Чаро таксиронҳо дар Душанбе таҳлука доранд?

“Дар шаҳри Душанбе кормандони БДА рақами таксиҳоро мегиранд”, “Мошинҳои бароришашон то соли 2016 дигар ҳақи мусофиркашонӣ надоранд”. То кадом андоза ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд? Хабарнигори “Тоҷикистон” барои дарёфти ҳақиқат роҳи БДА-и шаҳрро пеш гирифт.

Қабл аз ҳама барои аниқ кардани воқеият барои рафтан ба БДА фармоиш додем. Баъд аз панҷ дақиқа таксӣ ҳозир шуд. Раҳораҳ бо ронанда суҳбат доштем. Ӯ ором буд. Ӯ изҳор кард, ки субҳи имрӯз дар шаҳр мошинҳои мусофиркаши зард, ки ба ин ё он ширкати мусофиркашӣ тааллуқ доранд, хеле кам буданд. Баъзан мошинҳои мусофиркаши берақам низ ба назар мерасиданд.

Ронандае мегӯяд, ки мошинҳои барориши то соли 2016-ро дигар барои мусофиркашӣ иҷозат намедиҳанд. Барои донистани асли воқеа мо бо ширкати “Рахш таксӣ” иртибот гирифтем. Як масъули ширкат гуфт, ки то ҳол аз ин иқдом ва омилҳои рейд огоҳ нестанд.

Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА

Дар шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар шаҳри Душанбе Бахтиёр Вайсзода, сардори ин шуъба бо мо ҳамсуҳбат шуд. Зимни суҳбат ӯ изҳор дошт, ки амалиёти мақсаднок ва боздошти таксиҳои мусофирбар ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии онҳост.

“Имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 3600 квота муқаррар шудааст. Аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизтматрасонӣ ба мардум зам кардаанд. Яъне, теъдод ба 4100 адад бояд мерасид. Ин теъдоди барои хизматрасонӣ дар пойтахт кифоя мебошад. Вале ҳоло зиёда аз 6000 мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд. Ҳар кадоме кӯшиш мекунанд, ки барои гирифтани мусофир аз якдигар пеш гузаранд, дар ҷойҳои номувофиқ мусофир мегиранд ё мефароранд. Ҳатто, дар қатори дуюм ё дар истгоҳҳо истода, ба ҳаракати автобусу троллейбус монеаи ҳаракат пеш меоранд. Дар натиҷа боиси садамаҳои нақлиётӣ ҳам мегарданд. Чандин ҳодисаи нақлиётӣ бо айби ронандагони ҷамъиятҳои мусофиркаш рух додааст. Дар давоми ду рӯзи охир кормандони БДА беш 200 таксиро, ки марбут ба ширкатҳои мусофиркаш ҳастанд, боздошт намудаанд. Ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯ нестанд”,- изҳор дошт номбурда.

Ҳаракати таксиҳо дар шаҳр ҳолатеро мемонад, ки замоне тангемҳо ба амал оварда буданд.

Ба таъкиди Вайсзода, баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016, ки имрӯз миёни ронандагон ҳар гуна ҳангомаро ба миён овардааст, асоси воқеӣ надорад. Баръакс, ширкатҳои хизматрасони мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад.

Масъулини БДА ба ин назаранд, ки ҷамъиятҳои мусофиркаш ҳам вазифадоранд ҳангоми бастани шартнома ҷиддӣ муносибат кунанд ва ҳаракати минбаъдаи мошинҳои мусофиркаш, аз ҷумла ҳолати техникӣ, тозагиро таҳти назорат гиранд.

Суоле ба миён меояд, ки агар дар ширкатҳо лимити муайяни қабули мошинҳои мусофиркаш қабул шуда бошад, пас чаро онҳо аз меъёр зиёд қабул мекунанд? Имрӯз бо мошинҳое низ рӯ ба рӯ мешавем, ки берун аз ҳудуди Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо дар Душанбе фаъолият мекунанд. Дар бештари ин мошинҳо ҳолатҳои тозагӣ риоя намешавад. Пас, назорату масъулияти онҳо ба дӯши кӣ бошад?

Усмон РАҲИМЗОДА

P.S. Бо чунин мазмун ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ муроҷиатномаҳо ворид гаштанд. Муаллифони онҳо шикоят пеш меоранд, ки ронандаҳо бо мусофирон дағалона рафтор мекунанд, мошинро бо суръати тез меронанд. Ин ҳолат набояд дер давом мекард. Ширкатҳое, ки ронанда ба кор мегиранд, бояд қабл аз ба кор гирифтан таксиронҳоро аз тест гузаронанд, ахлоқи онҳо, гузаштаи онҳоро санҷанд, бо онҳо пайваста суҳбат ороянд, маданияти муоширатро бо мусофирон омӯзонанд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки шаҳр дарвоза дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *