Чаро тӯйи Ралик дар Макка барпо нашуд?
Рамазон Муродов, ки дар рэпи тоҷикӣ бо тахаллуси Ралик маъруф буду чанде пеш Хонаи Худоро зиёрат карда омад, дар ютубканали шахсиаш наворе нашр карда, доир ба нофаҳмиҳои зиёди ҳаводорон ва навгонии ҳаёташ маълумот дод.
Нахуст, Рамазон Муродов дар мавриди Ҳаҷ рафтанаш чунин мегӯяд:
— Дар фикри ман рафтан ба Хонаи Худо набуд, аммо ҳамин хел шуд, ки бо хости Худо роҳамон боз шуд ва рафтем. Ҳиссиёти аҷиб аст. Инро ҳамон нафароне медонанд, ки рафтаанд. Вақте ки Каъбаро мебинӣ, зиёрат мекунӣ, мисли кӯдаки навзод мешавӣ.
Ҳамчунин, собиқ рэпсаро дар бораи барпо нашудани тӯйи арӯсиаш дар Макка мегӯяд, ки дар ҳақиқат тасмим дошт дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри мазкур тӯяшро гузаронад. Вале бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво ва гарон шудани арзиши хизматрасонӣ дар макони муайяншуда, ба ин нақшааш нарасид ва маросими хурсандиашро дар Душанбе гузаронидааст.
Рамазон Муродов доир ба тиҷораташ дар “Инстаграм” чунин мегӯяд:
— Пеш аз сафари Ҳаҷ ба Хитой рафта будам ва он ҷо аз ҷониби як бародар идеяи ташкили мағозаи интернетӣ пешниҳод шуд. Чун ман рэпсароиро бас карданӣ будам, ин фикрро қабул кардам ва ҳоло оилавӣ тиҷоратамонро пеш бурда истодаем.
Дар охир ӯ мегӯяд, ки дигар ба рэп баргаштанӣ нест ва пурра ба тиҷорат ва корҳои блогерӣ машғул мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ