Чаро Ӯзбекистон ҳа, Тоҷикистон не
Сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Россия ҳосили боғеро мемонад, ки амборҳоро пурбор месозад. Ин сафар нишони он аст, ки гурӯҳҳои корӣ ва экспертҳои Ӯзбекистон барои сафари президенташон хуб омодагӣ гирифтаанд. Мо баъзан чашми ҳайрат боз мекунем, ки Россия бо Тоҷикистон тӯли ин қадар солҳо ба ин андоза созишномаҳо ба имзо нарасонид. Президентҳо имзо мегузоранд, аммо гурӯҳҳои корӣ, вазоратҳо бо назардошти манфиатҳои давлатиашон чунон ҳуҷҷатҳое бояд омода созанд, ки ба ҷуз имзо гузоштан роҳи дигаре вуҷуд надошта бошад. Вақто созишномаҳо мушаххас ҳастанд, куҷо ҷои гурез аз имзои онҳост. Мисоли ин 39 созишномаест, ки миёни Ӯзбекистон ва Россия ба имзо расид.Тӯли чанд моҳи охир бо суръат ба роҳ мондани ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя, билхоса Туркманистон, Қазоқистон ва Россия нишони он аст, ки ин кишвар аз нигоҳи иқтисодӣ фарсахҳо аз мо пеш меравад ва дар Осиёи Марказӣ мавқеи калидӣ пайдо мекунад. Вақти он расидааст, ки мо рӯ ба касбият орем.
(Шумо метавонед ба рӯи сарлавҳаи дар зер будаи матни русӣ пахш кунед ва бо рӯйхати созишномаҳо ошно гардед)
Рекордное число документов подписали лидеры Узбекистана и России
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ