Чемпионати футбол байни занҳо оғоз мешавад
Мавсими нави чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона бо ширкати 10 даста рўзи 5-уми июн оғоз мешавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои занонаро баргузор кард. Дар мавсими нави лигаи занона дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дўстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кўлоб (МДМВ) ширкат мекунанд.
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон рўзи 5-уми июн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Дар маҷмуъ дастаҳо дар як мавсим 18 бозӣ хоҳанд кард.
Даври якум рўзи 5-уми июн бо бозии дастаҳои «Конибодом» (Конибодом) — «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дўстӣ) — «Суғд» (Суғд), «Ситора» (Шаҳринав) — «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар) — МДМВ (Кўлоб), «Бунҷикат» (Шаҳристон) — «Бешкент» (Носири Хусрав) баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ