӮЗНОМАРО гирифт?

Чаро дар Душанбе дӯконҳое, ки дар истгоҳҳо барои рӯзномафурӯшӣ ихтисос дода шуда буданд, ба марказҳои симкортфурӯшӣ табдил ёфтанд.

317 ҳазор сомонӣ барои як истгоҳ

Зиёда аз се сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони истгоҳҳои наву замонавии нақлиёти ҷамъиятӣ  идома ёфта истодааст. Истгоҳҳои мазкур дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт ва рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

Аз Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мо хабар доданд, ки давоми 3 сол дар шаҳри Душанбе 63 истгоҳи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин онҳо гуфтанд, ки аз ин 63 истгоҳи замонавӣ 35 — тояш дӯкондор ва 28 — тояш бедӯкон ҳастанд. Маблағи сарфшуда ба як истгоҳи дӯкондор 317 ҳазор сомонӣ ва ба як истгоҳи бедӯкон 224 ҳазор сомонӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки Муассисаи давлатии раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе ҳам ба сохтмони истгоҳҳо дар Душанбе машғул аст. 

Чаро зарарро аз фоида фарқ намекунем?

Тавре дар боло ишора кардем, як қисм истгоҳҳои Душанбе дар дохили худ дӯкон доранд. Ва табиист, ки фаъолияти дӯконҳо боис мегардад, ки дар пойтахт чандин нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ бошанд ва ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат намоянд. Яъне, метавон гуфт, ки аз ҳар ҷиҳат, ҳам барои ободию гулгулшукуфоии шаҳри Душанбе ва ҳам барои мардум кор кардани ин дӯконҳо аз фоида холӣ нест.

Дар ибтидо дар ин дӯконҳо асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ва рӯзномаву маҷалла фурӯхта мешуд. Вале соли гузашта якуякбора фаъолияти дӯконҳои истгоҳҳои “Боғи устод Рӯдакӣ”, “Домпечат”, “Сафина”, “Иттифоқи нависандагон” ва “Маркази савдои “Тоҷикистон” қатъ шуданд.

Ҳамон замон шаҳрдорӣ далели баста шудани дӯконҳоро чунин шарҳ дода буд: “Дӯконҳои истгоҳҳои нав аз комиссияи қабул нагузаштаанд ва барои ҳамин аз фаъолият бозмонда шуданд”.

Ба суоли мо ки чаро як муддат бе гузаштан аз комиссияи фаъолият карданд касе посух надод. 

6 миллион кам, 15-20 зиёд!

Пас аз муддате, фаъолияти дӯконҳо дубора оғоз шуд, вале ин даъфа на ба сифати рӯзномафурӯшӣ, балки ҳамчун маркази хизматрасонии ширкати  мобилии Tcell. Ин дар ҳолест, ки дар маркази шаҳри Душанбе, аз маҳаллаи ба ном “Водонасос” то майдони марказӣ – ҳайкали Исмоили Сомонӣ як нуктаи рӯзномафурӯшӣ ҳам нест.

Феълан дар пойтахт даҳҳо маркази хизматрасонӣ мавҷуд аст ва зарурати гирифтани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ набуд.

Бо вуҷуди он ки даромади китобу рӯзнома  чандин маротиба камтар аз симкорт аст, вале ҷомеаи мо феълан ба китобу рӯзнома ниёз дорад.   

Ахиран Хадамоти алоқа хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6 миллиону 892 ҳазору 222 адад расидааст. Тасаввур кунед, 6 892 222 адад симкорт дорем, вале матбуоти фаъол 15-20 дона. Ба иҷора додани дӯконҳои истгоҳҳо маънои боз ҳам коҳиш додани теъдоди рӯзномаҳо ва рӯзномахонҳоро дорад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *