Чаро зану марди солим фарзанддор намешаванд?

Орзуи ҳар нафаре, ки ба таги чодари арӯсӣ медарояд, зиндагии ширин ба сар бурда, соҳиби фарзандони дӯстрӯяк гаштан аст. Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, вале баъзан ин меваи умр ва неъмати худованд на ба ҳар кас насиб мегардад…

Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳам зану ҳам мард солим ҳастанд, вале бе ягон сабаб соҳиби фарзанд шуда наметавонанд. Чаро чунин мешавад?

Дар илми тиб ин ҳолатро номутобиқатӣ барои ҳомиладоршавӣ меноманд. Намудҳои зерини номутобиқатӣ вуҷуд дорад: иммуннологӣ — аз рӯйи гурӯҳ/резуси хун ва ирсӣ — тавлиди кӯдакон бо синдроми Дауна ё дигар намуди маъюбӣ аз волидони солим.

 Сабабҳои номутобиқатии мард ва зан

Шумораи зану шавҳарони бефарзанд сол ба сол дар ҷаҳон зиёд мешавад. Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, аксаран дар ҳолатҳое, ки зану шавҳари солим бе ягон сабаб соҳиби фарзанд намешаванд, табибон ба ин ҷуфт диагнози «Безурриётии иммунологӣ» мегузоранд.

Безурриётии иммунологӣ чӣ гуна беморист?

Баъзан чунин мешавад, ки системаи муҳофизатии организми зан антителаҳоеро хориҷ мекунад, ки тухмҳуҷайраҳои мардро нобуд месозанд. Тавре тадқиқотҳои охир нишон медиҳанд, тақрибан 30 фисади ҳодисаҳои безурриётиро сабаб маҳз ҳамин чиз аст. Гап сари як намуди аллергия меравад, ки бештар аз нутфаи мард пайдо мешавад, вале он метавонад ҳам дар организми зан пайдо шаваду ҳам дар мард.

«Аллергия» аз чӣ пайдо мешавад?

Саволе ба миён меояд, ки ин намуди «аллергия» аз чӣ пайдо мешавад? Яке аз сабабҳои пайдоиши он метавонад инфексияҳои тавассути узвҳои ҷинсӣ гузаранда бошад, вале сабаби асосӣ дар реаксияи иммунологии организми зан ба нутфаи мард аст. Ба ин асосан ҳолати руҳӣ ва майнаи сар мусоидат мекунанд, ки ба механизмҳои ҳасоси организм таъсир мерасонанд. Шумораи муайяни ин антителаҳо дар организми зан сабабгори сарторикӣ, бачапартоии ногаҳонӣ ва ё инкишофи сусти ҷанин мегарданд. Аз ин хотир бояд аз ташхиси мутобиқати иммунологӣ ҳам зан гузарад ва ҳам шавҳар.

 Вақте ки хун исён мекунад….

Зану шавҳар дербоз оиладор бошанду ҳеҷ соҳиби фарзанд шуда натавонанд, аз ташхиси мутобиқат гузаштанашон ҳатмист. Барои ин бояд хун супорида, аз ташхисҳои дигаре, ки табиб муайян мекунад,  якҷоя гузаранд.

Барои ҳомиладоршавӣ зану шавҳар бояд резус-фактори якхелаи хун— мусбӣ ё манфӣ дошта бошанд. Рафту резус-факторҳо гуногун бошанд, мушкилӣ на танҳо дар бордоршавии зан, балки дар сурати ҳомиладор шудан ва ҳатто баъди тавлиди фарзанд низ ба миён омада метавонад. Зану шавҳар резус-факторҳои гуногун дошта бошанд, қабл аз ҳомиладоршавӣ бояд аз табобати махсус гузаранд, то ки организми зан ҷанинро қабул намояд. Дар зану шавҳарони гурӯҳи хунашон якхела, вале резус-факторҳои гуногун низ имкони номутобиқатии ҳомиладоршавӣ зиёд аст. Дар чунин оилаҳо фарзанди аввал сари вақт ва солим ба дунё биёяд ҳам, зимни ҳомиладориҳои баъдина ҳар хел мушкилиҳо пайдо шуда метавонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  кӯдаки солим дар оилаҳое таваллуд мешавад, ки гурӯҳи хуни падар аз хуни модар баландтар бошад.

Навмед нашавед!

Дар ҳолати номутобиқатии зану мард равшан гаштан низ ба ҳеҷ ваҷҳ ба яъсу ноумедӣ афтидан лозим нест. Фаромӯш насозед, ки тиби муосир пайваста рушд мекунад ва занҳо имкониятҳои нав ба нави ҳомиладор шудану фарзанди солим ба дунё оварданро пайдо карда истодаанд. Муҳимаш он ки аст, ки зану шавҳар ҳамдигарро дӯст доранд ва азиз доранд, дигар мушкиле нест, ки осон нашавад!

 Таҳияи Нодира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *