Чашм ба роҳ: Хоҳаронам хонаамаро фурӯхтанду маро дар кӯча партофтанд

“Чашм ба роҳ” лоиҳаи ҷадиди сомонаи www.pressa.tj аст. Он аз сарнавишти инсон қисса мекунад, ки дар зиндагӣ танҳо мондаанд, наздиконашон онҳоро раҳо кардаву дар кӯи зиндагӣ партофтаанд.

«Чашм ба роҳ» лоиҳаест, ки инсонро ба андеша кардан, ба зиндагии худ нигаристан, ҳар қадамро санҷидан ва ба тақдири инсонҳо бетараф набудан… водор месозад. Нахустин матлаб таҳти ин ном пешкаши шумо мегардад. Видеои барномаи “Чашм ба роҳ”-ро ҳар ҳафта дар сомонаи  pressa.tj тамошо кунед.

Ҳар субҳи Рустам Наҷмиддинов бо қадамҳои холӣ, дили холӣ ва орзуву умедҳои шикаста оғоз мегардад. Барои зиндагии ӯ то назди дарвоза рафтан, дарвозаро боз кардан, нигоҳи интизорӣ кашидан, боз то ҷойгаҳи хоб омадан, хоб рафтану бархостан мисли як қоидаву қонуни нонавишта гаштаасту бас.  Аз наворҳо ва симои маъюси  ин нафар дарк мешавад, ки ӯ аз ҳамаи ин пир шудааст, аз ҳамаи ин дилгир шудааст. Вале барои аз ин ҳама раҳо гаштан мадори рафтан, сухан гуфтан надорад.

Рустам мегӯяд: «Дар оила фарзанди ягонаам. Ҳарчанд падару модарам аз оилаҳои аввалашон фарзанд доштанд, вале онҳо боре ҳам ба хабаргириашон наомада буданд.

Ин рафтори фарзандонашон ба ман хеле сахт мерасид, ки барои чӣ духтарони модарам ё ин ки фарзандони падарам боре ҳам аз ҳолу аҳволашон бохабар намешаванд. Ба худ қавл дода будам, ки онҳоро сари мурдаии волидонам ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳам.»

Рустам каме оҳ кашида, суханашро идома дод:

«Соли 2015 вақте ман дар шаҳри Новороссийск кор мекардам, дар пойҳоям дардро эҳсос кардам. Вале фикр мекардам, ки аз кори зиёд шояд пойҳоям дард мекунанд. Дигар аҳамият ҳам надодам. Аммо рӯз аз рӯз ин дард зиёд шуда, пойи ростам кам — кам мелангид.

Як рӯз ин ҳоли маро раисам дида пурсид:

-Рустам, барои чӣ поят мелангад?

Худам ҳайрон шуда ҷавоб додам, ки чӣ қадар шуд ҳолам ҳамин аст, вале сабабашро намедонам.

Раисам зуд маро ба беморхона бурд. Баъди аз ташхис гузаштан духтурон гуфтанд, ки пойҳоям буғумҳояш шикастаасту номи бемориам “Коксартроз” аст.

Ғайр аз ҷарроҳӣ дигар ҳеҷ чиз ба ман ёрӣ расонида наметавонад. Маблағи ҷарроҳӣ хеле гарон асту ман ин қадар маблағро надоштам.

Ночор ба Ватан баргаштам, ба умеде ки шояд ягон шиносҳоям ёрӣ расонанд, вале…

-Вақте ба Тоҷикистон баргаштед дарро ба рӯятон кӣ боз кард?

-Тамоман дар фикрам ҳам набуд, ки хонаамро шахси дигаре метавонад соҳиб шавад. Вале вақте баргаштам, аллакай дар он ҷо шахсони бегона зиндагӣ мекарданд. Ман ҳамаи ҳуҷҷатҳомро ба онҳо нишон додам. Онҳо дар ҷавоб ҳуҷҷатҳои худашонро нишон дода гуфтанд, ки хонаро харидаанд.

Дар Тоҷикистон ягон хешу табор надоштам, ки ба хонаашон равам. Ночор ба хонаи чанд нафар дӯстонам рафтам, вале ҳамаашон рад карданду баҳонаи надоштани шароит ё тангии хонаашонро карданд.

Маҷбур шудам ба маҳаллаи “Маяковский” , ки маҳз дар ҳамон ҷой хонаи худамон буд, равам. Аз партовгоҳаш як гилемчаи куҳнаро ёфта, назди як бинои 9 — ошёна хоб мекардам. Дар 12 рӯзе, ки дар кӯча хоб будам, ҳама дӯстону шиносҳоям маро медидаанд. Вале рӯяшонро яктарафа карда, гузашта мерафтаанд…

-Ин қадар рӯзе, ки дар кӯча хоб будед, бисёртар дар бораи чӣ фикр мекардед?

— Ростӣ дар сарам фикрҳои безеб чарх мезаданд, мехостам худамро кушам, ба таги поезд партоям, лек пойи равон надоштам, ки ҳатто 100 метр роҳ равам…(гиря Рустамро гулӯгир кард)

Охир ман на оиладор ҳастаму на соҳиби фарзанд. Аз пойи равон мондам, боз хонаамро гирифтанд. Дигар аз ин дунё чӣ умед кунам. Худамро танҳои танҳо ҳис мекунам.

Ҳоло нав 45 — сола шудааму вале худамро мисли  70 — сола ҳис мекунам. Мариз ҳастаму нотавон…

Рустам Наҷмиддинов феълан дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе қарор дорад. Шароити будубош, хӯрду хӯрок ва нигоҳбониаш хуб аст, аммо танҳоиву бекасӣ ӯро азият медиҳад…

МУМТОЗ,

“Тоҷикистон”

Видеои матлаби мазкурро

дар ютюканали pressa.tj

тамошо кунед

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *