Чаро Толиб сари хоҳарашро бо ҷоду аз танаш ҷудо кард?

Моҷарои тани бе сар

Толибҷон Ашӯрматов, сокини деҳаи ӯзбекнишини Уяс (Парчаюз) -и Истаравшан рӯзи 28-уми ноябр сари хоҳараш Орзугулро бо ҷоду аз тан ҷудо кард. Тани бе сари   Орзугулро рӯзи 11 декабр, баъди 15 рӯзи кушта шуданаш аз сойи Зарринрӯд ёфтанд, сари ӯро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Як ҷинояту сад гумон

Куштори бераҳмонаи ин духтари 17-сола, ки дар синфи 11-и мактаби №42 таҳсил мекард, на танҳо барои сокинони Истаравшан, балки баҳри тамоми мардуми Вилояти Суғд пурдаҳшаттарин ҳодиса дар соли 2018 гашт. Сару садоҳо дар бораи куштори ваҳшатзои хоҳар бо дасти бародар хеле зиёданд. Яке дар ҳаққи мурда бадгӯӣ карда, ҳадс мезанад, ки духтарак бо марди бегонае аз хона гурехта, обрӯи волидонашро резондааст ва бародараш сари нангу  номус омада, даст ба қатли хоҳар задааст, дигарӣ гиребони тавба медорад, ки наход кас сари фарзанди падарашро бо чунин ваҳшоният аз тан ҷудо намояд. Саввумӣ волидонро гунаҳкор месозад, ки ба тарбияи фарзандонашон аҳамияти дуруст надода, пеши роҳи ин фоҷиаро нагирифтаанд, чаҳорумӣ ин ҳамаро аз қазову қадар дониста “тақдиру насибаш ҳамин будааст” мегӯяд…

Барои фаҳмидани сабабҳои сар задани ин фоҷиа, мо роҳи макони ин ҳодисаи боварнакарданиро пеш гирифтем.

“Миш-миш пресс” чӣ мегӯяд?

Дар Истаравшан овозаю ҳангомаҳо дар бораи ин ҳодисаи даҳшатангез хеле зиёданд. Ба гуфти мардуми ғайбатчӣ Орзугул як моҳ пеш ба мактаб меравам гуфта, бе ному нишон ғайб зада будааст. Волидон ва хешу табораш аз гум шудани духтари қадрас ҷигархун шуда, худро ба сад дар мезананд, вале дар ягон ҷо аз Орзугули 17-сола ному нишоне намеёбанд. Дар ин миён дар байни мардум овоза паҳн мешавад, ки духтар ошиқ доштааст ва аз хона гурехта, бо ҳамон дӯстдоштааш ба шаҳри Хуҷанд рафтааст, вале баъди як моҳ Орзугул бо пойи худаш ба хонаашон бармегардад. Бародараш бо ғазаб ин қадар вақт дар куҷо будани ӯро пурсон мешавад, аммо духтар ба ҷойи узрхоҳӣ намудан “ба шумоён даркор набошам, худамро ба дор меовезам” гӯён, ба оғил меравад. Толиб аз паси хоҳараш ба оғилхона даромада, дар ҳамон ҷо сари Орзугули 17-соларо бо ҷоду аз танаш ҷудо мекунад…

Барои фаҳмидани он ки ғайбати мардум то куҷо асос дорад, сароғоз мо бо модари марҳум ҳамсуҳбат гаштем.

Ойсанам Душабоева, модари Орзугул:

Духтарам ба мактаб рафту бедарак шуд…

-Сабаби аз хона баромада рафтани духтаратонро шумо ҳамчун модар чӣ гуна шарҳ медиҳед? Орзугул бо касе ҷангу ҷанҷол карда, қаҳр карда рафта буд ё….?

-Ягон хел ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозира нашудааст. Ҳамон саҳари 27-уми октябр духтарам мисли ҳамеша барвақт аз хобаш хеста, ҳавлиро рӯфт ва ноништа тайёр кард. Аҳли оила сарҷамъ нишаста субҳонаро хӯрдем. Орзугул либосҳои мактабиашро пӯшиду сумкаашро гирифта ба мактаб рафт, мо бошем ба саҳро токзанӣ рафтем. Нисфирӯзӣ  хастаю лакот ба хона омада, хӯроки нисфирӯзиро хӯрдем, вале вақти аз мактаб баргаштани духтарам шуда бошад ҳам, аз вай дарак набуд. Дидам, ки соат қариб дуи рӯз шудааст, ба хонаи ҳамсоя даромадам, то аз духтараш, ки ҳамсинфи духтарам буд, пурсам, ки Орзугул чаро дер карда истодааст. Вақте ки духтарамро пурсон шудем, ҳамсоядухтар китф дарҳам кашида гуфт, ки Орзугул имрӯз аслан дар мактаб набуд. Инро шунидаму гӯё як сатил оби сардро аз сарам рехта бошанд, сар то поямро ларза гирифт…

-Чаро? Магар аз касе ё чизе ҳарос доштед?

Орзугул духтари сабукпо ва дугонабоз набуд, барои ҳамин вақте дар мактаб набуданашро фаҳмидам, сахт ба ташвиш афтодам, ки мабодо бо ӯ ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад. Ба хона омада ба акояш ва падараш гуфтам, ки аз афти кор чӣ нотинҷӣ шудааст, ки 3 соат боз аз  Орзугул дарак нест. Ба мактаб рафтем, роҳбари  синфашон-муаллима Қаюмова гуфт, ки духтаратон имрӯз тамоман дар дарс набуд, гумон кардем, ки бемор шудааст. Ин гапи муаллимаро шунида, дар диламон оташ рехт ва хешу таборро аз ғайб задани Орзугул хабардор намуда, ҳамакаса ба кофтукови духтарам сар кардем.

-Орзугулро кай ва аз куҷо ёфтед?

-Бовар кунед, муддати ду ҳафта аз ҷустуҷӯ дар поямон мадор намонд, вале аз ягон ҷо даракашро наёфтем. Азбаски дар бисотам ҳамагӣ се фарзанд доштам, ғайб задани духтарам ҷигари маро пора-пора кард, дигар на шаб хоб доштаму на рӯз орому қарор. Духтари калониам Гулмираро ба шавҳар дода, писарамро хонадор намудам, вале бахт ба рӯяш нахандида, занаш баромада рафт. Орзу доштам, ки тезтар духтари кенҷагиам мактабро хатм кунад ва ӯро низ ба хонаи бахташ гусел намуда, орзую ормон шиканам, вале Орзугул мегуфт, ки аяҷон, баъди хатми мактаб ман хонда, маълумотӣ олӣ мегирам, чевариро меомӯзам, баъд шавҳар мекунам. Дар ҳамон рӯзҳои бедарак шуданаш бо дили пурхун худ ба худ мегуфтам, ки эҳтимол духтарамро мошин зада бошад ё касе дар ягон ҷо кушта партофту орзуҳояш поймоли хазон гаштанд, вале баъди як моҳ Орзугул бо пойи худаш ба хона баргашт…

-Чаро ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, ки хоҳараш зиндаву саломат ба хона баргаштааст, писаратон даст ба ин ҷинояти вазнин зад?

-Гулмираро ба шавҳар додем ва пас аз он соле ба ягона писарам Толибҷон зан кардем. Мутаассифона бахташ нахандид ва баъди соҳиби як фарзанд шудан оилааш пош хӯрд. Имсол ният доштем, ки ба писаракам ки қотили хоҳар гаштаю дар СИЗО нишастааст, зани дигар кунем. Кӣ медонад фалокати дар пешонияш навишташударо?

Орзугул дар ҳамаи кору бори хона қобил буд ва то дами вақти мактаб шудан тамоми корҳои хонаро мекард, ҳавлиҳоро об зада мерӯфт ва баъд мактаб мерафт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ғайбатчиҳо ҳар хел овозаҳои бардурӯғ бофта, асабҳои бе ин ҳам аз ғами фарзанди гумном харобгаштаи моро бештар хароб мекарданд. Умедамон аз зинда ёфтани духтарам тамоман канда будем, вале баъди як моҳ Орзугул бо пойи худаш ба хона баргашт. Кошкӣ ба хона намеомаду вале зинда мемонд…

Модари ҷигарсӯхтаи Орзугул тоби ба ёд овардани он рӯзи ваҳшатзоро накарда, инони гиряро сар дод ва мо маҷбур шудем, ки суҳбатро бо тағои марҳум идома диҳем.

Расул Душабоев, тағои Орзугул:

Хоҳарашро тарсонданӣ буд, вале…

Расул Душабоев, тағои марҳум Орзугул мегӯяд, аз рӯзе, ки ҷиянаш бе ному нишон ғайб зад, на танҳо вай, балки ҳама аҳли авлод ғамшарики ин оила буданд ва бо навбат ба хонаи апааш омада, онҳоро тасаллӣ медоданд. Ба гуфти ин мард ҷиянаш Толибҷон аслан инсони золим набуд, вале ҳамон рӯзи наҳс гапгардонии хоҳараш ба асаби дар тули як моҳи кофтукоб харобгаштаи ҷавон нохун зада, ӯро сахт ба ғазаб овардааст. Расул Душабоев чунин қисса мекунад:

-Вақте ки хоҳари як моҳ боз гумномаш бо пойи худаш аз дар медарояд,  ӯ ба ғазаб омада мепурсад, ки то ин вақт ту дар куҷо будӣ? Ин чӣ кори кардаат буд, ки моро шармандаю шармсор кардӣ? Орзугули раҳматӣ ба ҷои узр хостану сар хам кардан ба рӯи акояш гапгардонӣ мекунад, ки ба шумо даркор набошам, худамро мекушам. Вай инро гуфта, ба шаст ба сӯйи оғил меравад. Толибҷон аз паси хоҳараш меравад, ки мабодо дар сари ҷаҳл худашро ягон кору ҳол накунад, вале дар молхона низ байни акаю хоҳар баҳсу мунозира мехезад ва хоҳараш ба ӯ гапҳои қабеҳ мезанад. Оташи ғазаби Толибҷон дучанд баланд шуда, бо нияти ҷазо додани хоҳараш даҳони Орзугулро мебандад. Аз рӯйи гуфти худи Толибҷон даҳони хоҳарашро баста, вай танҳо ӯро тарсондан мехостааст, вале духтар нафасгир шуда, аз дасту по задан мемонад. Мурдани хоҳарашро дида, Толиб худашро гум мекунад ва аз тарси он ки ин сир фош нашавад, сари Орзугулро бо ҷоду аз танаш ҷудо мекунад…

Шоҳиди асосии ин ҳодисаи ваҳшатзо Баҳодур Ашӯрқулов  ба маркази шаҳр рафта будааст. Мо баргаштани падари хонадонро интизорӣ кашидем, то аз ҷузъиёти дигари ин куштори гӯшношунид огоҳ шавем. Ашӯрқулов нимаи дуюми рӯз бо рангу рӯи кандагӣ аз дар даромад…

Баҳодур Ашӯрқулов, падари Орзугул:

Сари аз тан ҷудои духтарамро дидаму…

Журналист будани моро фаҳмида, падари марҳум оҳи сард кашида гуфт:

-Аз рӯзе, ки ин ҳодисаи нохуш рӯй дод, аз дар баромада наметавонам. Нигоҳи мардум, саволҳои бемаврид ва ангушти ишорат сӯи ман дароз карданашон ба болои захми дили сӯхтаам намакоб мепошад. Танҳо ба аёдати модари пирам мераваму халос. Ин ҳам аз маҷбурӣ. Ҳамин рӯз ҳам дар нақлиёт чанд бор ба гӯшам садои “ана ҳамин одам” гуфтани мусофирон расид, вале гӯшамро ба карӣ задам. Тақдиру насиб ҳамин будааст, чӣ чора?

-Мегӯянд, ки шоҳиди асосии ин ҳодисаи ваҳшатангез шумоед. Чапро пеши роҳи писаратонро нагирифтед?

Вақте ки ман ба оғил даромадам, аллакай кор аз кор гузашта буд.

-Ба кадом маънӣ?

-Сари духтарам аллакай аз тан ҷудою писарам бо либосҳои пури хун дарақ-дарақ меларзид. Аз тарс дод гуфтам, ки ин чӣ кори кардаат буд? Хоҳаратро куштӣ! Писарам гап зада наметавонист, танҳо меларзиду ашк мерехт. Дидам, ки кор аз кор гузаштааст, ба хотири ба кунҷи зиндон наафтидани писари ягонаам ҷинояти содиркардаи ӯро рӯпӯш карданӣ шудам. Ҷасади духтарамро ба палаткаи коҳбардорӣ печонда, ба қафои мошин бор кардем ва аз хона баровардем. Дидем, ки мавзеи сой ҷойи хилват аст, оҳиста ҷасадро партофтему ба хона баргаштем. Ҷодуро ба хлор шустем, либосҳои Орзугулро сӯзонида нобуд кардем, вале дилам гувоҳӣ медод, ки ин сир пинҳон намемонад…

-Шумо ба Орзугул бегона не, падараш ҳастед, чӣ хел дилатон шуд, ки ҷасади духтаратонро ба сой партоед? Магар виҷдонатон азоб надод?

Виҷдонам албатта азоб медод, вале ман байни дуроҳаи қисмат монда, чӣ кор карданамро намедонистам. Медонистам, ки агар ин сирро ошкор кунам, ҳаёти писарам месӯзад, ошкор накунам, худам аз дарду ғам девона мешавам. Дар муддати як ҳафта, то ёфт шудани ҷасад ҳоли маро фақат Худованд медонисту худам. Духтарамро аз даст додам, дилам гувоҳӣ медод, ки як рӯз не, як рӯз ин сири даҳшатнок фош мешавад ва писарамро низ зиндон мекунанду мо танҳову зор мемонем. Тарсу ҳарос чашми ақли маро кӯр карда буд…

Телефони бе симкорт?!

Волидони Орзугул мегӯянд духтарашон бо ягон кас муносибатҳои ошиқона надошт ва духтари телефонбоз низ набуд. Аз рӯйи гуфти модараш бародараш ба Орзугули ноком телефон туҳфа карда будааст, вале он симкорт надошт ва духтарак танҳо мусиқӣ гӯш мекарду халос.

Саволҳои бе ҷавоб

Чаро духтари 17- сола “ба мактаб меравам” гӯён, як моҳ бедарак шуд? Дар ин муддат Орзугул куҷо буд? Байни хоҳару бародар дар оғил чӣ гуфтугузор ва моҷаро гузашт, ки Толиб сари Орзугулро бо ҷоду аз танаш ҷудо кард? Мо ба ин саволҳо ҷавоб наёфтем, вале умедворем, ки дар рафти тафтишот парда аз рӯйи ин ҷинояти мудҳиш бардошта мешавад.

Хонандагони азиз! Мехоҳед донед, ки фарзияи ҳамроҳи касе ба шаҳри Хуҷанд гурехтани Орзугули 17-сола, асос дорад ё не? Кист он марди булҳавас, ки духтари ҷавони бетаҷрибаро аз роҳ баровард? Оё касе, ки дар ғайб задани Орзугул даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?  Тақдири падаре, ки ба хотири рӯйпӯш намудани ҷинояти писараш, тани бе сари духтарашро бо дасти худаш бурда ба сой партофт, минбаъд чӣ мешавад? Сари аз тан ҷудои ин духтари ноком куҷо шуд? Бародари хоҳаркуш чӣ мегӯяд ва ӯро чӣ ҷазои сангине интизор аст?

Пас, шумораҳои минбаъдаи “Оила”-ро интизор шавед! Пас аз содир гаштани ҳукми суд мо ба ин мавзӯи дарднок баргашта, шуморо бо ҷузъиётҳои дигари ин куштори ваҳшатнок ва тақдири минбаъдаи қаҳрамонҳои ин детективи зинда огоҳ месозем. Бо “Оила” бимонед!

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Истаравшан(Уяс)-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *