Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 аввали моҳи апрел шуруъ мешавад

2-юми март қуръакашии тақвими бозиҳои Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 баргузор шуд. Дар мавсими 31-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон даҳ даста иштирок мекунанд.

Дастаҳои «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), Хуҷанд, Эсхата (ҳарду аз Хуҷанд), Истаравшан (Истаравшан), Хатлон (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) дастаҳое ҳастанд, ки дар қуръакашӣ ширкат карданд.

Мавсими нави Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 рӯзи 2-юми апрел оғоз шуда, дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар навбати аввал ҳамаи даҳ клуб дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ҳифз мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гуруҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум мубориза мебаранд. Панҷ дастаи дигар дар гуруҳи «В» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10 ва ҳифзи мавқеи худ дар Лигаи олӣ талош мекунанд ва ду дастаи охир ба Лигаи якум мераванд. Дар маҷмуъ, ҳар даста дар чемпионати имсола 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *