Чемпионати Осиё аз 19-уми апрел оғоз мешавад. Гӯштингирони тоҷик иштирок мекунанд

Шуруъ аз 19-уми апрели соли равон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин баргузор мегардад. Мусобиқа то 24-уми апрел идома мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW), барои иштирок дар чемпионат аз 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар — Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) муаррифӣ мекунанд.

— Чемпионати Осиё 19-уми апрел бо қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 21-22-юми апрел бонувон, 23-24-уми апрел гӯштингирони тарзи озод байни ҳам сабқат мекунанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *